Абдулфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон сару садоҳо дар робита ба бозҷӯиву даъват шуданаш ба сӯҳбат дар робита ба боздошти кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро, рад кард. Абдулфаттоҳи Ғоиб аз ин пеш дар мақоми раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъолият карда буд.
Абдулфаттоҳи Ғоиб: "Фирор накардам ва бозҷӯӣ ҳам нашудаам"
Абдуфаттоҳ Ғоиб рӯзи 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар мавриди боздошти кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод ва имкони рабт доштанаш ба ин қазия гуфт, "ҳеҷ гоҳ бозҷӯӣ нашудаам ва нисбати ман ҳеҷ гуна тафтишоте сурат нагирифтааст". Вай ҳамчунин гуфт, ки бархе расонаҳо дар бораи фирори ӯ аз Тоҷикистон хабар пахш кардаанд, ки дур аз воқеият мебошад.
Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар пайванд ба боздошти Фахриддин Бозоров, муовини сардори Раёсати мубориза бо қочоқи гумрукӣ ва Фаридун Беназирзода, муовини сардори минтақавии гумруки вилояти Суғд гуфт, ки боздошти онҳо ба фаъолияташон дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рабт дорад ва бинобар ҳамин, аз додани маълумоти бештар худдорӣ кард. Вай афзуд, ки ин сирри тафтишот аст ва дар сурати собит шудани иттиҳомот, додгоҳ дар нисбати онҳо ҷазоҳои сазовор таъйин мекунад.
Вай дар робита ба 10 парвандаи кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ахиран ба Додгоҳи олӣ ирсол шуданд ва ба истилоҳ аксари онҳо "шогирдон" ё "кадрҳо"- Абдулфаттоҳи Ғоиб мебошанд, гуфт, “замоне, ки ман барои кор ба агентӣ рафтам, Фирӯз Холмуродзода, аллакай сардори шӯъба буд, Фахриддин Бозоров ҳам муфаттиш буд, қабл аз ман фаъолият карданд. Ин, ки якҷо кор кардем, маънои устодию шогирдӣ надорад. Агар касе ҷиноят кардааст, ҷавоб медиҳад. Мақомот қилро аз хамир ҷудо мекунанд. Парвандаҳо махфӣ мебошанд”.
Бо ин, ки аз замони боздоштҳои гурӯҳи кормандони собиқи оҷонсӣ се моҳ мегузарад, то ҳанӯз барои матбуот мушаххасан гуфта нашудааст, ки ривояти ҷинояти эҳтимолии содиркардаи ин афрод чӣ аст ва дар кадом маврид мушаххасан онҳо даст ба фасод ва ришвахорӣ задаанд.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 17-уми июл гуфт, ки парвандаи даҳ корманди Оҷонсии зиддифасод, аз ҷумла муовини собиқи раиси ин ниҳод Давлатбек Хайрзода ва сардори раёсати тафтишот Фирӯз Холмуродзода барои баррасӣ ва муҳокима ворид шудааст. Шермуҳаммади Шоҳиён дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин даҳ нафар ба “қаллобӣ”, “гирифтани пора” ва ҷиноятҳои дигар муттаҳаманд.
Қаблан дар матбуот дар бораи боздошти аз 5 то 9 корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сӯҳбат мешуд. Ҳоло раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон боздошти даҳ корманди оҷонсиро тасдиқ кард ва ин нахустин мавриди таъйиди расмии ин теъдод аз кормандони Оҷонсӣ мебошад.
"Ҳодисаҳои фасод дар гумрук вуҷуд дорад"
Дар идомаи сӯҳбаташ бо матбуот Абдуфаттоҳи Ғоиб вуҷуди ҳодисаҳои фасод дар Хадамоти гумруки Тоҷикистонро рад накард ва гуфт: "Ин ҳодисаҳо ҳаст. Аз рӯи мошину хонаҳояшон инро ҳама медонад. Ҳеч вақт мошину хонаро пинҳон карда намешавад. Акнун ин ба инсофу виҷдони шахс вобаста аст, ки то имрӯз кор карда омад. Аммо ҳозир ин гуна шароит нест. Аксар вақт кормандон ариза навишта, аз кор рафта истодаанд."
Ин дар ҳолест, ки дар сайти расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар мавриди ҷойҳои кор дар Дастгоҳи марзӣ ва раёсатҳои Хадамоти гумрук дар вилоятҳо ва шаҳрҳо эълон мунташир кардааст. Бо вуҷуди ночиз будани маош, ки барои лейтенант 800 сомонӣ (тахминан 100 доллари амрикоӣ) пешбинӣ шудааст, барои ишғоли 39 вазифа дар ин ниҳод беш аз 800 довталаб дархост пешниҳод карда ва 285 нафар дар марҳилаи тестӣ пирӯз шудаанд.
“Парда аз роз бардошта шуд”
Гузашти тақрибан ду моҳ аз боздошти пурсарусадои баъзе муфаттишон ва собиқ мақомдорони баландпояи Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон билохира парда “аз ин роз” бардошта шуд ва мақомоти Додгоҳи Олӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон боздошту ирсоли парвандаҳо ба додгоҳро тасдиқ карданд. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки чаро дар ин муддат масъулони ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон аз шарҳи боздоштҳои бесобиқаи кормандони баландпояи Оҷонси мубориза бо коррупсия худдорӣ карданд?
Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, маҳз ҳамин сукути мақомот дар мавриди боздоштҳои пурсарусадо овозаҳои зиёдеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овард. Вай гуфт: "Ғайришаффоф ва махфӣ будани маълумот барои вайрон кардани қонун ангеза хоҳад шуд. Ҳамин вазъ барои густариши коррупсия ва амалҳои дигари номатлуб маншаъ мешавад. Махфӣ баррасӣ шудани парванда дар додгоҳ, боиси муҳокимаи ноадолатона хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, мунташир шудани маълумот дар бораи парвандаҳои коррупсионӣ, метавонад ҷанбаи пешгирикунанда ҳам дошта бошад".
Дар бораи шурӯи боздоштҳои пурсарусадои кормандони собиқу амалкунандаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия охири моҳи апрел хабарҳо пахш шуд. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон ин боздоштҳоро шарҳ надода ва расонаҳо асосан аз манобеи мухталиф, ки аз онҳо ном бурда намешавад, хабарҳоро пайгирӣ мекарданд.
Ягона хабаре, ки намояндагони оҷонсӣ ва он ҳам ғайрирасмӣ гуфтаанд, ин аст, ки Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши калони оҷонсӣ ба "қаллобӣ" ва "сӯистифода аз мақом", муттаҳам мешавад. Боздошти Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси оҷонсиро бародараш Қутбиддин Хайров тасдиқ карда гуфта буд, ки Хайрзода иттиҳомоти воридаро эътироф намекунад.
Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар посухи расмиаш ба Радиои Озодӣ вуҷуди парвандаи кормандони собиқи ин оҷонсро дар дасти тафтишот тасдиқ кард, вале гуфт, ки хабарҳо дар матбуот оиди пайдо шудани миллионҳо пулу тилло ҳақиқат надорад.
Бо ин, ки аз замони боздоштҳои гурӯҳи кормандони собиқи оҷонс се моҳ мегузарад, то ҳанӯз барои матбуот дақиқан гуфта нашудааст, ки ривояти ҷинояти эҳтимолии содиркардаи ин афрод чӣ аст ва дар кадом маврид мушаххасан онҳо даст ба фасод ва ришвахорӣ задаанд.