Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зиёрати қабри бобоям ба ман рӯҳ бахшид" (ВИДЕО, АКС)


Ато Бақоев (Абулато Бақозода)
Ато Бақоев (Абулато Бақозода)

Дар ин блоги худ ҳамкори Радиои Озодӣ Хиромон Бақозода аз ҷустуҷӯҳои тӯлонии қабри бобои худ, ки дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ба ҳалокат расидааст ва аз бархӯрди падари худ ва наздикон ба рӯҳи шаҳиди ҷанг ёд мекунад.

Дар остонаи таҷлил аз 70-солагии ғалаба бар фашизми нозӣ бисёриҳо таъкид мекунанд, ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба ҳар як хонаводаи сокини Иттиҳоди Шӯравии собиқ асар кард: ҳар оила қурбонӣ дода, дар ҳар хонадон таърихчаву қиссаҳои худ аз он ҷанги харобкор мавҷуд аст. Қаҳрамони ҷанг аз хонаводаи мо бобои падарӣ Абулато Бақозода (Ато Бақоев), журналисти рӯзномаи “Овози тоҷик”, муҳаррири рӯзномаи "Шӯълаи Ленин" (чопи Самарқанд) мебошад, ки 6 марти соли 1942 довталабона ба ҷанг рафта дар синни хеле ҷавони 33-солагӣ дар рутбаи лейтенант даргузашт.

"Хатти сиёҳ"-и падари чаҳор фарзанди ноболиғ зуд ба Самарқанд расид. Он вақт падари ман – Наримон Бақозода, писари калонии оила 8-сола буданд ва баъдан дар хотираҳои худ ҳамеша таъкид мекарданд, ки ҳарчанд дар оғӯши муҳаббати бекарони модар бузург шудаанд, “рӯҳи падар моро ҳамеша такягоҳ ва раҳнамои зиндагӣ буд”. Дарди бепадарӣ ва азоби маънавии надонистани макони охирати қиблагоҳ чунон амиқ буд, ки баъди ҷустуҷӯву таҳқиқот ва мукотибаҳои тӯлонӣ бо Вазорати дифои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Комиссариати ҳарбии вилояти Витебск, макони дафни бобоям 41 сол баъд аз марги ӯ маълум шуд.

Ёд дорам, падарам рӯзе дар охирҳои соли 1985 аз як сафар баргаштанд. Одат доштанд гирди дастурхон ба мо, фарзандон, батафсил дидаву шунидаҳояшонро нақл кунанд. Ин навбат аз Минск, пойтахти Беларус бо эҳсоси аҷиби омехтаи ҳаяҷону ифтихор, як сӯзи даруниву ҳамзамон оромиши дил омаданд ва хабар доданд, ки макони дафни бобои моро дар як гӯри дастаҷамъӣ дар рустои дурдасти вилояти Витебск зиёрат кардаанд. Бобои ман дар ҷараёни даргириҳои хеле сангини декабри соли 1943-юм дар деҳаи Пеленкии вилояти Витебски Ҷумҳурии Белорус аз тири душман кушта шудаанд. Ҳоло дарк мекунам, ки пайдо кардани қабри падар як рисолати муҳими фарзандиашон буд, ки ин қарзро дар баробари хоҳару бародар, фарзандон ва пеш аз ҳама - виҷдони худ иҷро карданд. Як мушт хоки сари манзили падарро баъдан ба Самарқанд, ба сари гӯри модарашон ҳам бурданд.

Зиёрат аз оромгоҳи ҷанговари тоҷик дар Беларус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Аз ин қисса тахминан 30 сол гузашт ва бо амри сарнавишт, барои ман ҳам чунин имкон даст дод, ки қабри бобоямро ҳамроҳ бо писару ҳамсарам зиёрат кунем. Аз рӯи санадҳои бойгонӣ, ки дар осорхонаи мактаби маҳаллӣ маҳфузанд, бобои ман ҳамроҳ бо беш аз 600 сарбозу афсари дигари шӯравӣ, дар як гӯри дастаҷамъии деҳаи ҳамсояи Пеленки – Задвинйе (имрӯз – деҳаи Койтово марбут ба шӯрои деҳоти Курино) ба хок супурда шудаанд. Задвинйе, ки солҳои ҷанг шоҳиди даргириҳои шадид ва муборизаҳои сахти партизанҳои Шӯравӣ ва артиши нозӣ шудааст, имрӯз орому сокит ва сабзу барҳавост. Аз паҳлӯи чапи манзили сарбозони қаҳрамон дарёи пуртуғёни Двинаи Ғарбӣ -- як шоҳиди дигари безабони фоҷеаи солҳои 1940-ум мегузарад. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, зери ҳар ваҷаб хоки ҷангалзори ин қаламрав ҳамоно устухони сарбозони зиёд ниҳон аст. Баъди 70 сол ҳам осори низомиёни шӯравиву олмонӣ аз зери хок пайдо ва берун кашида мешавад. Соли 2011 наздикони як сарбози олмонӣ ҳам баъди шиносоии ҷасади бобои сарбозашон онро аз Койтово барои хоксупорӣ ба Олмон бурданд.

Дар катибаи қабри дастаҷамъии деҳаи Задвинйе исми даҳҳо нафар навишта шудааст. Яке аз онҳо – лейтенант Ато Бақоев, командири взводи полки 1126-и тирандозӣ аст, ки рӯзи 27 декабри соли 1943 ба ҳалокат расид. Баъди маргаш ба ӯ ордени Байрақи сурхи ҷангӣ тақдим шудааст, ки дар осорхонаи Артиши Сурх дар Маскав нигоҳдорӣ мешавад.

Ин деҳа мисли бисёр маконҳои дигари атроф бахше аз таърихи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аст. Сокинони маҳаллӣ ба таърихи худ арҷ мегузоранд, бо пули ҳукумат қабри сарбозони қаҳрамонро нигоҳубин ва санги сари мазорро, ки навиштаҷоташ зери боду борон хароб мешавад, пайваста нав мекунанд. Дар мактаби миёнаи деҳа осорхонаи таърихи ҷанг мавҷуд аст, ки масъулияти нигоҳубинаш ба дӯши омӯзгорон ва шогирдони мактаб аст. Эҳсос мешавад, ки хурду бузург дар ин макон ба таърихи худ боэҳтиром, самимият ва садоқат муносибат мекунанд. Рӯзи Ғалабаро иди шахсиву муқаддаси худ мешиносанд, ба заҳматҳои ҳар як сарбози шаҳид, қатъи назар аз миллату мазҳабаш арҷ мегузоранд. Зимнан, ин як хусусияти хеле наҷиби мардуми Белорус аст, ки дар баробари эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштаи худ, таърихи муштараки мардуми Шӯравиро таҳриф намекунанд, рӯйдодҳои солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро қабл аз ҳама чун як фоҷеаи башарии он солҳо маҳфуз медоранд.

Раиси шӯрои деҳоти Курино Александр Рибаков дар сӯҳбати телефонӣ ба ман гуфт, рӯзи 6 майи соли 2015 ҳам дар сари мақбараи сарбозон маросиме бахшида ба 70-умин солгарди ғалаба бар фашизми нозӣ бо иштироки даҳҳо меҳмон аз вилояти Витебск баргузор шуд. Дар ин рӯз ба бобои ман ҳам барои қаҳрамониҳояш дар озодии Ватани як замон ягонаи мардуми Шӯравии пешин ташаккур гуфтанд.

Ман ҳеҷ гоҳ бобоямро надидаам, вале хуб медонам, ки баъди сари он кас то охир ҳамсолону ҳаммаҳаллаҳояшон дар Самарқанд бобоямро ба некӣ ёд мекарданд. Мегуфтанд, як ҷавони рӯшанфикру замонавӣ буданд, чунки гузаштагонашон дар мадрасаҳои Самарқанд дарс медоданд. Бобоям пеш аз ҷанг аллакай забони русиро медонистанду аз журналистони пештози даврони худ буданд. Падарам мегуфтанд, яке аз муассиртарин хотираҳое, ки аз падари зиндаашон дар ёд доранд, пеш аз рафтанашон ба ҷанг будааст. “Ман 7-сола будам ва пеш аз рафтан, ёдам ҳаст, ки падарам маро бардошта аз пешонаам бӯсиданду сахт ба оғӯш кашиданд. “Дар канори модарат бош”, гуфтанд”. Ҳамин васияти падарро ҳам иҷро карданд. То лаҳзаи марги модар дар оғози солҳои 1980-ум ҳар чор фарзандашон – ду духтар ва ду писар ҳамеша модарро рӯи даст нигоҳ медоштанд ва дар солҳои охири умрашон, ки ҳаракат карда наметавонистанд, бонавбат дар хонаҳояшон нигоҳубин мекарданд.

Падарам мегуфтанд, баъди даргузашти бобоям ба хонаи онҳо моҳе як бор аз ҳукумат “паёк” – бастаи кӯмакҳои ғизоӣ меомад. Боре моҳии шӯри дудхӯрда ҳам фиристоданд, ки ба нақли падарам, барои модарашон зиёд хуш наомад. Вале дар солҳои сахти гуруснагиву мӯҳтоҷӣ, роҳи истеъмоли онро ҳам пайдо карданд: моҳии шӯрро як шаб дар об тар карда баъдан онро ба орд молида бирён ва ба фарзандонашон зиёфат карданд. Давраи бачагӣ ҳарчанд дар иҳотаи бобову бибии афсонагӯву китобдӯсташон гузаштааст, падарам мегуфтанд, барои кӯмак ба модар баъди дарс мӯзадӯзӣ, нонфурӯшӣ, боғдорӣ ва дигар корҳоро анҷом медоданд ва ҳамеша орзу доштанд, рӯзе мисли падари худ як инсони бообурӯву хушноме шаванд. Бибиам ҳам тавонистанд ба фарзандон тарбияи хубу маълумоти олӣ диҳанд: аммаи калониам омӯзгори забони немисӣ, аммаи хурдиам – мақомдоре дар соҳаи ғизои ҷамъиятӣ дар Самарқанд, амакам омӯзгори химия дар донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шуданд ва падарам – шоири кӯдакон ва журналисту муовини раиси Бунёди сулҳи Тоҷикистон. Аз муҳимтарин хислатҳое, ки аз волидонашон ба мерос гирифтаанд, эҳсоси масъулияту ғамхорӣ, муҳаббат дар ҳақи азизон ва ҳам эҳтиром ба фарзанд будааст.

XS
SM
MD
LG