Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Иттиҳоди Аврупо аз ироаи кӯмак ба будҷаи давлати Тоҷикистон даст кашидаанд. Ин созмонҳо омода буданд, ки ба Тоҷикистон 200 миллион доллар қарз ва грант диҳанд, аммо кишвар ислоҳоти пешниҳодкардаи онҳоро қабул накардааст. Дар ин бора дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки рӯзи 20-уми июли имсол нашр гардид.
Ихтилоф сари чӣ сар зад?
Дар шарҳи ин тасмим Бонки Ҷаҳонӣ ба шакли хеле нарму дипломатӣ навиштааст, “фурсати андешидани чораҳои сиёсӣ” аз даст рафт ва масъалаҳои бахши молия “ҳалли муносибе пайдо накарданд”.
Бинобар иттилои манобеъ, агар ҳукумати Тоҷикистон шартҳои созмонҳои байналмилалиро қабул мекард, танҳо худи Бонки Ҷаҳонӣ омода буд ба будҷаи кишвар 50 миллион доллар грант ва қарз ҷудо кунад.
Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар робита ба кӯмак ба будҷа ва ироаи қарзҳои боимтиёз ба давлат буд, мегӯяд, ихтилофи назар миёни ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ бар сари “реструктуризатсияи” бонкҳо сар зад.
“Шарти Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои додани гранту қарзҳо ба Тоҷикистон ин гузаронидани як реформаи фарогир дар умури бонкҳо буд. Созмонҳои байналмилалӣ мехостанд, ки давлат мудирият ва ё менеҷменти кунунии бонкҳои дучори мушкилшударо (манзур “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”) аз умури идораи ин бонкҳо комилан дур карда, барномаи дарозмуддати тағйири сохтори бонкҳоро рӯи даст бигирад. Аммо давлати Тоҷикистон ин шартҳои созмонҳои байналмилалиро қабул накард ва бинобар ин, созмонҳо низ аз пешниҳоди кӯмак ба Тоҷикистон даст кашиданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Бинобар иттилои ин манбаъ, агар ҳукумати Тоҷикистон шартҳои созмонҳои байналмилалиро қабул мекард, танҳо худи Бонки Ҷаҳонӣ омода буд ба будҷаи кишвар 50 миллион доллар грант ва қарз ҷудо кунад. Аммо ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар баробари Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Сандуқи Байналмилалии Пул низ дар сурати пазируфтани реформаҳо аз сӯи давлати Тоҷикистон, омодаи ироаи қарзу грант буданд, ки дар маҷмӯъ ба 200 миллион доллар мерасид.
Роҳи дигари ҳукумат
Доираҳои наздик ба ҳукумат мегӯянд, мушкилии бонкҳо норизоятии амонатгузоронро ба бор оварда буд ва давлат мехост, дар фурсатҳои наздик ин мушкилро ҳал карда, ташаннуҷи иҷтимоиро коҳиш бидиҳад. Аммо реформаи пешниҳодкардаи созмонҳои байналмилалӣ ҷараёнҳои дурударозеро дар назар дошт ва вақти зиёдро талаб мекард. Бинобар ин давлат онро рад кардааст.
Ин буд, ки ҳукумати Тоҷикистон шартҳои созмонҳои байналмилалиро напазируфта, бо роҳи дигар рафт. Ҳукумати Тоҷикистон дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли 2016, бо нашри вомбаргҳои давлатӣ барои наҷоти ду бонки бузург - "Тоҷиксодиротбонк" 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ва ба "Агроинвестбонк" 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кард.
Коршинос: Чораҳои давлат мушкили бонкҳоро ҳал намекунад
Анвар Камолов, иқтисоддони тоҷик, дар шарҳи ин тасмими ҳукумат ба Радиои Озодӣ гуфт, чораҳое ки давлат барои наҷоти бонкҳо андешид, мушкили онҳоро танҳо дар як муддати кӯтоҳ ҳал мекунад.
Ӯ афзуд, "ҳукумат, мутаассифона, ислоҳотро қабул накард. Вомбаргҳои давлатиро нашр карду мудирони қаблиро ба бонкҳо баргардонд. Ин чораи кӯтоҳмуддат аст ва дар дарозмуддат ба кор нахоҳад омад. Мушкилоти системавии бонкҳои мо ба мисли мудирияти нодуруст, набуди шаффофият боқӣ монд, ки дар оянда метавонад боз боис ба сар задани айни чунин мушкил дар низоми бонкӣ шавад. Ин мисли он аст, ки ба бемор доруи бедардкунанда медиҳеду ӯ муваққатан сиҳат мешавад, аммо дар асл бемориаш табобат нашудааст."
Камолов афзуд, созмонҳои байналмилалӣ хостори шаффофияти бештар дар умури бонкии Тоҷикистон буда, омодаи ҷалби сармоягузориҳои тӯлонӣ ба умури бонкии Тоҷикистон буданд, ки нашуд.
"Музокирот идома дорад"
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки музокироташ бо Сандуқи Байналмилалии Пул ба хотири дубора аз сар гирифтани Барномаи васеи қарзӣ ба Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, гуфт, умедвор аст то охири сол барномаи нави қарзии Сандуқи Байналмилалии Пул барои Тоҷикистон дубора оғоз шавад.
Тоҷикистон аз соли 2015, бо иваз шудани ҳайати роҳбарии Бонки миллӣ бо Сандуқи Байналмилалии Пул ба хотири гирифтани қарзи боимтиёз аз ин созмон вориди гуфтугӯ аст. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, аз ин созмон то 500 миллион доллар сармоя ба кишвар ҷалб кунад.
Моҷарои пурсарусадои қатъи кӯмакҳои СБП
Сандуқи Байналмилалии Пул барномаи қарзиашро бо Тоҷикистон дар соли 2009-ум пас аз як моҷарои пурсарусадо қатъ карда буд. Он замон нозирони Сандуқи Байналмилалии Пул ошкор кардаанд, ки Тоҷикистон маблағҳои ироакардаи ин созмонро ғайримақсаднок истифода кардааст.
Кашфи чунин хилофкорӣ боис шуд, ки Сандуқи Байналмилалии Пул аз Тоҷикистон талаб кард ин маблағҳоро билофосила ва қабл аз муҳлат ба ин созмон баргардонад. Аз он замон то кунун Сандуқи Байналмилалии Пул барномаҳои қарзиашро бо Тоҷикистон қатъ карда, ба кишвар қарзҳои имтиёздор намедиҳад.