Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунин ба манзили муҳоҷирони тоҷик дар Маскав


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Гурӯҳи мусаллаҳе ба маҳалли зисти муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав ҳамла кард. Як нафар кушта ва ду тан захмӣ шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ҳамлаи хунин ба муҳоҷирони тоҷик, ки шоми 7-уми май дар шаҳраки Ново-Николски ноҳияи Красногорски вилояти Москва огоҳ аст ва аз мақомоти Русия таҳқиқи онро талаб кардааст.

Дар изҳороти сафорат, ки намояндаи он Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ фиристод, гуфта мешавад,шоми 7-уми май гурӯҳе аз шахсони номаълум ба ҳавлие ҳамла кардаанд, ки дар он ҷо 8 муҳоҷири кории тоҷик иқомат доштанд. Дар ҷараёнин ин ҳамла аз силоҳи оташфишон низ истифода шуда, яке аз муҳоҷирон, сокини 36-солаи вилояти Хатлон Мақсудов Саттор Ғуломович дар бемористон аз дунё гузаштааст. Ду муҳоҷири захмии тоҷик ҳоло дар бемористони ноҳиявии Красногорсканд. Муҳоҷирони дигар аз ҷойи воқеа гурехта, ҷон ба саломат бурдаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия талош дорад, масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан интиқол додани ҷасади муҳоҷири тоҷикро ҳал кунад. Сафорат ҳамчунин дар асоси муроҷиати шаҳрвандонаш аз мақомоти рус талаб дорад, ки "ин шахсони номаълум, ки куштор ва ҳамларо дар нисбати муҳоҷирони кории мо раво дидаанд, дастгир ва дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашад."

Фоҷиаи нав дар ҳоле рӯй медиҳад, ки чанд рӯз пеш як муҳоҷири тоҷик даршаҳраки Уралмаши Екатеринбург ва рӯзи 19-уми апрел муҳоҷири дигари 32-сола Маҳмадкарим Ҷалилов дар яке аз навоҳии шаҳри Маскав ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG