Коршиносон тахмин мезананд, ки паҳншавии вируси хатарноки Covid-19 ё коронавирус на танҳо ба кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна хатари мустақим дорад, балки ба иқтисоди ин кишварҳо низ асаргузор хоҳад буд.
Вазъ дар ҷаҳон
Вируси Covid-19 ҳоло дар саросари ҷаҳон дар ҳоли паҳн шудан аст ва талафоти инсониву иқтисодӣ дар пай дорад. Рӯзҳои ахир мавридҳои сироят шудан ба ин беморӣ дар Итолиё, Австрия, Хорватия, Швейтсария, Эрон, Алҷазоир ва ҳатто Бразилия ба назар расидааст. Бино ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, то 26-уми феврал шумораи гирифторон аз марзи 82 ҳазор нафар гузашт, ки беш аз 78 ҳазори онҳо дар Чин ҳастанд. Беш аз 2,8 ҳазор нафари онҳо фавтидаанд.
Дар баробари ин, дар баъзе аз кишварҳо зиёни қобили мулоҳизаи иқтисодӣ низ ба назар мерасад. "Eurasia daily" бо истинод ба корманди илмии маркази таҳлилии "Тайхе" Чжан Сзяжуй иттилоъ медиҳад, ки зиён дар семоҳаи аввал барои иқтисоди Чин 1 триллион юан (143,1 миллиард доллар) ё 1 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии ин кишвар будааст.
Дар пасманзари ин мушкили афзояндаи иқтисоди дувуми ҷаҳон, коҳиши бозорҳои молии ҷаҳон ҳам мушоҳида мешавад. Ширкати амрикоии "Microsoft" 27-уми феврал иттилоъ дод, ки бар асари паҳн шудани вируси нави тоҷдор эҳтимол дорад, дар семоҳаи ҷорӣ ба нишондодҳои пешакӣ тарҳрезишуда ноил нашавад.
Паёмади манфиро ҳатто миллиардерҳои бистгонаи аввали радабандии Forbes, ки сармояи онҳо ба арзёбии нашрия дар шабонарӯз то 40 миллиард доллар коҳиш ёфтааст, эҳсос кардаанд. Аз ҷумла, молики Amazon Ҷефф Безос - 4,8 миллиард, мудири кулли Facebook Марк Тсукерберг - 3,4 миллиард ва сармоягузор Воррен Баффетт 2,7 миллиард доллар дороии худро аз даст додаанд.
Дар Русия зуҳури беморӣ аллакай ба ноустуворӣ дар бозор, заъфи рубл ва мушкилоти воридоти маҳсулот аз Чин рӯбарӯ кардааст. Бахши русии Би-би-сӣ бо такя ба Oxford Economics менависад, агар ҳамагирии ҷаҳонии вирус шуруъ шавад, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар ҷаҳон метавонад, то 1,1 триллион доллар доллар кам шавад.
Таъсир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
"Чин барои кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз шарикон ва сармоягузорони асосӣ дар тамоми бахшҳои иқтисод мебошад. Ҳарчанд ҳамаи кишварҳо барои ҳимояти шаҳрвандони худ аз вирус чораҳои мушаххасе андешидаанд, паёмадҳои иқтисодии он дар пойтахтҳои ин кишварҳо эҳсос мешавад", - мегӯянд коршиносон.
Ба назари иқтисоддон Нургул Акимова, бахшҳои заҳматталаби иқтисод, аз қабили сайёҳӣ, бахши фароғат, ки ин ҷо реҷаи назорати шадид амал мекунад, рукуд хоҳанд кард. "Дар мавриди молҳо маҳдудият нест, вале эҳтимол дорад гардиши молу колои соягӣ бар асари назорати шадид аз сӯйи ниҳодҳои назоратӣ, коҳиш ёбад", - мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи вай, агар қаблан бисёре аз тоҷирон барои хизматрасониҳои ширкатҳои ҳамлу нақл сарфаҷӯӣ мекарданд ва худ барои овардани мол мерафтанд, ҳоло маҷбуранд, аз сафар худдорӣ кунанд, зеро маҳдудият ҷорӣ карда шудааст.
Бино ба маълумоти ҷониби Чин, дар соли 2018 гардиши мол бо кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 30 миллиард долларро дар бар гирифтааст. Дар ҳаҷми гардиши моли кишварҳои минтақа саҳми Чин – Қазоқистон 13,5%, Узбекистон 18,4%, Қирғизистон 26,9% ва Тоҷикистон 14,9% будааст.
"Эксимбонк"-и Чин ҳамчунин яке аз бузургтарин қарздиҳанда ва сармоягузорон дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Коршинос Нургул Акимова мегӯяд, ки коҳиши рушди иқтисод дар Чин метавонад, ба кори ин бонк таъсир бигузорад.
"Агар Чин дар хариду фурӯши саҳмияҳо ва вомбаргҳо таъхир кунад, дар ин ҳолат ниҳодҳои нимадавлатӣ маҷбуранд, ёриҳои худро барои кишварҳои дигар кам кунанд, то гардиши маблағро дар дохили давлат пуштибонӣ намоянд", - шарҳ медиҳад Акимова.
Таъсири вирус ба Тоҷикистон
Таътили истеҳсол дар корхонаҳои чинӣ ва уфти шохисҳо дар бозорҳои молиявӣ ҳанӯз ба таври комил ба бозори Тоҷикистон таъсир нагузоштааст, вале коршиносон мегӯянд, ин масъалаи вақт аст, зеро бахши асосии молҳои рӯзгор ва ниёзи аввал аз Чин ворид мешавад.
То замоне ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо паёмадҳои вирусро барои иқтисоди Тоҷикистон меомӯзад, коршиносони тоҷик аз боло рафтани нархи молҳои рӯзгор, техникаи электронӣ, либос ва дигар бахшҳои бузург мегӯянд.
"Аз ҳама беш хисоротро бахши сайёҳӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ мебинанд. Бар асари худдорӣ аз парвозҳо ба Чин, шумораи мизоҷони меҳмонхонаҳо, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Чин ҳам бисёр буданд, коҳиш ёфтааст", - мегӯяд бозоршиноси тоҷик Илҳом Маҳкамов.
Шореҳи иқтисодӣ Абдуманнон Шералиев тахмин мезанад, ки дар баробари шадид шудани буҳрон дар Чин, ин кишвар маҷбур мешавад, сиёсати худро бознигарӣ кунад: ё талошҳои худро барои пирӯзӣ ба буҳрон амиқтар мекунад ё ба афзоиши нуфузи худ дар хориҷ аз кишвар идома медиҳад ва ба паёмадҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад.
"Вале Чин ҳатто агар гузинаи аввалро ҳам интихоб кунад, пас, наметавонад мисли солҳои пешин хайрхоҳ бошад... Аз ин рӯ, мақомотро зарур аст, ҳар чӣ зудтар ба дунболи роҳҳои алтернативӣ бошанд", - гуфт Шералиев.
Ин коршинос ҳамчунин тахмин мезанад, ки эҳтимоли заиф шудани иқтисоди Русия вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон нерӯи кории худро ба он ҷо мефиристад. Ӯ бо таваҷҷуҳ ба ин, ки ҳаҷми зиёди содироти Русия ба Чин рост меояд, мегӯяд, вазъи иқтисодии Пекин ба Маскав ҳам таъсир мерасонад ва мутаносибан ин ба муҳоҷирони корӣ ҳам асаргузор мешавад.
Зимнан дар баробари хабарҳои паҳншавии вирус, рӯзи душанбе саҳмияҳои як қатор ширкатҳои русӣ ба таври қобили мулоҳиза арзон шудаанд. Аз ҳама хисороти зиёдро баргаҳои "Яндекс", "Аэрофлот" ва "Лукойл” дидаанд.
Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров ба пойбандии кишварҳо ба воридот ишора менамояд ва мегӯяд, ки мушкили ҳамлу нақл эҳтимол дорад, ба коҳиши гардиши молу коло ва воридоти маҳсулоти истеъмолӣ аз Чину Эрон биоварад. "Вазъ метавонад дар сурати мушкили ҷиддӣ эҷод кардани короновирус дар Қазоқистон, Русия ва кишварҳои дигари ИДМ шадид шавад",- мегӯяд Сафаров.
Чин, баъди Қазоқистон ва Русия мақоми савумро миёни шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дорад. Соли 2019 аз Чин ба маблағи 605 млн доллар маҳсулот ворид шудааст. Ҳудуди 20 ҳазор шаҳрвандони Чин соли 2019 аз Тоҷикистон боздид кардаанд. Пекин ҳамчунин қарздиҳандаи асосии Душанбе низ мебошад. Ниме аз қарзи давлатӣ, ки 2 миллиарду 800 миллион долларо дар бар мегирад, марбути Ҷумҳурии Мардумии Чин аст.