Ин духтар рӯзи 19-уми ноябри соли 2024 бо гиря дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфт, ки шаҳрванди Афғонистон аст ва як ҳамватанаш ӯро дар Тоҷикистон озору азият медиҳад.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе он замон эълон кард, ки Тамкини Меҳробиддин 24-сола аст ва ҳамсари марде, ки алайҳи ӯ шикоят кардааст. Дигар чизе нагуфтанд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон Тамкини Меҳробиддинро 17-уми декабри соли 2024 ба Афғонистон ихроҷ кардаанд. Шарҳи расмӣ феълан дастрас нест.
Тамкини Меҳробиддин рӯзи 31-уми декабри 2024 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот бе шарҳи зиёд ӯ, хоҳар ва бародарашро аз хонаашон дар шаҳри Ваҳдат гирифта, ба гузаргоҳи Панҷ бурданд ва ба Афғонистон пеш карданд.
Ба нақли ӯ, мақомот сабаби ихроҷи ӯро ба он рабт додаанд, ки "ҳам раводиди Тоҷикистон ва ҳам корти паноҳандагӣ дорад".
"Чанд намояндаи мақомот ба хонаи мо омада, гуфтанд, ки барои тафтиши ҳуҷҷатҳо бояд ба Душанбе равем. Ҳатто иҷоза надоданд, ки либосҳоямонро дигар кунем. Соати 8-и бегоҳ ба марз оварданд, хоҳарам хеле зорӣ кард, ки ихроҷ накунанд, мо касе надорем. Кормандони мақомот гуфтанд, бародаратон шуморо дар он тарафи марз интизор аст. Апаам ҳайрон шуд, ки чӣ хел бародар? Мо ака надорем. Бо вуҷуди зораву таваллои мо кормандони мақомот гуфтанд, ки супоришро иҷро мекунанд," -- афзуд Тамкин Меҳробиддин.
Назари мақомот дар ин масъала феълан маълум нест. Дар сурати дастрас шудани шарҳи расмӣ дар матлаб илова мешавад.
Шикояти қаблии Тамкин Меҳробиддин дар бораи озору азият вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Инстаграм, ба миён овард ва корбарон аз мақомот хостанд, қазияро таҳқиқ кунанд.