Дар раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфтанд, ки садама субҳи рӯзи 9-уми ноябр дар ҳудуди ноҳияи Файзобод рух додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" рақами давлатиаш 0266 АЕ 08 ронандааш Юсуфи Фирдавсӣ, соли таваллудаш 1979 бо мошини тамғаи "Опел" шумораи давлатиаш 2850 АЕ, ронандааш Сабзалӣ Олимов, соли таваллудаш 1985, бармехӯранд.
Дар пайи ин ҳодиса ҳар ду ронанда ва чаҳор мусофири ҳомили ин ду худрав дар ҷои ҳодиса бо бардоштани ҷароҳатҳои сангини ҷисмонӣ, ба ҳалокат мерасанд.
Яке аз мусофирони дигар дар беморхона ноҳияи Файзобод ҷон бохтааст.
Мақомоти бозрасии давлатии автомобили ноҳияи Файзобод дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки автомошинае, ки аз самти ноҳияи Файзобод ба тарафи Роғун дар ҳаракат будааст, тибқи таҳқиқоти онҳо аз рӯи 100 то 120 километр дар як соат ҳаракат мекардааст. Ва дар маҳалае, ки ҳодиса рух додааст, биниш ба пеш маҳдуд будааст ва шояд, ки ронанда ба сабқат баромада, ба садама дучор шуда бошад.
Тибқи иттилои раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, аз ибтидои соли равон дар роҳҳои автомобилгарди кишвар 1230 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки дар пайи он 400 нафар ба ҳалокат расида, 326 нафар дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Аз пурсарусадотарин ҳодисаи автомобилӣ дар соли равон, садамаи маргбор шаби 8 ба 9 октябр буд, ки гуфта мешавад писари 16-солаи раиси идораи Роҳи Оҳани Тоҷикистон сари фармони БМВ будааст.
Дар натиҷаи ин садама Саидов Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили автомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Турсунзода, ва Уктам Мансуров, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ва писари раиси чойхонаи "Роҳат", дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Се нафари дигар дар натиҷаи ин садама захмҳои сангин бардошта, дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон айбдоршавандаи асосӣ дар садамаи маргбори шаби 8 ба 9 октябр, ки ҷони се нафарро гирифт ва се нафари дигарро маҷруҳ кард, фарзанди раиси "Роҳи оҳани" Тоҷикистон Расули Амонуллоро эълон намуда, аммо тақрибан як ҳафта баъд, рӯзи 22 октябр дар сомонаи расмии ин ниҳод нафари дигар бо номи Умар Шарифов ҳамчун иштирокчии ин садама зикр шуд. Ба қавли намояндагони вазорати корҳои дохилӣ, дар лаҳзаи рух додани садама Умар Шарифов низ дар дохили БМВ ҳамроҳи Расули Амонулло ҳузур доштааст.