Як моҳ баъди садмаи пурфоҷеае бо ширкати Расули Амонуллоҳ - писари раиси ширкати давлатии «Роҳи оҳани» Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматулло, мақомот мегӯянд, тафтиш ба анҷом нарасидааст. Мурод Зоиров, сардори Шӯъбаи тафтишоти садмаҳои автомобилии ВКД Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр, дуруст баъди як моҳи рӯй додани садамае, ки се нафарро кушта ва се нафари дигарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, гуфт, тафтиши ҳаматарафаи ин ҳодиса идома дорад. Вай аз шарҳи ҷузъиёти ин парванда худдорӣ кард ва гуфт, ки то замони анҷоми пурраи таҳқиқи парванда, бо васоти ахбори умум сӯҳбат нахоҳад кард.
Айни замон, мақомоти Бозрасони автомобилии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳамроҳ бо муфаттишони ВКД дар оғози ҳафтаи ҷорӣ ташхиси автотехникӣ-трассологии ин садамаро ба анҷом расонидаанд ва хулосаи худро ба муфатишони Вазорати корҳои дохилӣ пешинҳод кардаанд, аммо дар хусуси хулосаи ин тахшис ҳамчунин феълан хабаре пахш намешавад.
Дар натиҷаи садамае, ки соати дувуними шаби 9 октябр дар маркази Душанбе рух дод ва имрӯз ба номи Расули Амонуллоҳ рақам зада мешавад, Саидов Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили автомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Турсунзода, ва Уктам Мансуров, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ва писари раиси чойхонаи "Роҳат", дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Се нафари дигар дар натиҷаи ин садама захмҳои сангин бардошта, дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон айбдоршавандаи асосӣ дар садамаи маргбори шаби 8 ба 9 октябр, ки ҷони се нафарро гирифт ва се нафари дигарро маҷруҳ кард, фарзанди раиси "Роҳи оҳани" Тоҷикистон Расули Амонуллоро эълон намуда, аммо тақрибан як ҳафта баъд, рӯзи 22 октябр дар сомонаи расмии ин ниҳод нафари дигар бо номи Умар Шарифов ҳамчун иштирокчии ин садама зикр шуд. Ба қавли намояндагони вазорати корҳои дохилӣ, дар лаҳзаи рух додани садама Умар Шарифов низ дар дохили БМВ ҳамроҳи Расули Амонулло ҳузур доштааст.
Ин дар ҳолест, ки дар изҳороти рӯзи 11 октябри ВКД, чунин гуфта шуда буд: «Тафтишот муайян кард, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 20-20 РТ 01 шаҳрванд Расули Амонуллоҳ соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ ҳаракат карда, ба нақлиётии тамғаи «ВАЗ-21014» рақами қайди давлатиаш 80-36 ВВ 01, таҳти идораи ронанда Саидов Аловуддин Аҳлиддинович соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои шаҳри Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додаст».
Вале падари Расули Амонулло – раиси ширкати “Роҳи оҳани” Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло ба бегуноҳии писараш таъкид карда, матбуотро дар пахши гузоришҳои дурӯғин ва тӯҳмати фарзанд гунаҳгор кардааст.
Рӯзи 8 ноябр оҷонсии “Озодагон” навишт, ки Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон бо ирсоли мактубе унвонии рӯзномаи “ИмрӯзНюс” аз Амонуллои Ҳукуматулло ҳимоят кард.
Дар ин нома, ки бо имзои Гулчеҳра Ҷалолова, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён ва наздики 15 нафари беному насаб навишта шудааст, ВАО дар тобиши сиёсӣ додани ин садама ва паҳн намудани маълумоти бардурӯғу асоси воқеӣ надошта муттаҳам мешавад. “Ҳамаи хабарҳои вобастаи он ҳодиса дурӯғгу беасос ва хаёли бофтаи муаллифон буда, мақсад танҳо ҳарчӣ бештар беобрӯ кардани Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Амонуллои Ҳукуматулло асту халос”,-менависад оҷонсӣ бо такя ба матни ин мактуб. Дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ хонум Ҷалолова ин хабарро тасдиқ кардааст.