Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Аз ҳама бештар кормандони бонкҳо бекор монданд"


Давоми чор соли ахир ҳамасола дар Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазор коргарон ихтисор шуда, ҷойи кори худро аз даст медиҳанд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ин раванд дар давраи буҳрони соли гузашта бамаротиб зиёд шуда аз ҳама бештар кормандони бонкҳо дар ин сол ҷойҳои кории худро аз даст доданд.

Коршиносон мегӯянд, ихтисор кардан роҳи доимии ҳалли масъала нест ва мақомот бояд роҳҳои дигари бурунрафт аз буҳронро пайдо кунанд.

“Маоши баланд моро ба бонк бурд”

Айёмхуҷа Олимов, собиқ корманди ташкилоти қарзӣ дар вилояти Суғд бештар аз як сол аст, ки берун аз ихтисосаш кор мекунад. Айёмхуҷа аз рӯи ихтисос бонкир аст ва қаблан дар чандин бонк ва ташкилотҳои қарзӣ

Қаблан Айёмхуҷа дар бонк аз ҳисоби маош ва изофапулиҳо бештар аз 2 ҳазор сомонӣ маблағ дарёфт мекард, ки барои як сокини деҳа маблағи хуб аст

ҳамчун мутахассиси бахши қарздиҳӣ кор мекард. Ӯ мегӯяд, дар оғози соли 2016 дар қатори чор нафар аз ҳамкоронаш ихтисор шуд ва ҳоло ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул аст.

Ин корманди собиқи бонк мегӯяд, сабаби асосии ихтисор шудани ӯ ва дигар ҳамкоронаш дар он буд, ки муштариён қарзи худро саривақт ба бонк барнагардониданд ва бонк онҳоро дар ин кор муттаҳам дониста онҳоро аз кор озод кард.

Муштариён бо ҳар баҳона қарзҳоро саривақт барнагардонданд. Дар бонкҳо асосан мутахассисони бахши қарздиҳӣ ихтисор шудаанд. Инчунин бонкҳо теъдоди марказҳои хизматрасониҳои худ дар манотиқаро кам карданд ва аз ин ҳисоб низ теъдоди кормандони ихтисоршуда афзоиш ёфт. Аммо бо ихтисори кормандон бонкҳо пеш намераванд, чун он музди меҳнати кормандон дар назди бонк як маблағи ночиз аст,” - мегӯяд Олимов.

Вай гуфт, дар минтақаҳо музди меҳнати аз ҳама баландро бонкҳо ба кормандонашон медоданд ва аз ҳисоб таваҷҷуҳи ҷавонон барои кор дар ин муассисаҳо хеле зиёд буд. Аммо баъди ихтисор шудан, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кормандони собиқи бонкҳо натавонистанд бо маоши чанд баробар ками мақомоти давлатӣ кор кунанд.

Худи Айёмхуҷа Олимов мегӯяд, баъди ихтисор шудан як муддат барои кор ба Русия рафт, вале аз онҷо низ ӯро депорт карданд ва ҳоло дар литсейи касбии техникӣ аз фанни муҳосибот ба муҳассилин дарс мегӯяд. Ӯ иқрор мекунад, ки кораш дар литсей аз ноилоҷӣ ва набуди интихоби дигар аст. Чун ба гуфтаи ӯ маоше, ки дар ҷойи кори ҳозирааш мегирад, аз музди меҳнати қаблиаш се баробар камтар аст. Қаблан Айёмхуҷа дар бонк аз ҳисоби маош ва изофапулиҳо бештар аз 2 ҳазор сомонӣ маблағ дарёфт мекард, ки барои як сокини деҳа маблағи хуб аст.

“Мо интизор доштем кам мешавад, аммо зиёд шуд”

Мақомоти Тоҷикистон низ мегӯянд, теъдоди кормандони ихтисоршуда дар соли гузашта ба таври қобили мулоҳиза якбора боло рафт. Ниёз Қурбонов, муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, аз соли 2012 то имрӯз солона дар кишвар ба ҳисоби миёна то 8 ҳазор коргар ихтисор мешавад.

Ҷаноби Қурбонов афзуд, ин ҳисоби миёна буда, баъзе солҳо шумораи ихтисоршудаҳо аз марзи 10 ҳазор ҳам убур мекунад.

Ниёз Қурбонов гуфт, соли 2012 мувофиқи маълумоти оморӣ, 13,1 ҳазор, 2013-9,1 ҳазор, соли 2014 аллакай 14,8 ҳазор ва соли 2015 ин рақам ба 14,9 ҳазор нафар расид. Соли рекордии ихтисорҳо – 2016 бештар аз 24 ҳазор корманд дар Тоҷикистон ихтисор шудаанд, ки нисбат ба як соли пеш 10 ҳазор нафар зиёдтар будааст.

Муовини директории Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, ихтисор асосан дар бахши хизматрасонии иқтисод зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бахш бештар аз ҳама кормандони бонкҳо ихтисор шудаанд.

Аммо масъулини Вазорати меҳнат мегӯянд, тибқи пешбиниҳои онҳо теъдоди ихтисорҳо дар солҳои оянда бояд коҳиш ёбад.

Мо интизор дорем ки аз ҳисоби ташкили ҷойҳои корӣ раванди ихтисори кормандон коҳиш меёбад. Масалан, имсол ва соли оянда мо интизор дорем, ки теъдоди ихтисоршудаҳо аз 13 ҳазор бештар намешавад. Аммо, мутаассифона, бо таъсири буҳрони молиявӣ, солҳои қаблӣ аз пешбинии мо сатҳи ихтисоршавӣ зиёдтар ба қайд гирифта шуд. Мо теъдоди кормандони ихтисоршударо аз 9 то 10 ҳазор пешбинӣ карда будем,”- гуфт Ниёз Қурбонов.

“Коргар кам шавад, сифати кор бад мешавад”

Коршиносон ва бонкдорон мегӯянд, ихтисор кардан роҳи ҳалли доимии масъала нест ва роҳбарияти муассисаҳо бояд роҳҳои алтернативии баромадан аз буҳронро ҷустуҷӯ кунанд.

Як корманди бонк, ки нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ихтисор шудани кормандон вазифаи онҳо ба дӯши кормандони феълӣ меафтад ва барои онҳо кор зиёд мешавад.

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, “масалан агар пеш аз буҳрон 1000 мизоҷро 10 мутахассиси қарзӣ назорат мекард, пас аз ихроҷ ин масъулият бар дӯши 3 нафар афтодааст. Ҳарчанд сарборӣ зиёд шуд, аммо маоши мо тағйир наёфт. Сарбории зиёд ба сифати кор низ таъсири бисёр манфӣ расонд.”

“Буҷет тавони пардохти кӯмакпулӣ ба бекоронро надорад”

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 20-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар миёни онҳое, ки ҳамчун бекор муроҷиат мекунанд, кормандони бонкҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳастанд, ки маоши бисёр баланд мегирифтанд ва буҷаи кишвар қудрати онро надорад, ки маблағи мехостаи онҳоро пардохт кунад.

Кӯмакпулӣ барои афроди бекор дар се моҳ -- моҳи аввал 50 дарсади маоши охирине, ки коргар мегирифт, моҳи дувум 40 % ва моҳи савум 30 фисад, муайян шудааст. Хонум Тағойзода афзуд, буҷаи Тоҷикистон тавони пардохти кӯмак ба он кормандонеро, ки маоши баланд мегирифтанд, надорад.

Тайи соли гузашта чаҳор бонки Тоҷикистон -"Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", Тоҷпромбонк" ва Фононбонк" шумораи зиёди кормандони худро ихтисор карда буданд. Ҳамчунин дар пайи бӯҳрони молӣ, шуморе аз ташкилоти қарзӣ фаъолияти худро қатъ карда кормандони онҳо низ бекор монданд.

Тағойзода ҳамзамон гуфт, муроҷиати шахсони бекор ба мақомот зиёд шудааст. Тибқи маълумоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз 28681 нафар бекорони расман ба қайд гирифта шуда, танҳо ба 5048 нафар кӯмакпулӣ дода шудааст. Ба гуфтаи Сумангул Тағойзода, дар пардохти кӯмакпулӣ барои бекорон, дар навбати аввал ба сарбозони аз хизмат озодшуда ва маҳбусони аз зиндон баромада авлавият дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол Бобохон Баротзода, директори Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гуфт, кӯмакпулӣ ба корманди бекормонда танҳо барои 3 моҳ пардохт мешавад. Ҷаноби Баротзода гуфт, дар ин давра ба коргар ду ҷойи кор пешниҳод мешавад ва агар ӯ ин пешниҳодҳоро рад кард, мақомот ҳақ доранд ӯро аз рӯйхати расмии бекорон берун кунанд.

"Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон 21% коҳиш ёфтааст"

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа 21 дарсад коҳиш ёфтааст. Сумангул Тағойзода гуфт, дар ним соли аввали соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷ 242 ҳазору 792 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 21 дарсад камтар аст. Хонум Тағойзода гуфт, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик асосан ба Русия ва Қазоқистон сафар кардаанд, вале мақомот талош доранд онҳоро барои кор ба дигар кишварҳо низ фиристанд.

Аз ҷумла ба гуфтаи Сумангул Тағойзода, бозорҳои меҳнатии давлатҳои Қувайт, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишварҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда, лоиҳаҳои созишномаҳо, омода гардиданд. Ҳамасола садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Дар ҳоли ҳозир Русия мизбони аслии муҳоҷирони кории тоҷик мебошад.

Мушкилиҳои кор дар Аврупо

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Аврупо дар ҳоли баррасӣ аст ва ҳамакнун бо Лаҳистон шартнома доранд ва шуморе аз атбои кишвар дар онҷо кор мекунанд. Ӯ инчунин гуфт, ки ба як ширкати ватанӣ иҷоза доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Аврупо, аз ҷумла Олмон, бибарад.

Вале ба гуфтаи вай, дар самти бурдани муҳоҷирони корӣ ба Аврупо чанд мушкил вуҷуд дорад. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Аврупо афроди баландихтисосро талаб мекунад, ки на ҳама муҳоҷирон аз Тоҷикистон, ба ин талабот ҷавобгӯ ҳастанд. Надонистани забони кишварҳои мизбон, аз ҷумлаи мушкилоти дигари муҳоҷирони корӣ будааст.

XS
SM
MD
LG