Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Дасти муштзӯрҳои тоҷик дар ҳамла ба тоҷикони мардикор

Манобеи Радиои Озодӣ дар Маскав мегӯянд, ки дар пушти занозании хунини рӯзи 14 май дар қабристони Хованскоеи Маскав, ки мунҷар ба ҳалокати се тоҷик ва ҷароҳат бардоштани 26 тани дигар шуд, ду гурӯҳи зодагони Тоҷикистон истодаанд. Ба гуфтаи дастикам ду манбаи огоҳ аз ҷараёни ҳодисот, як гурӯҳи тоҷикҳо то занозании дирӯза чанд бор ба қабристони Хованское омада, аз мардикорони тоҷик “ҳақ” талаб кардаанд.

Яке аз кормандони ин қабристон рӯзи 15 май ба Озодӣ гуфт, баъде ки талаби ин муштзӯрҳо рад шуд, онҳо барои тасфияҳисоб чеченҳову доғистониҳоро ба ин моҷаро кашиданд.

Дар Хованское, бинои ба гуфтаи манобеи Озодӣ, ҳудуди 200 зодаи Тоҷикистон кор мекунанд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев рӯзи 15 май дар сӯҳбат бо Озодӣ шогирдони мактаби гуштии ӯ будани муштзӯрҳои дахил дар занозанӣ дар Хованскоеро рад кард.

Сӯҳбати Расул Боқиевро инҷо бишнавед:

Расул Боқиев: Ман ҳеҷ гоҳ ба сари тоҷики худам “одам” намебарам

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Гуфтугӯ бобати хатми ҷанг дар Украина дар Лондон баргузор нашуд

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико (байн) бо баъзе ҳамтоёнаш аз Аврупо. Порис, 17-уми апрели 2025
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико (байн) бо баъзе ҳамтоёнаш аз Аврупо. Порис, 17-уми апрели 2025

Гуфтугӯи мақомоти аврупоӣ ва украин бобати хатми ҷанг дар Украина, ки қарор буд 23-юми апрел дар Лондон баргузор шавад, бекор шудааст.

Ҳанӯз далели лағви ин нишаст маълум нест, вале рӯзи 21-уми апрел бори аввал аз оғози ҷанг Владимир Путин, президенти Русия гуфт, омодаи музокираи рӯ ба рӯ бо Украина аст.

Ин ҳарф замоне садо дод, ки Амрико фишорашро барои расидан ба сулҳ бештар кард ва мақомоти ин кишвар ҳушдор доданд, ки агар ду ҷониб ба сулҳ розӣ нашаванд, дигар миёнаравӣ намекунанд.

Путин дар суҳбат бо телевизиони давлатӣ гуфт, ба ҳамагуна музокира, аз ҷумла тамдиди оташбас омода аст ва аз Киев низ инро интизор аст.

Вашингтон гуфт, аз тамдиди оташбас истиқбол хоҳад кард.

Русия ва Украина бо пешниҳоди Иёлоти Муттаҳида эълон карда буданд, ки сӣ рӯз ба иншооти барқрасонӣ ва корхонаҳои тавлиди нафт ҳамла намекунанд. Ҳарду кишвар ҳамдигарро ба поймоли пешниҳоди Амрико айбдор карданд. Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки Путин нияти ҷиддии расидан ба сулҳро надорад ва ҷангро идома медиҳад.

Русия ва Украина расман дар моҳҳои аввали ҷанг бо ҳам гуфтушунид карданд, вале он бенатиҷа анҷом ёфт. Дигар мақомоти ду кишвар ҳеч гоҳ бо ҳам дидори мустақим надоштанд.

Доналд Трамп, президенти Амрико ва Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки агар ду кишвар ба сулҳ розӣ нашаванд, Амрико дигар миёнравӣ нахоҳад кард.

Ноиб-президенти Амрико Вэнс гуфт, кишвараш ба ҳарду тараф пешниҳоди дақиқ кардааст ва агар он қабул нашавад, Амрико аз бозӣ мебарояд.

Трамп рӯзи якшанбе гуфт, умедвор аст, ки ин ҳафта Русия ва Украина ба созише даст меёбанд.

Путин ба музокироти сулҳ омода будааст
лутфан мунтазир бошед
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Феълан кор намекунад

0:00 1:55 0:00
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Ҳамлаи маргбори як паҳподи Русия ба мусофирбаре дар Украина

Aftermath of a Russian drone attack in Kharkiv
Aftermath of a Russian drone attack in Kharkiv

Мақомоти Украина гуфтанд, ки як ҳавопаймои бесарнишини Русия ба мусофирбаре дар вилояти Днепропетровск бархӯрд ва камаш 9 касро кушт ва даҳҳо тани дигарро захмӣ кард. Ин автобус коргаронро мебурд.

Сергей Лисак, волии Днепротпетровск, рӯзи 23-юми апрел гуфт, "теъдоди қурбониён дар ҳоли афзоиш аст".

Ӯ илова кард, ки "кишвари таҷовузкор бо як ҳавопаймои бесарнишин автобуси коргаронро зад."

Нерӯҳои Русия дар ин рӯз зерсохти ғайринизомӣ дар гӯшаҳои дигари Украинаро низ ҳадаф қарор додаанд.

Бино ба гузоришҳо, дар шаҳрҳои Полтава ва Одессаи Украина дастикам панҷ кас захмӣ шуд.

Масъулони Хадамоти изтирорӣ ё ҳолатҳои фавқулодаи Украина гуфтанд, ки “биноҳои истиқоматӣ, фурӯшгоҳу анборҳо ва гаражҳо зарар диданд.”

Дар Харков, дувумин шаҳри бузурги Украина, низ сӯхторҳои густурда сар задааст.

Рухшона Ҳакимоваро аз Боздоштгоҳи Душанбе ба зиндони Норак бурдаанд

Акс аз "Хабарнигорони Бидуни Марз"
Акс аз "Хабарнигорони Бидуни Марз"

Рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро, ки дар доираи парвандаи маъруф ба “кӯшиши табаддулот” ба 8 сол зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 22-юми апрел ба зиндони занонаи шаҳри Норак бурдаанд. То ин муддат ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд.

Мақомот то кунун дар бораи ба зиндони Норак интиқол додани Рухшона Ҳакимова изҳори назар накардаанд. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 22-юми апрел аз манбаъҳои худ дар ин бора огоҳ шуданд.

Пас аз он ки Додгоҳи олӣ ҳукми Рухшона Ҳакимоваро бетағйир гузошт, вакили мудофеи рӯзноманигор гуфта буд, ки пас аз панҷ рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ӯро ба маҳбас интиқол хоҳанд дод.

Рухшона Ҳакимова ду фарзанди хурдсол дорад ва аз замони эълони ҳукм дар моҳи феврал, ки аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд, онҳоро надидааст.

Ду рӯз пештар, хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба наздикони ин рӯзноманигор хабар дод, ки мақомот наздик ба 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро мусодира кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Рухшона Ҳакимова солҳо ин маблағро барои хариди хона дар Душанбе ҷамъ карда буд ва дар ҳисоби бонкияш нигаҳ медошт ва баъди оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ба ҳабс гирифта шуда буд.

Ба ҷуз Рухшона Ҳакимова, ҳамчунин намояндагони Хадамоти иҷро пас аз 16-уми апрел ба мусодираи амволи чеҳраҳои дигари шинохта оғоз карданд, ки дар доираи парвандаи “кӯшиши табаддулот” ба зиндон маҳкум шудаанд.

То ин дам намояндагони Хадамоти иҷро барои мусодираи хонаҳо ва дороиҳои дигари Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ омадаанд.

Аммо наздикони ин афрод мегӯянд то кунун бастагонашон дар боздоштгоҳи муваққат ҳастанд ва ҳамарӯза барои онҳо хӯрок мебаранд. Мақомот дар бораи кай ба маҳбасҳо интиқол додани онҳо чизе намегӯянд.

Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи хароҷоти 183 миллион сомониро эълон кард

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон
Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи хароҷоти 183 миллион сомонӣ (17 миллион доллар)-ро эълон кардааст.

Ин пуле аст, ки ба гуфтаи мақомот, "аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷа дар соли 2025" ба даст меояд.

Қарори ҳукумат 16-уми апрел содир шуда, Радиои Озодӣ 23-юми апрел бо муҳтавои он шинос шуд.

Дар санад омадааст, аз 183 миллион сомонӣ 90 миллионаш барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" сарф мешавад.

Боқимонда 93 миллион сомонии дигар барои бунёди иншооти давлатӣ, аз ҷумла Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, меҳмонхона дар маркази ноҳияи Данғара, бинои сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон, бинои маъмурии Вазорати маориф ва илм, бинои маъмурии Вазорати фарҳанг ва бинои нави Вазорати адлия сарф мешудааст.

Имсол даромади буҷаи Тоҷикистон 49,6 миллиард сомонӣ (4,5 миллиард доллар) муқаррар шудааст. Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби пардохти молиёт (андоз) ва боҷҳои гумрукӣ пур мешавад.

Соҳибкорон борҳо аз гаронии молиёт шикоят карда буданд.

Зеленский: Киев ҳокимияти Русия бар Қримро эътироф намекунад

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Киев ҳокимияти Русия бар нимҷазираи Қримро эътироф намекунад, чун ин хилофи Конститутсияи Украина аст. Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский изҳори назар кард.

Зеленский дар нишасти хабарие, ки пеш аз мулоқот бо намояндагони Амрико ва Аврупо суҳбат мекард, гуфт, "ин ҳудуди мо, хоки мардуми Украина аст".

Ба гуфтаи раисҷумҳури Украина, баҳси мақоми Қрим ва минтақаҳои дигари ишғолшудаи Украина танҳо ҷангро ба дарозо мекашад.

Пештар манобеи The Washington Post хабар доданд, ки дар музокироти 23-юми апрел дар Лондон намояндагони Амрико ба Украина пешниҳод мекунанд, ки Қримро ҳамчун ҳудуди Русия эътироф карда, амалиёти ҷангиро поён диҳанд.

Пештар айни ин хабарро бунгоҳи Bloomberg ва нашрияи The Wall Street Journal нашр карда буданд. Қарор аст дар музокироти Лондон, намояндагони Украина, Амрико, Бритониё, Олмон ва Фаронса ширкат кунанд.

Президенти Амрико Доналд Трамп изҳори умед кардааст, ки Русия ва Украина дар муҳлатҳои наздик ба созиш мерасанд.

Муҳлати қонунӣ кардани санадҳо барои муҳоҷирон тамдид мешавад

Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия барои муҳоҷирон, ки то 30-юми апрел пешбинӣ шуда буд, метавонад то моҳи сентябр дароз шавад.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон баъд аз вохӯрии сафири ин кишвар бо намояндагони ҳукумати Русия хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, Игор Маслов, сардори яке аз раёсатҳои дастгоҳи президенти Русия ба сафири Қирғизистон гуфтааст, муҳлати қонунигардонии санадҳо дар ин кишвар то 10-уми сентябри соли 2025 тамдид карда хоҳад шуд.

Бар асоси фармони президент Владимир Путин, хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, фурсат доштанд то 30-юми апрел санадҳои худро дуруст кунанд ва ё аз ин кишвар берун шаванд.

Сабтином дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат аз шартҳои асосист.

Ҳамчунин, муҳоҷирон набояд аз пули телефону пардохти ҷарима ва хадамоти дигари давлатӣ қарздор бошанд.

Муҳоҷирон баъди ҳамла ба "Крокус" дар моҳи марти соли гузашта аз зиёд шудани рейди пулис ва сахтар шудани қонунҳои муҳоҷират шикоят доранд.

Путин чанд "қонуни саркӯбкунанда"-ро дар Русия имзо кард

Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 22-юми апрел ба чанд қонуни "саркӯбкунанда" дар ин кишвар имзо гузошт.

Бино ба тағйироти нав, дар қонунгузории Русия барои дурӯғпароканӣ ё маълумоти “фейк” дар бораи артиш ва даъват ба таҳрим алайҳи ин кишвар мусодираи молу амвол пешбинӣ шудааст.

Агар додгоҳ исбот кунад, ки ин кор супоришӣ буда, ё бо нияти бад анҷом шудааст, молу мулки ӯ гирифта мешавад. Бар асоси ислоҳи қонун барои “беобрӯ кардан” дигар на ҷавобгарии маъмурӣ, балки ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Ҳамчунин рӯйхати амалҳое, ки бар асоси он шаҳрвандон ва ширкатҳо “агенти хориҷӣ” эътироф мешуданд, бештар шуд. Аз ҷумла, барои “ёрӣ” ба созмонҳои байнулмилалӣ ва ниҳодҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ.

Шахсон ва созмонҳои ҳуқуқие, ки “агенти хориҷӣ” шинохта шудаанд, наметавонанд дар Русия фаъолияти омӯзишӣ ва иттилоотӣ пеш баранд. Агар муассисаи таълимӣ “агентӣ хориҷӣ” дониста шавад, фавран иҷозатномаи он бекор мешавад.

Тибқи тағйироти охир, ҳар касе, ки ба ҷинояти “зидди амнияти Русия” даст задааст, ҳатто агар дар хориҷ аст, ғоибона ҳукмаш эълон хоҳад шуд.

Барои хабар надодан дар бораи “омодагӣ ба тахрибкорӣ” акнун то як сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Мансаби ду генерали барканоршуда ва таъйини муовини Раҳимзода

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Ду генерали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки соле пеш дар пайи танқиди раисҷумҳур ва ба далели бемасъулиятӣ аз мақом ронда шуда буданд, мансабҳои нав гирифтаанд.

Файзулло Нозимзода, ки дар гузашта Раёсати умури дохилии Хатлонро бар уҳда дошт, баъди бештар аз як соли барканорӣ рӯзи 22-юми апрел муовини сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД шуд.

Фотеҳ Қунғуротзода, сардори пешини ШКД-и Кӯлоб, ҳоло муовини якуми сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гаштааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, дар моҳи феврали соли 2024 ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин афрод барои камбудҳо аз мансаб барканор шуда, дигар дар ин сохтор кор намекунанд.

Рӯзи 22-юми апрел сардорони 18 шуъбаи корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар Ҳисору Ваҳдат, Конибодому Данғара ва Фирдавсиву Шоҳмансур низ иваз карда шудаанд.

Бо як қарори ҳукумат, сарҳанг ё полковник Илҳомиддин Вализода муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода таъйин шуд. Вализода то ин дам сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд.

Вазири корҳои дохилӣ дар ҳоли ҳозир як муовини аввал ва се муовин дорад.

Сиёсати кадрӣ дар Тоҷикистон ҳамеша аз тарафи мухолифони ҳукумат ва созмонҳои байнулмилалӣ танқид мешавад.

Дар интиқоди баъзе аз созмонҳо, аз ҷумла "Хонаи Озодӣ", ишора шудааст, ки непотизм ё хешовандсолорӣ (хешутаборчигӣ), маҳал ва садоқати шахсӣ аз меъёрҳои асосӣ дар интихоби кадрҳо дар Тоҷикистон аст.

Шаҳри Душанбе, 22-юми апрели 2025
Шаҳри Душанбе, 22-юми апрели 2025

Музокироти Киев бо Амрико ва Аврупо дар Лондон доир мешавад

UKRAINE – Ukraine's President Volodymyr Zelenskyy gives a press conference in Kyiv, Ukraine, on February 19, 2025
UKRAINE – Ukraine's President Volodymyr Zelenskyy gives a press conference in Kyiv, Ukraine, on February 19, 2025

Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки рӯзи 23-юми апрел музокироти Киев бо намояндагони ИМА ва кишварҳои Аврупо дар Лондон баргузор мешавад.

Зеленский баъди сӯҳбат бо нахуствазири Бритониё, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, бо Британияи Кабир, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи дастрасӣ ба оташбас ва сулҳи пойдор гуфтугӯ мекунанд.

"Бидуни шак оташбас бояд қадами аввал дар роҳи дастёбӣ ба сулҳ бошад. Қатъи муваққати ҷанг дар иди Пасха нишон дод, ки амалкарди Русия монеи асосӣ дар роҳи дастёбӣ ба сулҳ аст",-навиштааст раиси ҷумҳури Украина.

Ба иттилои манобеи бунгоҳи Bloomberg, аз тарафи ИМА котиби давлатӣ Марко Рубио, фиристодаҳои вижаи президент Стив Уиткофф ва Кит Келлог дар ин гуфтугӯҳо ширкат мекунанд.

Ба гузориши нашрияи Wall Street Journal, қарор аст дар ин дидор ИМА пешниҳодҳои худро дар бораи хатми ҷанг ба Украина ироа кунад.

Ба қавли ин манбаъ, эътирофи нимҷазираи Қрим ҳамчун хоки Русия ва худдории Украина аз пайвастан ба НАТО, аз чунин пешниҳодҳои ИМА будаанд.

Мақомот 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро мусодира кардаанд

Мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷикро мусодира кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба наздикони ин рӯзноманигор хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, Рухшона Ҳакимова солҳо ин маблағро барои хариди хона дар Душанбе, ҷамъ карда буд. Ин пул дар суратҳисоби бонкии хабарнигор буд ва баъди оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ба ҳабс гирифта шуда буд ва акнун мусодира шудааст.

Намояндагони Хадамоти иҷро баъди 16-уми апрел ба мусодираи амволи чеҳраҳои шинохта шуруъ карданд, ки бо айбномаи "талоши табаддулот" ба зиндон маҳкум шудаанд.

Радиои Озодӣ дар ин бора аввал гузориш дода буд. Тибқи иттилои дарёфтии мо, то ин дам намояндагони Хадамоти иҷро барои мусодираи хонаҳои Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ омадаанд.

Пайвандони ин афрод аз қарори мусодираи амвол норозигӣ кардаанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, суръати интернет беҳтар шудааст

Бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, давоми се моҳи аввали соли равон нархи интернет дар кишвар поён рафтааст. Ин ниҳод 21-уми апрел дар хабарномае навишт, "арзиши тарофаҳои провайдерони интернети собит ба ҳисоби миёна, то 55 фоиз, поён карда шуда, тарофаҳои бо суръати камтар аз 5Мбит/с, бекор гардиданд".

Инчунин ба гуфтаи намояндагони Хадамот, "ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20 фоиз зиёд пешниҳод карда мешавад".

Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо феълан мушкил аст. Чун соли гузашта ширкатҳои мобилӣ бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи тарофаҳои худро боло бурданд.

Дар иттилоияи ахири Хадамоти алоқа ҳамчунин омадааст, дар се моҳи аввали соли равон дар кишвар 330 адад истгоҳҳои базавӣ насб кардаанд. Ба иттилои расмӣ, ширкатҳои мухобиротии кишвар дар се моҳ 1,1 миллиард сомонӣ даромад гирифтаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта андаке бештар аст.

Шикоятҳо аз паст будани сифати алоқа ва интернет дар кишвар солҳост, ки садо медиҳад. Ин гуна шикоятҳо тақрибан аз ҳама минтақаҳои кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванд.

Намояндагони Хадамоти алоқа мегӯянд, дар се моҳи аввали соли равон 18 нафар шахсони воқеиро ҷазо додаанд. Аммо мақомот дар бораи ин афрод ва ҷазои онҳо маълумоти бештар надодаанд.

Пештар Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар дода буд, ки дар асоси шикояти мардум Хадамоти ширкат ширкатҳои "Тселл", "Мегафон" ва "Тоҷнет"-ро ҷарима карда буд.

Заминларза вилояти Хатлонро такон додааст

Рӯзи 21-уми апрел зилзила қисмате аз вилояти Хатлонро такон дод.

Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, заминларза соати 11:17 сабт шуд.

Манбаъ мегӯяд, маркази заминларза дар 59-километри ноҳияи Кӯшониён буд.

“Қувваи заминларза дар марказаш 4 дараҷа ва дар ноҳияи Кӯшониён 2-3 дараҷаро ташкил додааст. Дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст,” - омадааст дар маълумотномаи расмӣ.

Дар як ҳафтаи охир Тоҷикистон шоҳиди чанд заминларзаи сахт шуд.

Бар асари як чунин фалокати табиӣ дар рӯзи 13-уми апрел як ноболиғ дар минтақаи Рашт ба ҳалокат расида, 16 каси дигар маҷруҳ шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар пайи заминларза дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 65 хона пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 манзили дигар осеби сабук расидааст.

Русия: Ҷазо барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва ихроҷи беш аз 174 ҳазор муҳоҷир

Акс аз як навори Вазорати корҳои дохилии Русия
Акс аз як навори Вазорати корҳои дохилии Русия

Дар соли 2024 дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷиронро барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҷазо додаанд.

Додгоҳи олии Русия дар ин бора ҳафтаи гузашта ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолааш гузориш дод.

Ба маълумоти додгоҳ, зиёда аз панҷ ҳазор муҳоҷир, ки аксарашон аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳастанд, бо иттиҳоми таҳияи санадҳои қалбакӣ ҷазо гирифтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта гуфта буданд, ки маҳз низоми фасодзадаи Русия шароитро барои сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фароҳам меорад.

Дар умум додгоҳҳои Русия нисбат ба беш аз 21 ҳазор муҳоҷир қарору ҳукм содир кардаанд.

Зиёда аз се ҳазор муҳоҷир бо иттиҳоми даст доштан дар хариду фурӯши маводи мухаддир ва беш аз 3,5 ҳазор муҳоҷир барои дуздӣ дар ин кишвар зиндонӣ шудаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба аксар айбномаҳои мақомоти рус нисбат ба муҳоҷирон бовар надоранд ва қарору ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро шаффофу одилона намедонанд.

Додгоҳи олии Русия ҳамзамон гуфтааст, соли 2024 ба таври бесобиқа дар даҳ соли охир, беш аз 174 ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар ихроҷ карда шудаанд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, соли гузашта беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шуданд.

Модараш гуфт, Димон Ашӯров аз зиндон озод шудааст

Димон Ашӯров. Акс аз соли 2013
Димон Ашӯров. Акс аз соли 2013

Димон Ашӯров, машҳур бо номи Давлатбек, яке аз фаъолони ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз зиндон озод шудааст.

Вай дар соли 2013 ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва тақаллуби ҳуҷҷатҳо гунаҳкор ва ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум шуда буд. Пайвандонаш ба бегуноҳии ӯ таъкид мекарданд.

Зебо Мамадназарова
Зебо Мамадназарова

Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ раҳоии писарашро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод, ки ҳоло ӯ дар чӣ вазъ аст ва чӣ нақша дорад.

Ашӯров то ин дам дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат нигоҳ дошта мешуд.

Мақомоти Тоҷикистон ӯро, ки яке аз наздикони фармондеҳи собиқи мухолифон, Имомназар Имомназаров, дониста мешавад, дар моҳи августи соли 2013 боздошт карда, вале дертар хабар доданд, ки гӯё аз ошёнаи севуми Раёсати корҳои дохилии ВМКБ худро ба замин партофтаву осеб бардоштааст.

Ӯ барои муолиҷа ба шаҳри Урумчӣ рафт, аммо Чин ба Душанбе таслим кард. Ходимони Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон Димон Ашӯровро дар фурудгоҳи пойтахт боздошт намуданд.

Анвар Қаноатов, як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2013 дар номае ба Радиои Озодӣ навишта буд, ки парвандаи Димон Ашӯров “ҷиноятҳои содиркардаи ӯ хусусияти сирф ҳуқуқӣ-ҷиноӣ доранд”. Ин дар ҳолест, ки наздиконаш ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қазияи ӯро дорои ангезаи сиёсӣ медонистанд.

Боздошти Димон Ашӯров дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон сурат гирифт. Ин амалиёт баъд аз кушта шудани Абдулло Назаров, сардори пешини Раёсати КДАМ дар вилоят, роҳандозӣ шуда, дар натиҷаи он чандин нафар ба ҳалокат расиданд.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар 88-солагӣ даргузашт

Поп Франсис
Поп Франсис

Поп Франсис, раҳбари 266-уми католикҳои ҷаҳон, ки чанде пеш аз бемории роҳҳои нафас наҷот ёфта буд, рӯзи 21-уми апрел дар 88-солагӣ даргузашт.

Ин зодаи Аргентина калисои католикиро аз соли 2013 ва пас аз истеъфои Бенедикти шонздаҳум роҳбарӣ мекард ва бо рафтори хоксорона, дифоъ аз адолати иҷтимоӣ ва талошҳояш барои густариши мудоро машҳур буд.

Номи аслияш Хорхе Марио Берголио аст ва пеш ворид шудан ба калисо дар донишгоҳи кимиё хондааст. Ӯ дар соли 1969 ба мақоми кашишӣ ва дар соли 1997 ба мақоми усқуфи аъзами Буэнос Айрес расид.

Поп Франсис аз пешиниёни худ калисоеро ба мерос гирифт, ки пур аз чолишҳо ва буҳронҳои давомдор ва аз суистифодаҳои ҷинсии рӯҳониёни масеҳӣ аз кӯдакон мутаассир буд. Муаррихони калисои католикӣ интихоби ӯро лаҳзае муҳим дар таърихи Ватикан арзёбӣ мекунанд.

Ӯ аз оғози раҳбарии худ бар калисои католикӣ бо рафторҳои фурӯтанонаи худ хабарсоз шуд. Ба ҷойи зиндагӣ дар кохи муҷаллал, ки ба таври суннатӣ маҳалли иқомати расмии попҳои католик аст, дар хонаи хурде дар меҳмонхонаи Ватикан мезист. Борҳо дар маросими “Панҷшанбеи муқаддас” бо шустани пойи занон, мусалмонон ва зиндониён талош кард, паёми худро дар бораи калисои “камбизоатон ва барои камбизоатон” баён кунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG