Рушди фанновариҳо, бахусус Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ чолишҳои наверо барои ҳаёти мазҳабии кишварҳо, аз ҷумла барои мусалмонони тоҷик ба миён овардааст. Дар Интернет, бавижа дар шабакаҳои иҷтимоияш даҳҳо сомонаву торнамову саҳифаҳое арзи вуҷуд кардаанд, ки машғули додани “фатво”-ҳо аз тариқи онлайнанд. Ин “фатво”-ҳои онлайн масоили гуногуне - аз тарзи адои таҳорату намоз то 29 ё 30 рӯз рӯза гирифтан дар моҳи Рамазон ва масъалаҳои ҷиддие, чун ҳаққи имом барои дуо дар ҳаққи президенту ҳукумат дар хутбаи намозродар бар мегирад. “Имом”-ҳои интернетие ҳам пайдо шудаанд, ки ин минбарро барои таблиғи ақидаҳои ифротӣ ва ҳатто барои даъват ба ҷанг дар Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар истифода мебаранд.
Дар сохтани ин торнамоҳо ба хотири ҷалби хонандаи бештар аз номи рӯҳониёни маъруф, аз ҷумла Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ва Ҳоҷӣ Мирзо истифода мекунанд. Танҳо дар шабакаи “Одноклассники” ба забони тоҷикӣ даҳҳо саҳифаи баҳсҳои мазҳабӣ ва додани фатво кушода шудаанд. Аз ҷумла бо номҳои “Мухлисони Ҳоҷӣ Мирзо”, “Ҳоҷӣ Мирзо: Саволу ҷавобҳо 2015”, “Эшони Нуриддинҷон”, “Саволу ҷавоби исломӣ” ва амсоли ин.
Худи Ҳоҷӣ Мирзо, ин рӯҳонии маъруфи муқими Кӯлоб рӯзи 23 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳеҷ яки ин саҳифаҳое ки ба номаш кушодаанд, дар асл ба ӯ рабт надоранд: “Мо ҳар саволу ҷавобе ки дорем, фақат аз тариқи ҳамин телефонест, ки шумо ҳозир занг задед. Баъд дар маҳфилу маъракаҳое, ки иштирок мекунем, бо тариқи даҳонӣ, чизе ҳамонҷо пурсанд, иҷавоб мегӯем. Дигар ин хел сайти алоҳидаву ҷои алоҳида ман надорам.”
Рӯҳониён ва таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, вуҷуди манобеи мухталиф боиси ҳарҷу марҷ дар масъалаи судури фатво ва сардаргумии мардуми оммие, ки барои ҳалли ягон масъала муроҷиат мекунанд, мешаванд.
Фаридуни Ҳодизода, исломшиноси тоҷик мегӯяд, “имом”-ҳои интернетӣ бо истифода аз саводи камтари мардум дар масоили исломӣ “фатво”-ҳои худро бо истинод ба ояҳои “Қуръон”-у ҳадису ривоятҳо чунон қоғазпеч карда медиҳанд, ки аксар бовар мекунанд: “Ин ба номи “имом”-ҳои интернетиро ба русӣ блогер ё тролл мегӯянд ва онҳо махсус аз сӯи гурӯҳҳое маблағгузорӣ мешаванд. Аз гурӯҳҳои исломие, ки пули зиёд
доранд, пул мегиранд ва ҷавобҳое медиҳанд, ки мувофиқ ба ақида ва фикри донорҳояшон бошад. Ин яке аз роҳҳои паҳн кардани идеологияи Ваҳҳобия ва Салафия, шиагароён ё такфириҳо ҳам метавонад бошад.”
Таҳқиқи дурустии фатвоҳо, ё ба ибораи худи масъулонаш, “ҷавоб”-ҳое, ки дар саҳифаҳову сомонаҳои мазҳабии Интернет ба пурсишҳои корафтодагон медиҳанд, як амри муҳол менамояд ва маълум нест, ки истиноди онҳо ба маъхазҳои исломӣ то куҷо дуруст аст. Ин ҳам рӯшан нест, ки оё ин фатводиҳандагон дар таблиғи ақидаҳои худ ба мазҳаби дар Тоҷикистон роиҷи Ҳанафия такя мекунанд ваё ба таъбири Фаридуни Ҳодизода, ба идеологияи донорҳояшон.
Қобилҷон Боев, раҳбари собиқи бахши фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, Интернет дар амри боло бурдани донишҳои мардум, аз ҷумла барои пайдо кардани маълумот дар бораи масоили Исломӣ як маъхази муҳим аст, вале корбарон бояд тавони аз ҷав ҷудо кардани гандумро дар ин саҳрои бекарон дошта бошанд ва фирефта нашаванд: “Баъзе чизҳое ҳаст, ки дар як мазҳаб ҳаст, вале дар дигараш қобили қабул нест. Як одами бесавод вақте мефаҳмад, ҳамонро меқапад дигар, ана ин масъала чунин будааст. О мардак, ту ҳаққи фатво додан надорӣ. Хондӣ ё фаҳмидӣ боз як домуллоро пурс. Як олимро пурс, ки ман ҳамин қадар фаҳмидам, шумо чӣ мегӯед. Бигзор як олим ба шумо фаҳмонда диҳад, на Интернет.”
Раҳим Салимов, раҳбари раёсати 10-ум, ё мубориза бо ифротгароии вазорати умури дохилаи Қирғизистон гуфтааст, аксари сомонаҳое, ки “имом”-ҳои интернетӣ ба хотири таблиғи “онлайн –фатво”-ҳояшон ба роҳ андохтаанд, “ба гурӯҳҳои террористӣ тааллуқ дошта, дар ин авохир барои ҷалби ҷавонон ва таблиғи ақидаҳои тундравонаашон ҳатто мутахассисони равоншиносро ҷалб мекунанд.”
Аксари онҳое, ки барои фатво дар ин ё он масъала муроҷиат мекунанд, мардуми оммиянд, ки аз Ислому Шариат огоҳии чандон надоранд ва ин тоифа дар муқобили маъвизаҳои онлайн бештар осебпазир буда, метавонанд ҳатто нодониста таҳти таъсири ин “имом”-ҳои интернетӣ қарор бигиранд.
Аммо Ҳоҷӣ Мирзо далели ба минбарҳои алтернативии судури фатво рӯ овардани мардумро натиҷаи нобоварии онҳо ба имомҳои расмӣ медонад: “Мардум ба ҳар имом бовар намекунад. Мардум медонад, ки фатворо аз кӣ бигирад. Онҳо назар дар амал ва илми имом мекунанд. Агар бинанд, ки ин имом тавфиқу тақво дорад ва дар фатвояш ба ҷуз хотири Худо хотири касеро намебинад, ба ӯ ҳароина гӯш меандозанд. Ҳастанд нафароне ки ба мо ҳам занг мезананд ҳамчун ба ҷои охирини бовариашон. Мегӯянд, ки ҳарчӣ шумо гӯед. Баъд мефаҳмем, ки чандин ҷоҳо пурсидаанду вале назари ҳар касро қабул надоранд.”
Фатво дар Ислом пеш аз ҳама пешниҳоди роҳи масъалаҳоест, ки мусалмонон дар ҳалли он мушкил мекашанд. Судури фатво масъулияти бузург дорад ва на ҳар рӯҳонӣ ба додани фатво ҷуръат мекунад. Бисёре аз “имом”-ҳои интернетӣ низ “фатво”-ҳои онлайни худро дар ҷомаи “ҷавоб ба савол” мепечонанд.
Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон худро ягона ниҳоди соҳиби ҳаққи додани фатво барои беш аз 7 миллион мусалмонони суннимазҳаби ин кишвар мешуморад ва дар сомонааш гӯшаи алоҳидаи “Саволу ҷавоб” боз кардааст. Дар ин гӯша аллакай 167 фатво дар масоили мухталифе, мисли “Оё сигор таҳорат ва рӯзаро мешиканад?”, “Занҳо метавонанд шомили намози ҷамоат, аз ҷумла намози таровеҳ шаванд?”, “Оё дар бонк пул мондану аз он фоиз гирифтанд ҳаром аст?” чоп шудаанд.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ як силсила аз рӯҳониёни шинохта, аз ҷумла домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, эшони Абдулбасири Абдураҳмонҷон, Махсуми Исмоили Пирмуҳаммадзода, Саидҷони Сорбонхӯҷаро дар бар мегирад, вале як гурӯҳи дигари рӯҳони матраҳ, аз ҷумла намояндагони хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва Ҳоҷӣ Мирзо хориҷ аз
ин ниҳод мондаанд. Бисёриҳо мегӯянд, ҷалби ин рӯҳониён метавонист обрӯи Шӯрои уламо ва эътибори фатвоҳояшро болотар барад. Вале Фаридуни Ҳодизода ба ин ниҳоди баланди динии кишвар роҳ ёфтани рӯҳониёни ғайрирасмиро ба далели, ба таъбири ӯ, “кибри тарафҳо” ғайриимкон мешуморад.
Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ин дар ҳолест ки як бахши мардум ба фатвоҳои муллоҳои расмӣ эътимод надоранд: “Шояд фатвоҳои онҳо ҳатто дуруст ҳам бошад, аммо Маркази исломӣ чанд коре анҷом дод, ки боварии мардумро кам кард. Масалан, беамалиаш дар масъалаи сатру манъи ноболиғон аз рафтан ба масҷидҳо ва мисли ин. Вақте боварӣ коҳиш ёфту мардум норозӣ шуд, онҳо мераванд пои минбарҳои дигар.
Қобилҷон Боев мегӯяд, ҳаққи судури фатво дар масоили муҳимро танҳо муфтӣ дорад, вале масоили ҷузъитарро мардум метавонад аз донишмандони дигар низ бипурсад. Вале рӯҳониёни ба истилоҳ ғайрирасмӣ, вале маъруф, ки ҳар кадом пайравони худро доранд, “монополия”-и судури фатво аз сӯи Маркази исломиро қабул надоранд. Ҳоҷӣ Мирзо мегӯяд, “аҳли зикр, яъне донишмандони огоҳ аз фиқҳи исломӣ ҳаққи додани маслиҳат ба мардумро доранд.”
Худи Ҳоҷӣ Мирзо дар масъалаи додани фатво роҳи посухи рӯбарӯ ба пурсишҳои рӯбарӯи мардумро пеш гирифтааст, вале хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, барои мисол, дар Интернет сомонаи алоҳидаеро бо як гӯшаи саволу ҷавобҳо боз кардааст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ Академияи исломие дошт, ки ба суолҳои мардум посух медод, вале онро дар соли 2013 бо амри вазорати адлия бастанд. Ҳамин тавр, дар Интернет шумори сомонаҳову саҳифаҳое, ки дар он “имом”-ҳои интернетӣ ба корафтодагон “фатво”-ҳои онлайн медиҳанд, мисли замбурӯғҳои баъди борон меафзояд. Ва дар лобалои ин ҳама бахусус мардуми оммӣ, ки аз Ислом ба ҷуз аз чанд сураи намозу тарзи адои таҳораташ хабари бештаре надорад, ҳайрон мемонад, ки оё ба кадоми инҳо бовар кунад?