Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Фирӯз Холмуродзода ангезаи боздошти ӯро намедонанд. ВИДЕО


Дар ҳоле, ки манобеи оҷонсии зидди фасод ба матбуот дар бораи иттиҳоми фасодкории гурӯҳе аз кормандони ин идора маълумот доданд ва раҳбари оҷонсӣ боздоштҳои ахирро "латма задан ба шаъну обрӯи ин ниҳод" унвон кардааст, наздикони сардори пешини Раёсати тафтишоти Оҷонсии зидди коррупсия Фирӯз Холмуродзода даст доштани ӯро дар фасодкорӣ рад мекунанд.

Наздикони ин корманди собиқи боздоштшудаи Оҷонсии зидди фасод, ки танҳо ба шарти сӯҳбати бидуни видео ва акс розӣ шуданд аз рӯи ин қазия назар бидиҳанд, рӯзи 19 май ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодисаи ахир онҳоро аз сарнавишти ояндаи Фирӯз Холмуродзода башиддат нигарон кардааст.

Мо мехоҳем пурсем, ки чаро тафтишот аз он зан намепурсад, ки ин 6 кило тиллоро аз куҷо ёфтааст? Фирӯз мисли ҳар шавҳар барои ҳамсараш ва ороиши ӯ тилловорӣ харидааст, ки дар ҳар хона ҳар зани тоҷик дорад, вале 6 кило куҷост?

Онҳо мегӯянд, дар тамоми як моҳи охири баъди боздошту иттиҳоми фарзандашон ба тақаллубкорӣ ва сӯиистифода аз мақом боре ҳам бо ӯ мулоқот накардаанд ва аз таҳаввулоти атрофи парвандаи ӯ аз матбуот ва хабарҳои парокандаи афроди марбут ба тафтишот огаҳ мешаванд. Танҳо чизе, ки барои онҳо маълум аст, ин аст, ки ӯ бо вакили дифои давлатӣ таъмин шудааст ва мақомоти боздоштгоҳ ғизоеро, ки хонавода барои Холмуродзода мебаранд, қабул мекунанд.

“Мақомоти тафтишотӣ чандин маротиба ба манзили мо ва ба хонаи худи Фирӯз омада гуфтанд, ки “обыск - кофтуков мекунем”, вале ҳеҷ чиз наёфтанд, хабарҳо дар бораи хонаҳои бешумору молу мулки асос надоранд”, - мегӯянд наздикони Холмуродзода. Онҳо иддао доранд, ки сардори акнун собиқи Раёсати тафтишоти Оҷонсии зидди коррупсия Фирӯз Холмуродзода "то як соли пеш иҷоранишин буд".

Пайвандони Фирӯз Холмуродзода ба ришвахории ӯ бовар надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Дар як парвандаи ҷиноие, ки ба Холмуродзода нисбат дода мешавад ва ҷузъиёти онро як манбаи тафтишотӣ ба радиои Озодӣ шарҳ дод, марбут ба даъвои зани тиллофурӯше бо номи Баҳриннисо мебошад. Ин зан шикоят кардааст, ки гӯё баъди боздошташ бо ҷурме Фирӯз Холмуродзода бар ивази озодии ӯ 6 кило тило талаб карда буд. Ин иттилоро низ мақомот то ҳол расман тасдиқ ё такзиб накарданд.

Яке аз наздикони Холмуродзода гуфт: “Ҳоло як зани тиллофурӯш дар нисбати вай забонхат дода, ӯро айбдор кардааст, ки гуё Фирӯз аз вай тилло гирифта бошад. Мо мехоҳем пурсем, ки чаро тафтишот аз он зан намепурсад, ки ин 6 кило тиллоро аз куҷо ёфтааст? Фирӯз мисли ҳар шавҳар барои ҳамсараш ва ороиши ӯ тилловорӣ харидааст, ки дар ҳар хона ҳар зани тоҷик дорад, вале 6 кило куҷост? Ин ҳама асосе надорад”.

Фирӯз Холмуродзода аз аввалин боздоштшудаҳои парвандаи марбут ба ходимони собиқу амалкунандаи Оҷонсии зидди фасод аст, ки исмаш дар матбуот ҳанӯз як моҳ пеш нашр шуд. Манобеи радиои Озодӣ дар сохторҳои тафтишотӣ гуфтанд, ки Холмуродзода аз рӯи моддаҳои “қаллобӣ” ва “сӯиистифода аз мақом” тахминан рӯзи 20 апрел дастгир шудааст ва дар ҷараёни бозпурсиҳо гӯё кори ӯ аз рӯи чанд парванда, аз ҷумла, қазияи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст, санҷида мешавад.

Бо гузашти як моҳ аз боздошти сардори пешини Раёсати тафтишоти Оҷонсии зидди коррупсия Фирӯз Холмуродзода бо иттиҳоми қаллобӣ ва сӯиистифода аз мақом, то кунун ҳеҷ иттилои расмӣ дар ин робита пахш нашудааст. Хомӯшии мақомот парвандаи бузурги фасодкории кормандони зидди фасодро, ки ҳатто теъдоди боздоштшудаҳояш, иттиҳоми дақиқи онҳо ва маншаи аслии ин маърака маълум нест, боз ҳам мармузтар кардааст.

Ба дарозо кашидани хомӯшии мақомот ин назарҳоро ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимол тафтишот барои эълони ҷурм маводи кофӣ надорад.

XS
SM
MD
LG