Дуруд ҳаммеҳани азиз!
Ту ҳам бо ин калима хуб ошноӣ, на? "Маршировка"-ро мегӯям. Ба хусус, агар "фарзанди замони истиқлол" бошӣ, ҳатман борҳо таҷриба кардаӣ. Намедонам, изҳороти муовини вазири фарҳангро чӣ тавр қабул кардед, аммо он маро дубора ба андешидан дар ин мавзуъ ва ба ёд овардани хотироти начандон қадимие андохт.
"Бовар кунед ҷавонон бо майли худ меоянд. Мехоҳанд! Ҳеч яке аз онҳо аз иштирок дар ин маросим изҳори норизоятӣ накардаанд. Хурсандиовар буд, ки ҳатто дар ҳамон чорабиниҳо ҷавонон ба якдигар ошиқ мешаванд. Дар шаҳри Душанбе ду ҷавон ба ман миннатдорӣ карданд, ки ҳангоми ширкат дар “маршировка” бо якдигар шинос ва ошиқ шуда, оила барпо кардаанд", -- гуфт муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назарзода дар нишасти хабарии 6-уми феврал.
Вақте дар мактаб мехондам, бори аввал бо "машировка" "ошно" шудам. Номамро бе он ки бихоҳам, дар рӯйхати "маршировка"-чиён навиштаанд. Ба муаллимаамон гуфтам:
- Муаллимаҷон, чаро номи маро навиштед? Ман хоҳиши иштирок дар чунин ҷамъомадҳоро надорам. Боз мегӯед онҷо рақсидан лозим, ки ман намедонам. Дар онҷо ҳеч фоидаам нахоҳад расид. Шояд номи ягон хоҳишмандро менависед?
Посухи омӯзгор ин гуна буд:
- Намешавад. Аз ҳар синф даҳ нафарро номнавис кардан лозим. Агар туро нанависам, Ситораро нанависам, Таҳминаро нанависам, пас, киро нависам? "Хулиган"-ҳоро номнавис карда, дар онҷо ба худам дардисар кунам? Маро ҳам фаҳмед, агар номи даҳ нафарро пешниҳод накунам, аз директор ба ман гап мерасад. Шуморо номнавис кардам, чун гапшунав ҳастеду онҷо бароям мушкил намесозед.
Дигар чизе нагуфтам. Танаффус, ки шуд, рост ба утоқи кории мудири мактаб рафтам. Баъд аз салом гуфтам:
- Муаллима, намешавад, ки аз синфи мо нӯҳ нафар номнавис шаванд? Ман намехоҳам ба “маршировка” равам. Худатон хабар доред, ки ман баъд аз мактаб дарсҳои иловагӣ дорам.
- Касоне, ки “маршировка” мераванд, метавонанд саҳар ба мактаб наоянд, муҳим баъд аз зуҳр дар “маршировка” ҳузур дошта бошанд.
- Масалан, фарз кардем, соати дарсҳои иловагиямро иваз карда тавонам... Лек агар ба мактаб наоям, ки аз дарсҳои мактабӣ ақиб мемонам?
Директорамон, ки дигар аз дасти ман сардаргум менамуданд, посух доданд:
- Бачам, чӣ коре мекунӣ, худат медонӣ! Ба ман аз вазорат гуфтанд, ки 150 касро ҷалб кунед. Барои ман фарқ надорад, ки кӣ меравад, муҳим ба ман аз вазорат гап нарасад. Ту ин мушкилро бо роҳбари синфат ҳал кун!
Ҳамон ҷо буд, ки фаҳмидам шеваи фосид чист? Яъне, вақте инсонҳо маҷбуранд мувофиқи талаботи “болонишинон”-и хеш ғайри иродаи худ амал кунанд.
Бо ҳақиқатҳои аз ин талх дар замони донишҷӯӣ аз наздик ошно шудаму таҷрибаашон кардам. Мепурсӣ чи тавр?
Масалан, агар дар мактаб омӯзгорат рӯирост вазъиятро мефаҳмонд ва ту аз рӯи одамгарӣ ҳама корҳоро як тараф мегузоштӣ, то гапе ба ӯ нарасад. Дар донишгоҳ ба хостаат ё вазъиятат ҳатто гӯш ҳам намекарданд. Мегуфтанд, номатро навиштаем ва халос. Агар анҷом надиҳӣ, аз донишгоҳ хориҷ мешавӣ ё аз “стипендия” маҳрум мешавӣ. Шояд иддае ба ин бовар бошанд, ки вақте метавонӣ “балегӯяк” бошиву барои рақсидан дар майдон ба дарсҳои донишгоҳӣ ҳозир нашавӣ ва дар ҷавоб холҳои имтиёзие, ки ҳеч заҳмати фикрӣ барояшон накашидаӣ, бигирӣ чаро бо иштирок накардан дар “маршировка” аз ин “имтиёз”-ҳо бебаҳра бимонӣ?
Агар бипурсӣ ҳоло чаро ин ҳамаро бароят гуфтам, мегӯям:
- Чун хеле мутаассифам, ҳаммеҳанам! Мутаассифам, ки мо наметавонем дар меҳанамон тибқи иродаи худамон амал кунем. Мутаассифам, ки “гап расидан аз боло” даҳанҳову дасту пойҳои ҳамаамонро бастааст. Мутаассифам, ки “муовинон” даҳани мардум шудаанд ва аз номи мову шумо ҳарф мезананд. Ба ҷоямон “бале!”-ҳое мегӯянд, ки дар дили мо “на!” ҳастанд. Лек мо боз сукут мекунем. Мабодо аз боло гапе расад! Ман мутаассифам, ки дар меҳани мо роҳҳои осон кардани “маршировка”-ро меҷӯянд. Чаро намефаҳманд, ки “маршировка” бояд аз тамоми мактабу донишгоҳҳое, ки ба ҳунар рабт надоранд, бардошта шавад?
Мегӯед “маршировка” вақти дарс аст, донишомӯзон аз дарсу машқ дур мемонанд. Мегӯянд роҳи ҳалле пайдо мекунем, ки “маршировка” дар вақти дарс набошад.
Мегӯед ҷавонон гушнаву ташна дар сармову гармо чандин соат тамрин мекунанд, аз беҳолӣ беҳуш мегарданд, бемор мешаванд. Мегӯянд “як пирожки киро куштаст? Ташкилотчиён чаро ба пирожки таъмин накардед иштирокчиёнро?”
Мегӯед соатҳои пурарзиши зиндагиямонро дар маршировкаҳо ббарбод додан намехоҳем, мегӯянд “маршировка” зиндагиҳоятонро сару сомон медиҳад ва ба “бахт” мерасонад.
Офарин ба мо, ки то ин ҳад сукут кардаем, ки бепарвоёна рӯи шонаҳоямон савор шаванд!
Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон
Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.