Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, парвандаи маъмурӣ барои вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар на нисбати раиси ширкати Роҳи Оҳан, балки ҳамсари ӯ боз шудааст. Ин парванда марбут ба бемасъулиятии модар дар тарбияи фарзанди 16-солааш Расули Амонуллоҳ аст, ки бо ширкати ӯ шаби 9 октябр дар маркази Душанбе сонеҳаи пурфоҷеаи автомобилӣ рух дод.
Темур Ҳафизов, муовини раиси додгоҳи Исмоили Сомонии пойтах рӯзи 19-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан парвандаи маъмурӣ алайҳи модари Расули Амонуллоҳ рӯзи 18 ноябр вориди додгоҳ шуд ва ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба иттилои Ҳафизов, ҳоло додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба омӯзиши парванда машғул аст.
«Ин парвандаи ҷиноӣ ё шаҳрвандӣ нест, ки шахси айбдоршаванд ба ҷазои шадид гирифтор шавад. Парвандаи модари Расули Амонуллоҳ як парвандаи маъмурӣ буда, ҷазояш ҳам дар чаҳорчӯби қонунҳои маъмурӣ муайян хоҳад шуд», зикр кард ҷаноби Ҳафизов.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи манобеи ВКД вобаста ба беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ дар баробари таълиму тарбияи фарзанд нисбати падари Расули Амонулло – Амонуллои Ҳукуматулло аз рӯи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ёфта ва ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шудааст. Тибқи Кодекси маъмурии Тоҷикистон қарор аст, ки додгоҳ ҳаҷми ҷарима алайҳи ҳамсари Амонуллоҳро мушаххас кунад.
Дафтари матуботи ВКД 19 ноябр ба радиои Озодӣ гуфт,ки санади мазкур барои вайрон намудани талаботи моддаи 8 сархати 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тартиб дода шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятии садамаи нақлиётӣ бошад, идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, дар робита бо ҷараёни тафтиши садамае, ки се нафарро куштаву се тани дигарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, нисбати иштирокчии дигари садама - Умарҷон Шарипов, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вале нисбати Расули Амонуллоҳ чизе гуфта намешавад. Дар як иттилоияе, ки Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 19-уми ноябр дар сомонаи худ нашр кард, гуфта мешавад, ки Умарҷон Шарипов, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе буда, пеш бо моддаи 237, қисми 2 кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст. Нисбати Умарҷон Шарипов мутобиқи моддаи 212, қисми 3 кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад, вале то ҳол худи Шарипов аз ҷониби мақомот дастгир нашудааст.
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар як иттилоияи расмӣ, ки рӯзи 24-уми октябр дар сомонааш нашр шуд, гуфта буд, тафтишот Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ - раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро низ мавриди пурсиш қарор додааст:
"Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятии садамаи нақлиётии шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли равон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух дода, иштирокчии он Расули Амонуллоҳ ба Тоҷикистон оварда шуда, ӯ ва падару модараш низ мавриди пурсиши мақомоти тафтишотӣ қарор дода шуданд." Расули Амонуллоҳ ҳамагӣ чанд соат пас аз садамаи нақлиётии маргбор, ки 3 кас кушта бар ҷой гузошту 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, ба гуфтаи мақомот ва таъйиди падараш, ба Олмон рафта буд.
Шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли равон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе Расули Амонуллоҳ, писари раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон бо мошини БМВ дучори як садамаи автомобилӣ шуд, ки 3 кушта ва 3 захмӣ бар ҷой гузошт. Тафтишот мегӯяд, дар қиболи ин садама парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, иттиҳоме, ки алайҳи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ эълон шудааст, тибқи парвандаи маъмурӣ баррасӣ мешавад, аммо Расули Амонуллоҳро бар асоси моддаи 212 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муҳокима мекунанд, ки бар пояи он, афроди аз 16 – сола боло ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд: «Дар банди сеюми ин модда омадааст, афроде, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ муҷиби марги аз 2 нафар бештар шудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Ин банди моддаи 212 маҳрумият аз озодӣ аз 5 то 10 солро пешбинӣ мекунад.»
Аммо ба таъйиди худи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, ки тариқи нашрияи вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъи расонаҳоро ботил кардааст, ҳанӯз маълум нест, ки сари чанбари он мошин писари ӯ буд ё каси дигар. Мақомоти тафтишотӣ ин даъвои раиси раиси ширкати роҳи оҳанро бепоя хонданд. Вале тақрибан 3 ҳафта баъди садама вазорати умури дохила эълон кард, ки як иштирокчии дигари садамаи 9-уми октябр Умар Шарифовро ҷустуҷӯ доранд ва ӯ ҳанӯз боздошт нашудааст. Ширкатдори нав парвандаро дар ҳоли номуайянӣ қарор дод, зеро маълум нест, ки Умар Шарифов дар ин сониҳа чӣ нақш дорад.
Дар ҳамин ҳол, Аҳлиддин Саидов, падари Аловиддин Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ба таҳқиқи мунсифонаи ин қазия бовар надорад, чун аз оғоз гардишҳое ба назар мехӯранд, ки ин гумони ӯро тасдиқ мекунанд: «Маро ҳамагӣ як маротиба кормандони милиса даъват карданд. Он ҷо ман дидам, ки шаби 9 октябр Амонуллоев Абдурасулро боздошт кардаанд. Аммо баъд фаҳмидем, ки ӯ ба Олмон барои табобат рафтааст. Чаро ӯро боздошт карданд ва раҳо намуданд? Ва имрӯз мегӯянд, ки гунаҳкор як каси дигар аст? Худи Ҳукумов гуфт, ки писарамро табобат мекунам, меорам ва ба ихтиёри қонун месупорам. Аммо имрӯз гап дигар аст. Яъне қонун барои сарватманд дигар асту фақир дигар?»
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан изҳор дошта буд, ки барои дақиқ намудани ҳолатҳои сониҳаи мазкур экспертизаҳои автотехникӣ-трассологӣ, судӣ - тиббӣ, наворшиносӣ ва аксшиносӣ таъин карда шудаанд ва пас аз хулосаҳои зарурӣ мақомоти тафтишотӣ қарори худро дар робита ба ин параванда эълон хоҳанд кард.
Ин, ки додгоҳи Исмоили Сомонӣ мавҷудияти парванда алайҳи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳро рад ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рафтани парванда ба додгоҳро таъйид мекунанд, боз як суоли дигари ин қазия аст, ки дар ҳоли ҳозир бепосух мемонад. Зимнан, ҳарду манбаъ ҳам дар ироаи иттилоъ дар бораи ин қазия хеле аз эҳтиёт кор мегиранд.
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, ки аз афроди хеле пурнуфуз ва наздик ба раисҷумҳури Тоҷикистон шинохта мешавад, 1 майи соли 1951 дар ноҳияи Коммунистӣ ( ҳоло - Бохтар)-и вилояти вақти Қӯрғонтеппа (ҳоло -Хатлон) ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ дар замони Шӯравӣ ба ҳайси фурӯшандаву мудири мағоза, мудири амбор ва раиси коргоҳи корхонаи консерви Қӯрғонтеппа, раиси хоҷагии ангурпарварӣ ва мудири дӯкони фурӯши маводи сӯхт(АЗС) кор кардааст.
Парвози ӯ ба мансабҳои баланд баъди рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ соли 1995 аз шаҳри Қӯрғонтеппа вакили парлумон интихоб шуда буд. То соли 2002 депутати Маҷлиси Олӣ ва баъд аъзои Кумита оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон интихоб шуд. То соли 2002 роҳбари ширкати давлатии «Нафтрасон» буд ва моҳи январи соли 2002 раҳбари яке аз корхонаҳои стратегӣ - ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон таъйин шуд.