Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари куштори мухлиси "Спартак" худро ба полис таслим кард


Гумонбари қатли Леонид Сафянникови рус шаҳрванди Ӯзбакистон Ҷаҳонгир Ахмедов рӯзи ҷумъа ба Маскав омад ва ба полиси Русия таслим шуд.

Гумонбари қатли Леонид Сафянникови 22-сола, як сокини Маскав, ки рӯзи 13 май дар як моҷарое ба ҳалокат расид, аз Ӯзбакистон ба Маскав омад ва рӯзи ҷумъа, 15 май худро ба полиси Русия таслим кард. Ӯро муфаттишони Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, ки қазияи куштори Сафянниковро шурӯъ кардаанд, боздошт карданд. Гумонбар ҷавони 25-солаи сокини водии Фарғонаи Ӯзбакистон Ҷаҳонгир Аҳмадов аст.

Аз рӯи қазияи марги Сафянников парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои “барқасдона расондани зарари ҷисмонӣ, ки аз рӯи беэҳтиётӣ сар зада боиси ҳалокати инсон шудааст”, “ғайриқонунӣ аз худ шудани мошин бо ҳадафи ғорат” ва “қасдан вайрон кардани моликияти каси дигар” боз шудааст.

Ба гуфтаи абарнигори Бахши узбакии Радиои Озодӣ Умед Додматов даҳҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон ва Ӯзбакистон рӯзи дувум аст, аз манзилҳои худ дар шаҳраки Пушкинои вилояти Маскав берун намешаванд, то ба дасти гуруҳҳои ҷавонони маҳаллӣ, ки ба шикори бегонаҳо ва афроди ғайриславянӣ баромадаанд, наафтанд. Аз сӯи дигар кормандони полис ва Хадамоти муҳоҷирати Русия ба суроғи онҳо рафта, ҳуҷҷати онҳоро тафтиш мекунанд ва бо камтарин гумону шубҳа онҳоро ба шӯъбаи полис мебаранд. Бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, бо вуҷуди он ки санади иқомат ва кори онҳо дар Русия қонунист, боз ҳам барои бозпурсӣ ва чанд соати боздошт ба шӯъбаҳои полис бурда шудаанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим


Дар ин байн Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар номае ба Радиои Озодӣ мегӯяд, хабарҳои шикори муҳоҷирон дар шаҳр асос надоранд ва иттилое, ки дар бархе аз шабакаҳо нашр шуда, бино бар онҳо чандин нафар аз муҳоҷирони тоҷик кушта шудаанд, низ тасдиқи худро наёфтаанд. Сафорат вазъро мушоҳида мекунад ва бо мақомоти интизомии Русия дар тамос аст.

Дар ҳоле ки расми ёдбуди як мухлиси дастаи футболи “Спартак”-и Маскав дар шаҳраки Пушкинои вилояти Маскав ба “погром”-и зидди муҳоҷирон табдил ёфт, полиси 57 тазоҳуркунандаро бо иттиҳоми авбошӣ ва шаробнӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боздошт ва ҷарима намуд. Садҳо нафар бо даъвати гуруҳе аз ҷавонон барои гиромидошти хотираи мухлиси футбол Леонид Сафянникови 22-сола, ки аз тарафи як муҳоҷири ӯзбак кушта шудааст, дар ҷои воқеа ҷамъ омада, сипас бо нидоҳои миллатгароёна ба бозору дӯкон ва маҳалли кори муҳоҷирон дар як сохтмон ҳамла карданд. Бино бар наворҳои видеое, ки аз ҷумла телевизиони "Доджъ"-и Русия нашр намуд, чандин нафар дар кӯчаҳои Пушкино латукӯб шудаанд.

Ин ҳамлаҳо бетартибиҳои моҳи октябри соли 2010-и Маскавро ба хотир овард, ки баъд аз куштори як марди славянӣ даҳҳо муҳоҷирони Қафқозӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Полис мегӯяд, Ҷаҳонгир Аҳмадови 25-сола айбдоршавандаи қатли мухлиси футбол, ки рӯзи 14-уми май ба Ӯзбакистон парвоз карда буд, бо сабаби он ки полис ҳамсари ӯро боздошт кард, рӯзи 15-уми май бо ихтиёри худ ба Маскав баргашт ва ба полис таслим шуд.


XS
SM
MD
LG