Ба 46 донишҷӯи бозгашта аз шаҳри Вуҳани Чин пас аз 15 рӯзи нигоҳдорӣ дар осоишгоҳи "Харангон" иҷоза доданд, ки ба хонаҳояшон баргарданд. Ҳамаи онҳоро рӯзи 26-уми феврал ҷавоб доданд. Ин афрод рӯзи 11-уми феврал аз Чин ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Тӯрахон Шарифзода, муовини сардухтури Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе, ки ба нигоҳубини донишҷӯён машғул буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, давоми 15 рӯз дар ҳеҷ яке аз ин афрод аломатҳои беморӣ, аз ҷумла бемориҳои зуком ва коронавирус, ошкор нашуд.
Ӯ афзуд: "Дар ду таҳлилу ташхисе, ки барои коронавирус гирифта шуд, дар вақти қабул шуданашон ва ҳангоми рухсат карданашон, ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд. Ба афроде, ки ин ҷо таҳти назорат буданду имрӯз рухсат шуданд, тавсия додем, ки то 14 рӯзи дигар зери назари табибони маҳаллашон бошанд".
Ҳамроҳи донишҷӯён ҳамчунин 17 нафаре, ки барои бозгардонидани онҳо ба Вуҳан рафта буданд аз бемористон рухсат шуданд. Инҳо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда, табибон ва ҳавонавардон буданд.
Бунёд Алиев, донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи геологии шаҳри Вуҳан, дар миёни онҳое буд, ки 15 рӯз дар осоишгоҳи "Харангон" зери муоинаи табибон қарор дошт. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вазъи худ ва дигар донишҷӯёни тоҷикро қабл аз бозгашт ба ватан, қисса кард.
"Шароит дар ин беморхона (Харангон) хуб буд, дар Вуҳан дар хобгоҳи донишгоҳ будем. Шароитҳо хуб буд, аммо маҳкам будем, ягон чиз лозим мешуд, наздикиҳои хобгоҳ мерафтем, рафтан ба дигар ҷо мумкин набуд. Ҳама ҷо баста буд. Хурду хӯрокро дар хона омода мекардем. Ниқоби тиббӣ истифода мекардем ва спирт барои дастшӯӣ" - гуфт Бунёд Алиев.
Қаблан донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Вуҳан, маркази пайдоиши вируси нав борҳо аз мақомот хостанд, барои рафтанашон кӯмак кунанд, чун ҷонашон дар хатар аст. Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, 882 нафар бозгашта аз Чин, ки зери назорати табибон буданд, аз бемористонҳо рухсат шудаанд ва ҳоло 203 нафари дигар зери назорат қарор доранд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба ҷуз аз баргардонидани донишҷӯён аз Чин, барои мубориза бо коронавирус назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ низ пурзӯр шудааст. Ахиран мақомоти Тоҷикистон бо нигаронӣ аз хатари вуруди коронавирус ба кишвар аз Эрону Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон, назорат дар марзро сахттар кардаанд.
Аз рӯзи 25-уми феврал ҳангоми вуруди шаҳрвандон аз Афғонистон ҳарорати бадани онҳоро месанҷанд ва ҷойи зисташонро сабт мекунанд. То ин вақт мақомот чунин чораҳоро танҳо барои афроде мегирифтанд, ки аз Чин баргашта буданд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!