Мақомоти Исроил бовар доштанд, ки Фуод Шукр дар паси ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Маҷдал Шамс дар Баландиҳои Ҷулон меистод. Ин минтақа зери назорати Исроил аст.
Дар ҳамлаи рӯзи 27-уми июл ба Баландиҳои Ҷулон 12 ҷавон кушта шуданд. “Ҳизбуллоҳ” масъулияти ҳамларо напазируфт, вале Исроил ваъда дода буд, ки аз ин гурӯҳи зери ҳимояти Эрон интиқом меситонад.
Мақомоти “Ҳизбуллоҳ” то ҳол кушта шудани Фуод Шукрро дар Бейрут таъйид накардаанд.
Як манбаи баланпояи амниятии Лубнон гуфт, Исроил шоми 30-юми июл як фармондеҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро дар канораҳои ҷанубии Бейрут ҳадаф қарор додааст, вале сарнавишти ӯ ҳанӯз рӯшан нест.
Вазорати тандурустии Лубнон гуфт, дар ҳамлаи Исроил шоми 30-юми июл се нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта ва беш аз 70 нафар захмӣ шудаанд.
Бейрут чанд рӯз пеш аз ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба ҳолати омодабош даромада буд.
Вазорати дифои Исроил дар эъломияе Фуод Шукрро “дасти рост”-и Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари “Ҳизбуллоҳ” номбар кардааст. Иёлоти Муттаҳида ӯро дар феҳристи террористон ҷой дода, барои маълумот дар борааш панҷ миллион доллар ваъда дода буд.