Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Русия бадрафторӣ бо муҳоҷиронро тасдиқ мекунад (ВИДЕО)


Муҳоҷирон мегӯянд, мавридҳои дар ҷангал нимаурён раҳо кардани муҳоҷирони корӣ дар Русия кайҳост, ба як навъ дилхушӣ ва роҳи ришваситонии маъмурони пулиси Русия табдил ёфтааст.

Ду ҷавони ларзону нимаурён ва дар зимистони қаҳратун дар сари роҳи байни ҷангали пурбарф. Шояд фикр кунед, ки ин саҳнае аз ягон филм аст, вале ин воқеияти зиндагии ду муҳоҷири тоҷик аст, ки ба гуфтаи худашон маъмурони пулиси Русия либосҳояшонро кашида ва дар байни ҷангал раҳо карданд.

Дар навори 1-дақиқаӣ, ки “Тоҷикони урён дар ҷангале дар назди Маскав” унвон дорад, як ронанда ду ҷавони нимаурёнро дар роҳ дида ва аз онҳо мепурсад, ки бо онҳо чӣ шуд. Яке аз ин ҷавонҳо, ки қиёфаи тоҷикӣ дорад ва бо забони нофаҳмои русӣ сӯҳбат мекунад, дар посух ба суоли ронандаи рус, бо имову ишораву калимаҳои пароканда мегӯяд, онҳоро “менти” маъмурони пулис оварда либосҳояшонро кашида ва сар доданд.

Ҷавон ба ронанда мегӯяд, ки дар минтақаи Сафонтево зиндагӣ мекунанд ва мехоҳанд ба онҷо бираванд. Ронанда бо изҳори ҳайрат аз ин кор ҷавононро ба мошинаш савор мекунад ва видео бо ин тамом мешавад. Видеоро моҳи апрел дар Ютюб гузоштаанд ва то кунун онро 29 ҳазор нафар дида ва ба ронандаи рус, ки аз корбарон пурсидааст, ки оё кори хайре кард, офарину ташаккур гуфтаанд.

Пайдо кардани ин ҷавонон, ки ному насаби худро намегӯянд ва таъйиди иддаои онҳо ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, вале ду муҳоҷире, ки Радиои Озодӣ бо онҳо сӯҳбат кард, гуфтанд, ки дар гузашта худашон шоҳиди ингуна ҳодисаҳо будаанд. Ойбек Ортиқов, сокини 27-солаи шаҳри Табошари вилояти Суғд, ки дар Тюмен кор мекунад, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта айни ҳодиса бо ӯ рух дод, ҳарчанд он кормандони милиса ӯро урён нагузоштанд:

“Соли гузашта дар Тюмен дар кӯча бо либоси кории кӯҳна мерафтам ва ин либосам таваҷҷӯҳи кормандони милисаро ба худ ҷалб кард. Маро ба мошинашон шинонданд ва ҳуҷҷатҳоямро тафтиш карданд, ҳамааш дуруст буд. Маро ним соат дар шарҳ гардонданд ва дар ниҳоят истоданду беибо ришва талаб карданд. Гуфтам надорам, ҷайбҳоямро ҷустуҷӯ карда 100 рубл ёфтанд, вале баргардонда доданд ва гуфтанд, ки ба ҷойи зиндагиат меравем аз рафиқонат пул гирифта медиҳӣ. Ман гуфтам, ки надорам, чунки тамоми пуламро барои дуруст кардани санадҳо сарф кардам, онҳо маро боз гардонданд ва дар роҳ як муҳоҷири дигарро гирифтанд. Маро 30 километр дур аз шаҳр бурда дар канори як роҳ монданду рафтанд.”

Мустафои 22-сола ва муҳоҷири корӣ аз шаҳри Самарқанди Узбакистон низ мегӯяд, ки маъмурони пулис дар Русия бо чанд ҳамкори ӯ чунин бадрафторӣ кардаанд ва либоси онҳоро кашида дар ҷангал сар додаанд:

“Маъмулан ин гуна корҳоро дар Маскав ва ноҳияҳои атрофи он мебинем, маъмурони пулис дар дигар минтақаҳо ин корро намекунанд. Онҳо бачаҳоро медоранд, агар пул дошта бошад ва ришва диҳад дар ҷояш сар медиҳанд, агар надошта бошанд ба ҷангал мебаранд ва мегӯянд, ки ба дӯстонашон занг зананд, то ба ӯ пул биёранд. Чун бачаҳо метарсанд, ки дар ҷангал гум мешаванд, занг мезананд, дӯстонашон ночор 2 ё 3 ҳазор рубл оварда ва онҳоро халос мекунанд. Баъзеашон аз рӯи дилхушӣ либоси бачаҳоро кашида онҳоро нимаурён раҳо мекунанд. Ҳамин корро бо ҳамсинфи ман карданд.”

Мақомоти интизомии Русия видеои нашршуда дар Ютюбро шарҳ надодаанд ва Умед Бобоматов, хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ дар Маскав мегӯяд, ки муроҷиатҳо барои шарҳи мусибатҳои муҳоҷирон умдатан беҷавоб мемонанд: “Ман саъй кардам, ки назари мақомоти интизомии Русияро дар ин бора пурсам, ки чаро ингуна ҳодисаҳо дар байни маъмурони пулис ва Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия вуҷуд дорад. Маъмулан онҳо мегӯянд, ки бале ин гуна ҳодисаҳои алоҳида вуҷуд доранд. Биноан мегӯянд, онҳо ҳар гуна қонуншиканиеро, ки зидди муҳоҷирон сурат мегирад, дар ҷояш баррасӣ мекунанд ва кормандони гунаҳкор ё аз кор ронда мешаванд ва ё онҳоро ягон навъ ҷарима мекунанд.“

Бадрафторӣ ва нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия бисёр рух медиҳад, аммо то кунун видеои дар зимистони қаҳратун, нимаурён гузоштани муҳоҷирон дида нашуда буд.
XS
SM
MD
LG