Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз рӯзи 26-уми феврал ҳамаи афроди бозгашта аз Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Эрон ба карантин фаро гирифта мешаванд. Ин қарор ба қавли мақомоти Вазорати тандурустӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба кишвар аст. То ин вақт Тоҷикистон танҳо шаҳрвандонеро барои ду ҳафта ба назорати духтурон мефиристод, ки аз Чин баргашта бошанд.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ рӯзи 26-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки аз Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Эрон ба Тоҷикистон меоянд, барои ду ҳафта дар бемористон барои муоина нигаҳ дошта мешаванд. Ин мақоми Вазорати тандурустӣ гуфт, масъалаи қатъ кардани хатсайри Кобул-Душанберо баррасӣ доранд ва назорат дар марз бо Афғонистон сахт шудааст.
Нигаронии мақомоти тоҷик аз хатари сирояти коронавирус дар ҳолест, ки тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин беморӣ ҳарчӣ бештар дар кишварҳо доман паҳн мекунад. Тибқи охирин оморҳо аллакай дар Ҷумҳурии исломии Эрон шумори гирифторшудагон ба вируси нав ба 139 нафар расида, 19 кас ҷон додаанд. Эрон аз ҳисоби афроди фавтида аз вируси нав баъд аз Чин дар ҷаҳон дуввум аст. Мақомоти тоҷик рӯзи 25-уми феврал ҳамаи ду хатсайр аз Душанбе ба шаҳрҳои Машҳад ва Теҳронро қатъ карданд.
Изҳори нигаронии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ
Оморҳои ахир нишон медиҳад, ки шумораи гирифторшудагон ба вируси нав дар тамоми ҷаҳон аз 81 ҳазор нафар бештар шудааст. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба "пандемияи имконпазир" ё гирифторшавии фарогири вирус, омода бошанд. Ин созмон дар гузориши ахири худ гуфтааст, гирифторшавӣ ба вируси нав берун аз Чин асосан дар кишварҳои Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Итолиё зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Ба ҷуз аз Чин, ки маркази пайдоиши вируси нав аст, аз ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон ин вирус ҳоло дар Афғонистон ҳам пайдо шудааст. Тибқи иттилои мақомҳои афғон дар ин кишвар як нафар ба вируси нав гирифтор шуда, 11 нафар машкук ба ин беморӣ ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол як манбаи муътамад дар мақомоти тоҷик бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи муваққатан бастани марз бо Афғонистон дар баррасӣ аст. Манбаъ гуфт, тасмими ниҳоӣ дар ин бора дар зудтарин фурсат гирифта мешавад.
Як рӯз қабл мақомоти Тоҷикистон бо нигаронӣ аз хатари вуруди коронавирус ба кишвар аз Эрону Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон назорат дар марзро сахттар кардаанд. Аз рӯзи 25-уми феврал ҳангоми вуруди шаҳрвандон аз Афғонистон ҳарорати бадани онҳо санҷида шуда, ҷойи зисташон сабт мешавад. То ин вақт мақомот чунин чораҳоро танҳо барои афроде мегирифтанд, ки аз Чин баргашта буданд.
Чунин тартиб дар марз бо Узбекистон низ ҷорӣ шудааст. Чун ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвар аз Кореяи Ҷанубӣ ба воситаи Тошканд бармегарданд ва ҳарорати бадани онҳо низ санҷида мешавад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди хатари зиёд аз вуруди вируси нав ба кишвар, то ҳол гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Рӯзи 26-уми феврал 46 донишҷӯи бозгашта аз шаҳри Вуҳани Чин пас аз 15 рӯзи нигоҳдорӣ дар осоишгоҳи "Харангон" ба хона рухсат шуданд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!