Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳазорон тоҷиру соҳибкор корро бас кардаанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар як соли ахир дар Тоҷикистон бештар аз  21 ҳазор соҳибкор аз фаъолият даст кашидаанд ва ё ба кори дигаре машғул шудаанд. Аз ин теъдод наздики 1000 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва бештар аз 20 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ  буданд.

Коршиносону соҳибкорон тафтишҳои зиёд ва молиёт ва ё андози зиёдро аз сабабҳои асосии қатъи фаъолият медонанд, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ мегуянд аксари онҳо шева ё тарзи кори худро дигар карданд.

Исломбек Ёдгоров, сокини шаҳри Душанбе чанде пеш тиҷоратро бас кард ва ширкаташро барҳам дод. Ӯ мегӯяд, қариб ду сол ба тиҷорати маводи доруворӣ машғул шуд, вале чандин монеа дар ин роҳ корашро мушкил карду ӯ билохира муҳоҷиратро дар муқоиса бо соҳибкорӣ дар ватан бартарӣ дод.

Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ман дорухона доштам. Мушкил бисёр буд, аз як тараф пули иҷора, дигар тараф пули барқу об, андози баланд. Боз мегӯянд, ку санэпидемстансия, тафтишҳои зиёд аст. Танҳо як чизаш хуб буд, ки пардохти андоз электронӣ шуд, ҳеч кас пул зиёдатӣ намегирад.”

Дар Тоҷикистон ҳазорон тоҷир корро бас кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатӣ рузи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, аксар соҳибкорон шева, ё тарзи кори худро дигар карданд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Султон Раҳимзода, раҳбари кумита аксари соҳибкорон аз фаъолият бо патент ба шахси ҳуқуқӣ гузаштанд ва дар натиҷа омори соҳибкорони инфиродӣ кам шуд: "Сабабҳо объективӣ мебошад. Як қисми муайяни соҳибкорон дар қайд ҳастанду фаъолият намекунанд, инро вақте ки ниҳодҳои дахлдор тафтиш карданд, онҳоро аз рӯйхати соҳибкорон берун мекунанд. Дуюм, вақте сабаби барҳамдиҳӣ пайдо мешавад, ин аслан барҳамдиҳӣ нест, балки гузаштан аз як намуди фаъолияти соҳибкорӣ ба намуди дигар аст."

Дар як соли гузашта ҳамчунин бештар аз 33 ҳазор соҳибкорро сабти ном кардаанд. Мақомот мегӯянд, имсол ба соҳибкорону сармоягузорон имтиёзҳои зиёд доданд ва санҷиши тоҷирон аз 27 ба 23 адад поин омад. Чизе, ки ба гуфтаи соҳибкорон дуруст риоят ва назорат намешаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар кишвар 350 ҳазор субъекти соҳибкорӣ сабти ном шудаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба ислоҳоти фарогир ниёз дорад. Фозилҷон Фатҳуллоев коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд: "Набудани дастгирии соҳибкорон онҳоро дилсард мекунад. Шарт нест, ки онҳо маблағгузорӣ карда шаванд. Агар ягон сабукӣ, ба мисли аз ҳисоби фишори андозӣ мебуд, шумораи ками соҳибкорон фаъолияти худро қатъ мекарданд."

Фазои номусоиди соҳибкорӣ ва мизони баланди молиёт ва ё андозҳо аз мушкилиҳоеянд, ки пайваста дар доираи тоҷирону коршиносон садо медиҳад. Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлол барои монеагузориҳои зиёд дар роҳи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ танқид мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG