Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мансабдори Чин ба Тоҷикистон дар пасманзари коронавирус


Анҷумани Ҳизби коммунисти Чин. Акс аз бойгонӣ
Анҷумани Ҳизби коммунисти Чин. Акс аз бойгонӣ

Як узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин аз 29-уми феврал то 4-уми март ба Тоҷикистон ва Узбекистону Қазоқистон сафар хоҳад кард. Ӯ дар ҳоле ба минтақа меояд, ки Чин бо вируси хатарноки корона дасту панҷа нарм мекунад ва парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Чин низ муваққатан қатъ шудааст.

Жао Лиян, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, дар нишасти матбуотии 28-уми феврал гуфт, Ян Тзечӣ -- раиси дафтари Комиссияи Ҳизби коммунисти Чин оид ба умури хориҷӣ -- бо президент ва вазирони умури хориҷии се кишвари минтақа гуфтугӯ хоҳад кард.

"Сафари ӯ барои тақвияти равобити Чин ва ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст", -- афзуд сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин.

Ҷузъиёти ин сафар, аз ҷумла, мавзӯи диду боздидҳои иин мақоми Чин бо намояндаҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистон нашр намешавад.

То ҳол мақомот дар Тоҷикистон дар бораи сафари мақоми чинӣ ба кишвар изҳори назар накардаанд. Агар ин сафар баргузор шавад, он нахустин сафари як мақоми баландпояи чинӣ ба Тоҷикистон дар пасманзари нигарониҳои ҷаҳонӣ аз паҳн шудани вируси COVID-19 мебошад.

Ин вируси марговар, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, ба 83 ҳазор нафар сироят карда, то кунун 2800 нафарро кушт.

Рӯзи 28-уми феврал дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода дар бораи чораҳо барои пешгирӣ аз сирояти вирус гузориш дод.

Ӯ гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳеч ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст. Вазорати тандурустӣ дар вебсайташ хабар дод, ки президент супориш додааст, барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус “дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷидҳо, тӯю маъракаҳо, риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас” андешида шавад.

Бар асоси иттилои расмӣ, дар давоми камтар аз як моҳи охир беш аз 800 нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, дар карантини дуҳафтаинӣ қарор гирифтанд.

Беш аз 600 нафари онҳо аз бемористон рухсат шуда, беш аз 200 нафари дигар таҳти назорати пизишкон мемонанд. Тоҷикистон дар пайи паҳн шудани вирус барои муваққат парвозҳо аз Чин ба Тоҷикистонро манъ кард.

Чин яке аз шарикони муҳими стратегии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар соли 2018 мизони додугирифт байни ду кишвар беш аз 651 миллион долларро ташкил дода буд.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон равобит бо Чинро хеле қадр мекунад, чун ин кишвар ба сармоягузор ва қарздиҳандаи калони тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва як пуштибон он дар саҳнаи байналмилалӣ табдил шудааст.

Мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон дар баробари Чин беш аз як миллиард доллар, яъне беш аз нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳамкориҳои зичи Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро бо Чин интиқод мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин кишвар поймолкунандаи ҳуқуқи инсон аст ва ахиран барои дар урдугоҳҳои бозтарбия нигаҳ доштани садҳо ҳазор мусалмони вилояти Шинҷон мавриди маҳкумияти ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG