Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав 22 тоҷикро 15-рӯзӣ ҳабс кард


Занозании 14 май дар қабристони Хованское
Занозании 14 май дар қабристони Хованское

Додгоҳи минтақаи Шербинскоеи шаҳри Маскав рӯзи 17 май 22 зодаи Тоҷикистонро ба далели ширкат дар занозании хунин дар оромгоҳи Хованское бо ҷурми майдаавбошӣ ва сарпечӣ аз амри пулис маҳкум ба 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ кард. Аз ин шумор 7 нафарро аз Русия ихроҷ ҳам мекунанд. Дар занозании рӯзи 14 май байни як гурӯҳи ҷиноӣ ва коргарони тоҷики қабристони Хованское се шаҳрванди Тоҷикистонкушта ва беш аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Илҳом Сайфуллоев, яке аз коргарони тоҷики оромгоҳи Хованское рӯзи 17 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин 22 мардикори тоҷик бо кӯмаки сафорати Тоҷикистон тавонистанд бо чунин як ҷазои, ба таъбири ӯ, “сабуктар” халос хӯранд, вагарна ба онҳо ихроҷ аз қаламрави Русия ҳам таҳдид мекард.

Пулиси Маскав то имрӯз дар робита ба ин қазия беш аз 160 нафар, аксаран зодагони Тоҷикистонро дастгир кардааст. Додгоҳҳои Русия қаблан ҳукми ҳабси 12 нафари гумонбар дар ташкили ин занозанӣ ва кушторро содир карданд. Дар байни онҳо аз ҷумла Юрий Чабуев – мудири собиқи оромгоҳ, Николай Мошенко – афсари собиқи пулиси Маскав ва намояндагони гурӯҳи ҷиноии зодагони Қафқоз ҳастанд.

Сӯҳбати Илҳом Сайфуллоевро инҷо гӯш кунед:

Шоҳид: Тоҷикҳоро мисли гунҷишк мепарронданд

XS
SM
MD
LG