Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон сафирашро аз Белорус бозхонд кард


Лукашенко ва Пашинян.
Лукашенко ва Пашинян.

Сафири Арманистон дар Белорус Размик Хумарян барои машварат ба Ереван бозхонд шудааст.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, то замоне ки Александр Лукашенко дар сари қудрат аст, ба Белорус нахоҳад рафт. Ба ин тасмими ӯ гуфтаҳои Лукашенко дар бораи ҷанге, ки дар натиҷаи он Озарбойҷон тамоми минтақаи Қарабоғи Куҳиро ба даст овард, сабаб шудааст. Лукашенко моҳи июн дар ҷараёни сафараш ба Боку ҷанги Озарбойҷонро барои Қарабоғ "озодибахш" номид.

Ба гуфтаи Пашинян, маҳз суханҳои раҳбари худкомаи Белорус сабаби тасмими Ереван дар бораи бурунрафт аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шудааст.

Сарвазири Арманистон ҳангоми суханронияш дар Маҷлиси миллии он кишвар гуфт, Ереван барои бурунрафт аз ҳайати СПАД омодагӣ мебинад.

Пашинян моҳи феврали имсол ҳам гуфта буд, ки Ереван узвияташ дар ин созмонро амалан қатъ мекунад. Арманистон тирамоҳи соли 2022 аз аъзои СПАД хоста буд, дар пешорӯи амалиёти низомии Озарбойҷони ҳамсоя кӯмак кунанд, вале ин дархосташ беҷавоб монд ва Ереван аъзои ин созмонро дар нодида гирифтани талабҳояш айбдор намуд.

XS
SM
MD
LG