Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поксозӣ дар шимоли Афғонистон аз Форёб шурӯъ шуд


Мақомоти низомии Афғонистон рӯзи 3 август дар бораи аз назорати толибон хориҷ шудани як минтақаи муҳими стратегии Қароӣ дар волусволии Алмори вилояти Фарёб хабар доданд. Вилояти Форёб бо Туркманистон ҳаммарз аст.

Муҳаммадризо Ризоӣ, сухангӯи нерӯҳои пиёдагарди артиши Афғонистон, рӯзи 3 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар озод кардани Қароӣ аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода шуд. Дар амалиёт, ба гуфтаи ӯ, дасти кам 7 тан аз ситезаҷӯён кушта шуданд.

Ҳамчунин, бино ба иттилои Ризоӣ, нерӯҳои ҳукуматӣ дар талоши таҳти назорати давлат баргардонидани волусволии Қайсор муваффақ буданд ва онҳо толибонро 20 рустои ин минтақа берун карданд.

Ду ҳафта пеш Раиси шӯрои вилоят Сайид Абдул Боқӣ Ҳошимӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ тақрибан дар ҳама волусволиҳои Форёб ақибнишинӣ кардаанд ва хатари аз сӯи ситезаҷӯён ишғол шудани маркази вилоят Маймана мавҷуд аст. Тайи фақат як ҳафта 30 рустои волусволии Қайсар, 40 рустои волусволии Алмар ва 35 рустои Ширин Тагобро ишғол карда буданд.

Дустум дар Фарёб
Дустум дар Фарёб

Бештари коршиносони масоили низомӣ пешрафти артиш дар Фарёбро бо он омил марбут мекунанд, ки генерал Абдулрашид Дустум, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон, барои баргузор кардани амалиёт алайҳи Толибон ба Фарёб омад. Аз ин пеш ӯ ба гурӯҳҳои мустақар дар вилоятҳои шимолӣ як ҳафта вақт дод, то ки таслим шаванд ва ба раванди сулҳ дар Афғонистон пайванданд. Генерали ӯзбак гуфта буд, ки омода аст ба ҷабҳа равад ва амалиёт алайҳи ситезаҷӯёнро раҳбарӣ кунад.

Бино ба хабарҳо, генерал Дустум, волии вилояти Балх Ато Муҳаммади Нур ва муовини раиси иҷроияи Афғонистон Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ ба хотири поксозии шимоли кишвар эътилоф таъсис кардаанд.

Поксозии Фарёб, ба гуфтаи коршиносон, марҳалаи аввали аз шимоли Афғонистон берун кардани “Толибон” аст. Саид Аҳмад Наҷиб, таҳлилгари афғон, мегӯяд, замоне, ки генерал Дустум фармондеҳи қудратманди шимол буд, дар қаламрави зери назораташ ягон “ҳаракати ноҷо”-и гурӯҳҳои мухолиф вуҷуд надошт. Аммо солҳои ахир заъиф шудани қудрати генерали узбак боиси он шуд, ки толибон ва гурӯҳҳои ифротӣ аз Осиёи Марказӣ дар шимоли Афғонистон ҷйои пой паӣдо кунанд, мегӯяд Саид Аҳмад Наҷиб. Албатта, Дустум дар Фарёб нуфуз дорад, аммо, ба гуфтаи таҳлилгари афғон, ҳанӯз наметавон гуфт, ки тавозуни нерӯҳо то куҷо ба нафъи ҳукумат аст. Аз сӯи дигар, генерал Дустум чун муовини раисиҷумҳур имкони онро дорад, ки ба ин минтақанерӯҳои нав ворид карда шаванд .

Таҳлилгари афғон мегӯяд, ки ҷангҳои шадиде, аз ҷумла, дар Фарёб дар пешанд. Амалиёт дар Фарёб нишон хоҳад дод, ки артиши Афғонистон то куҷо тавони поксозии дигар вилоятҳои шимолӣ аз толибонро дорад, меафзояд ӯ. Айни ҳол ситезаҷӯён, ки миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ҳам хело зиёданд, дар ҳадди аққал панҷ вилояти шимолии Афғонистон – Бадахшон, Тахор, Қундуз, Форёб ва Ҷузҷон мустақар шудаанд.Ба гуфтаи Зикриё Савдо, узви комиссиюни амниятии парлумони Афғонистон, фақат дар дараи Хастаки волусволии Ҷурми Бадахшон аз 200 то 400 тан аз мусаллаҳон аз Узбакистон, Тоҷикистон, Чин ва Чеченистони Русия ҳузур доранд. Гуфта мешавад, дар вилоятҳои Ҷузҷону Форёб ахиран мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам пайдо шудаанд. Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Афғонистон чанд рӯз пеш дар нишасте дар Сенати кишвар гуфт, ки ҳадаф аз ҳузури “эмиссарҳо” ва ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон – густариши фаъолияти ин гурӯҳ дар кишварҳои Осиёи Марказист.

XS
SM
MD
LG