Як корманди консулгарии Афғонистон дар Хоруғ, ки зери итоати "Толибон" аст, бо тасдиқи хабар рӯзи 5-уми декабр гуфт, муҳоҷирон ба воситаи гузаргоҳи "Шерхон Бандар" ба Афғонистон гузаштанд.
Ба иттилои ӯ, ки нахост номаш бурда шавад, "муҳоҷирони ихроҷшуда дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе кору зиндагӣ доштанд".
"Санадҳояшон дуруст буд, аммо сабаби ихроҷро намедонам. Бештари ихроҷшудаҳо аз тарафи пулиси Ваҳдат бозҷӯйӣ ва сипас ронда шудаанд. Як бор 16 ва дафъаи дигар беш аз 40 нафар, яъне дар ду ҳолат, ихроҷ карда шудаанд," – афзуд ӯ.
Рӯё Ҳафизӣ, яке аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат (канори Душанбе), гуфт, шавҳараш Нақибулло Ҳафизиро рӯзи 4-уми декабр аз Тоҷикистон ихроҷ карданд.
Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, панҷ сол боз дар Тоҷикистон ҳастанд. Сабаби ихроҷи шавҳарашро касе ба ӯ шарҳ надодааст.
"Рӯзи чоршанбе дар идораи пулис будем. Омада, ҳамаро бор карда ба Душанбе бурданд. Баъдан шавҳарам тамос гирифт, ки дар марз ҳастем. Панҷ кӯдак дорам. Дар як таҳхона зиндагӣ мекунем. Ноновари хонавода шавҳарам буд, дигар намедонем чӣ кор кунем,” -- нақл кард ӯ.
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хабар надорад. Вале ҳамзамон афзуд, "бар асоси муқаррарот, вақте қоидаҳои будубошро риоят намекунанд, сабаби ихроҷашон мешавад."
Дар солҳои 2021 ва 2022 зиёда аз 80 муҳоҷири афғонистониро аз Тоҷикистон ронда буданд. Яке аз онҳо санади паноҳандагӣ доштааст.
Мақомот далели рондани онҳоро нақзи қоидаи иқомат номиданд. Кумисюни олии Созмони Милал он замон гуфта буд, ки маҷбуран ба кишварашон фиристодани муҳоҷирони афғонистонӣ ва афродеро, ки аз таъқиб фирор кардаанд, "ғайриқонунӣ буда, ҷони онҳоро зери хатар мегузорад."
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд.