Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тири иштибоҳӣ ба хоки Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Афғонистон дар пайи иштибоҳан ба хоки Тоҷикистон партоб шудани ду гулӯла расман аз Душанбе узр пурсидаанд.

Намояндагони Вазорати дифои Афғонистон барои шиллики ду гулӯлаи иштибоҳӣ ба хоки Тоҷикистон расман бахшиш пурсидаанд. Ин ду гулӯла аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар минтақаи Дарқади вилояти Тахор, ҳаммарзи ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба гурӯҳи Толибон ҳафтаи пеш партоб шуд.

Як мақоми баландпояи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон аз силоҳи навъи миномёт ду маротиба наздик ба деҳаҳои наздимарзӣ парронда шуд, аммо аз он касе осеб надид.” Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳамлаи ҷавобӣ омодагӣ мегирифтанд, ҷониби Афғонистон иштибоҳ будани ин тирпарониро шарҳ дода, расман маъзарат хостааст.

Ин аввалин тирпарронӣ аз он тарафи марз ба сӯи Тоҷикистон дар чанд соли ахир буд.

Ҷанг аз марзи Тоҷикистон дур шудааст

Мақомоти амниятии вилояти Тахори Афғонистон низ дар ин минтақа сурат гирифтани даргириҳо дар байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибонро тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, ҳоло ҳеҷ хатаре дигар вуҷуд надорад.

Халил Асир, қумандони амниятии вилояти Тахори Афғонистон рӯзи 12-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то чанде пеш дар вулусволии Дарқади Афғонистон ҷангиёни Толибон хеле фаъол шуда, ҳатто ба посгоҳҳои марзӣ ва пулис ҳамла карда буданд, аммо ӯ мегӯяд, дар пайи як ҳамлаи густарда толибон дар ин вулусволӣ заъиф шуда ва аз марзи Тоҷикистон то беш аз сад километр дур карда шуданд.

Халил Асир афзуд: “Ҳоло даргирӣ бо гурӯҳи Толибон хеле аз марзи Тоҷикистон дур шудааст. Дар пайи амалиёти мо даҳҳо толиб кушта шуд ва онҳо маҷбур ба ақибнишинӣ карданд. Ҳамкории мо бо ҳамтоёни тоҷик хеле хубу дӯстона аст".

Сокинон: “Мили танкҳо сӯи Афғонистон гардонида шудааст”

Ин мақоми амниятии Афғонистон дар ҳоле аз дур шудани ҷангҳо бо толибон аз марзи Тоҷикистон сӯҳбат мекунад, ки сокинони ноҳияи Фархори Тоҷикистон аз садои ҳамашабии тирпарронӣ дар наздикиҳои марз изҳори нигаронӣ мекунанд.

Фотима Маҷидова, сокини ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор мегӯяд, 10 рӯзи пеш марзбонон ба онҳо гуфтанд, бо эҳтиёт гаштугузор кунанд ва шабона ба берун набароянд. Ин сокини ҷамоати Дарқад, ки ҳоло дар хонаи наздиконаш дар ҷамоати Гулистони Фархор ба сар мебарад, гуфт, нерӯҳои зиёде деҳоти онҳоро печонидаанд. Вай гуфт:

“Набераи хурд дорам. Ҳар шаб ва қарибии саҳар ҳамеша тирпарронӣ мешавад. Барои ҳамин гуфтам, то гум шудани тирпарронӣ дар хонаи додарам зиндагӣ кунам. Марзбонҳо ҳам дар марз хандақҳои калон-калон кандаанд ва милҳои танкҳояшон ба сӯи Афғонистон гардонида шудаанд", - афзуд ин сокини Фархор.

Ситора Раҷабова, сокини дигари ҷамоати Дарқад, ки хонааш се километр дуртар аз хатти сарҳад қарор дорад, мегӯяд, сарбозону афсарони марзбон, ки ҳоло аз дигар қисмҳои ҳарбӣ ба таври изофӣ ба марз омадаанд, мардумро итминон медиҳанд, ки нигарон набошанд. “Моро мегӯянд, ки "хола, парво накунед, ҳеҷ гапе нест ва ин тирпаррониҳо муваққатианд. Миёни душманро меканем, ягон парво накунед". Аммо ба ҳар ҳол ташвиш мешавем.”

Беш аз як сол боз дар шимоли Афғонистон, ки ба вилояти Бадахшон ва Хатлони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, гурӯҳҳои ҷангиёни Толибон ҳузури чашмгир пайдо кардаанд. Чанд вулусволии вилояти Бадахшон таҳти назари Толибон гузашта, задухӯрд бо онҳо дар дигар манотиқи марзӣ идома дорад, дар ҳоле ки то чанде пеш садои тирпарронӣ хеле наздик ба гӯш мерасид ва мақомоти Тоҷикистон аз 25 километр наздик шудани Толибон ба марзи ин кишвар хабар медоданд, ҳоло мақомоти амниятии Афғонистон аз даҳҳо километр дур кардани толибон аз марзи Тоҷикистон хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG