Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, агар вай ба ин мошин менишаст, рӯзи дигар шояд хабари маргаш нашр мешуд: «Мо одатан соати 12-и шаб аз кор мебароем. Ҳамон шаб онҳо куҷое мерафтанд. Уктам ба ман гуфт, биё, туро то хонаатон бурда монем. Ман розӣ нашудам. Гуфтам, худам меравам. Баъд онҳо худашон рафтанду пагоҳаш шунидам, ки ба садама дучор шудаанд.»
Ин пешхидмати чойхонаи «Роҳат» ба Радиои Озодӣ гуфт, Уктам Мансурови 25-сола, писари мудири чойхонаи «Роҳат», ки фақат гаҳ-гоҳе ба ин чойхона меомад, то ба зердасти падараш мадад расонад, он шаб дурудароз ва пуршӯр рақсида буд. Пешхизматҳои чойхона ин ҳолатро ғайримуқаррарӣ меноманд ва мегӯянд, Уктам, хатмкардаи Донишгоҳи славянӣ, падари як писари сесола, як ҷавонмарди орому хоксор буд.
Пас аз нимашаб корманди дигари чойхонаи «Роҳат» -- Мадина Аҳмадоваи 21-сола ҳамроҳи Уктам ба «Жигулӣ»-и тамғаи 014-и Аловуддин Саидов нишаст. Дар роҳ онҳо ҳамкори пешинаи худ Шокир Маталиеви 24-соларо вохӯрданд ва ӯро низ ҳамроҳ гирифтанд. Соати дувуними шаб дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Теҳрон «БМВ»-и сиёҳи рақамаш «крутой» -- «20-20 РТ 01» бо суръати бисёр баланд ба мошини онҳо бархӯрд.
Ронанда Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид ва Уктаму Сурайё дар роҳ ба бемористон. Мадина ва Шокир ҳоло дар бемористони Қарияи болоянд. Вазъи Мадина, зоҳиран, чандон вазнин нест, аммо ӯ аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки аввал барои чунин сӯҳбат барои 6-и шоми 9-уми октябр вақт гузошт, вале дар ин байн муфаттишон наздаш омаданд ва то соати 8 ӯро бозпурсӣ карданд. Пас аз ин бозпурсӣ Мадина бисёр асабонӣ буд ва нахост ба суолҳои мо посух диҳад. Вай гуфт, «дигар ба касе чизе» гуфтан намехоҳад.
Яке аз пизишкони Қарияи боло, ки ба муолиҷаи Мадина машғул аст, мегӯяд, мағзи Мадина такон хӯрдааст: «Аҳмадоваро бештар сараш осеб дидааст ва чӣ воқеа рух доданашро намедонад. Зеро Мадина дар гӯшҳояш "наушник" монда, мусиқӣ гӯш мекардааст, ки вақте ба ҳуш омадааст, сару рӯяшро хунолуд ва худро дар беморхона дидааст.»
Дар бинои дигари бемористон Шокир Маталиевро муолиҷа мекунанд. Вай ва модараш аз суҳбат худдорӣ карданд. Модари ӯ гуфт: «Бо он ки чизе мегӯям, касе бароям кӯмак намекунад. Мушкилам ҳал намешавад. Чаро беҳуда гап занам? Вазъи писарам хуб нест, аммо шукрона бади бад ҳам нест.»
Маҷруҳи дигари садама -- Азиза Рӯзиеваи 22-сола, ки вазъаш ба маротиб сангинтар аст, ба гуфтаи модараш Гулнора дар ҳеҷ кадоме аз мошинҳо набуда, дар лаҳзаи садама канори роҳ қарор доштааст. Пизишкон тасдиқ мекунанд, ки вазъи Азиза сангин аст. Модари ӯ бо чашмони пурашк ва ҳолати афсурда ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзанди ягонааш ҳангоми бозгашт аз зодрӯзи дугонааш қурбонии тасодуфи садамаи нақлиётӣ шудааст:
«Дарунаш ҳама маъюб шудааст. Ҳамааш заҳру зардоб аст. Тухмдон ва талхадонашро гирифтаанд. Духтурон ҳам ба ман чизе намегӯянд. Танҳо мегӯянд, Худо шифо диҳад. Умед ҳаст, аммо пас аз 10 рӯз муайян мешавад. Духтур гуфт, вақти ба беморхона оварданд, ҳатто нафас кашида наметавонист. Дугонаҳош худашон каму ним маблағ дода, кӯмак карданд. Ҳоло аз ҷойе ба ман кӯмак намекунанд.»
Хонуми Гулнора гуфт, дар чанд шабонарӯз духтараш танҳо як лаҳза ба худ омад ва базӯр садо баровард, ки «аяҷон аз пешам наравед.» Азиза падар надорад ва бо модараш, ки ба ҳайси пешхизмат кор мекунад, дар манзиле иҷоранишинанд.
Бархе аз беморон ва пизишкони беморхонаи Қарияи боло мегӯянд, шаби 8-ум ба 9-уми октябр бо таксиҳои алоҳида 6 нафарро ба ин ҷо оварданд, аммо се нафарашон аллакай ҷон бохта буданд. Ҳеҷ касе аз мошини БМВ-и Расули Амонулло, писари 16-солаи раиси Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон, ба бемористон интиқол дода нашудааст.
Пайвандони маҷрӯҳшудагон гаштаю баргашта аз мо мепурсиданд, ки Расули Амонулло куҷост ва оё боздошт шудааст? Ин суолест, ки посухашро бояд мақомоти Тоҷикистон диҳанд.