Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фиристандаҳоро бигиред, то ҷангиён аз мавҷи онҳо истифода накунанд"


Хадамоти алоқа бо таъкид ба ноамниҳои ахир дар шимоли Афғонистон аз ширкатҳои мобилӣ хостааст, ки фиристандаҳои худро дарунтар биоранд, то ҷангиён аз мавҷи онҳо истифода накунанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз раҳбарияти ширкатҳои мобилӣ ва дастраскунандагони Интернет хостааст, бо назардошти вазъи ноороми шимоли Афғонистон "антенна" ё фиристандаҳои худро, ки дар манотиқи марзӣ вуҷуд доранд, дарунтар биоранд.

Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, ин тасмим ба он хотир гирифта шудааст, ки фиристандаҳо ба дасти ҷангиёни хориҷӣ қарор афтода, мавриди истифода қарор нагиранд. "Азбаски вазъи сиёсии Афғонистон, ба хусус дар манотиқи шимолии он, ноором аст, хостем, то фиристандаҳоро ба дарунтар биоранд. Ҳадаф танҳо ҳамин аст," -- таъкид кард Холмуродова.

Масъулони ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, аз ҷумла Babilon, Tcell ва Билайн мегӯянд, ки дар навоҳии марзии вилояти Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб барои сокинон фиристандаҳои худро насб кардаанд ва садҳо сим-корт аз ҷониби сокинон мавриди истифода қарор дорад.

Як намояндаи ширкати Babilon рӯзи 31 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун чунин дархости расмиро аз Хадамоти алоқа дарёфт накардаанд ва феълан ҳеч мушкил дар маҳалли вуҷуди фиристандаҳо дар минтақаҳои марзӣ бо Афғонистон низ мушоҳида нашудааст. Манбаъ гуфт, "дар сурати пеш омадани масъала дар мавриди антеннаҳо ин масъаларо меомӯзем ва тасмим хоҳем гирифт, ки онро ба кадом гӯшаи амнтар ва мувофиқтар интиқол диҳем."

XS
SM
MD
LG