Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии зидди фасод "миллионҳо"-и боздоштшудаҳоро рад кард


Сулаймон Султонзода
Сулаймон Султонзода

Раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба дархости Радиои Озодӣ посухи катбӣ дод ва гуфт, ки як гурӯҳи махсуси тафтишотӣ парвандаи кормандони боздоштшудаи ин ниҳодро таҳқиқ дорад. Дар номаи Сулаймон Султонзода, ки рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, ин гурӯҳ аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил шудааст.

Ҳарчанд Султонзода дар номаи худ боздошти чанде аз кормандони собиқи ин ниҳодро тасдиқ кард, вале ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд. Ӯ гуфтааст, “бо назардошти халал нарасондан ба рафти тафтишоти пешакӣ доир ба саволҳое, ки ба оғоз ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба собиқ кормандони Агентӣ тааллуқ доранд, пешниҳоди маълумоти дахлдор айни ҳол ғайриимкон мебошад."

Худи раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар посухаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин парванда аз сӯи гурӯҳи вижа аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, тафтиш мешавад.

Раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳамзамон пайдо кардани 35 миллион доллар аз хонаи модари Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раҳбари ин ниҳод; 1,3 миллион доллар ва 6 кило тилло аз манзили истиқоматии сардори пешини Раёсати тафтишот Фирӯз Холмуродзода; халтаҳои пури пулу тилло ва сангҳои қиматбаҳо аз бункери муфаттиши калон Фирдавс Ниёзбадалов ва сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био-Папа"-и шаҳри Маскав дар парвандаи Зайд Саидовро “беасос” номид.

Давлатбек Хайрзода
Давлатбек Хайрзода

Дар бораи шурӯи боздоштҳои пурсарусадои кормандони собиқу амалкунандаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия охири моҳи апрел хабарҳо пахш шуд. Аммо то кунун мақомоти расмии Тоҷикистон ба таври комил ин боздоштҳоро шарҳ надодааст. Расман маълум нест, ки чӣ қадар аз корманди Оҷонсии зидди фасод боздошт шуда, онҳо ба чӣ муттаҳам мешаванд. Матбуот асосан аз манобеи мухталиф, ки аз онҳо ном бурда намешавад, хабарҳоро пайгирӣ мекунанд.

Ягона хабаре, ки намояндагони оҷонсӣ ва он ҳам ғайрирасмӣ гуфтаанд, ин аст, ки Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши калони оҷонсӣ ба қаллобӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешавад. Дар бораи боздошти Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси оҷонсӣ, дар ҳама ҷо сукут аст, ҳарчанд бародараш Қутбиддин Хайров ба боздоштгоҳ бурдани ӯро таъйид кардааст.

Фирӯз Холмуродзода
Фирӯз Холмуродзода

Тибқи иттилои манобеи мухталиф, таҳқиқи парвандаро муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон ба ӯҳда доранд. Худи раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар посухаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин парванда аз сӯи гурӯҳи вижа аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, тафтиш мешавад.

XS
SM
MD
LG