Рӯзи 16 май як маҳбуси эронӣ ҳангоми, ба гуфтаи мақомот, қасди фирор аз зиндони Ёвон ду тир хӯрда, ҳоло дар бемористони маҳбасҳо, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат таҳти табобат қарор дорад. Маҳдӣ Қамбарӣ, як маҳбуси 26-солаи эронӣ дар ҳоле мавриди таъқиб ва оташкушоии нозирони зиндони Ёвон қарор гирифт, ки то озодии комилаш аз маҳбас каме бештар аз як сол мондааст.
Ин шаҳрванди Эрон, ки аз қавми ҳазора будааст, соли гузашта бо ҷурми нақзи марзи Тоҷикистон ба ду соли зиндон маҳкум гардид ва то кунун як солу 2 моҳро дар маҳбас сипарӣ кардааст.
Масъулони раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, Маҳдии Қамбарӣ рӯзи 16-уми май замоне аз ҷониби нозирони зиндони Ёвон аз пушт ва пояш тир хӯрд, ки мехост аз зиндон фирор кунад.
Полковник Назирмад Ҳилолов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маҳбус бемории равонӣ дошт ва чанде пеш муддати беш аз моҳ дар бемористон табобат ҳам гирифтааст.
Ҷаноби Ҳилолов афзуд, «чун Меҳдии Қамбарӣ, маҳбуси зиндони ноҳияи Ёвон, ноқисулақл аст, гаҳ - гоҳе қоидаҳои буду бош дар зиндонро нақз карда ва ба минтақаи мамнӯъ мерафт. Ҳодисаи фирори вай низ ба ин далел соати 15. 00 дақиқаи рӯзи ҷумъа иттифоқ афтода ва зимни тариқи девор фирор кардан аз ҷониби маъмурон сӯяш ду тир холӣ шуда, ки яке ба пушташ ва дигаре ба пояш мерасад. Ҷароҳати бардоштаи вай чандон сангин нест ва ӯ ҳоло дар бемористони зиндони ноҳияи Ваҳдат бистарӣ шудааст. Ӯро соли пеш дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён, дар ноҳияи Қумсангир, барои убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд.»
Назирмад Ҳилолов, фирори маҳбуси эрониро ҷиноят унвон кард ва афзуд дар робита ба қасди фирори ӯ аз зиндон тамоми маводҳо таҳия шудаанд ва додситони назоратӣ низ аз қазия огоҳ аст.
Намояндагони сафорати Эрон, ки баъди пахши хабари маҷрӯҳ шудани зиндонии эронӣ барои омӯзиши авзо ба маҳалли маҳбаст сафар кардаанд аз додани ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карданд.
Аммо афроди огоҳ аз ин қазия мегӯянд, Маҳдии Қамбарӣ аз шумули ҳафт зиндонии эроние дар Тоҷикистон буд, ки мебоист ба зудӣ озод мешуданд. Чанд моҳ қабл мақомоти Эрон феҳристи 7 маҳбуси эронии зиндонҳои Тоҷикистонро ба мақомоти Душанбе пешниҳод карда, раҳоии онҳоро хоста буданд.
Ҳамчунин масъалаи раҳоии маҳбусони эронӣ дар Тоҷикистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур, ки дар авоили соли ҷорӣ сурат гирифт, баррасӣ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз дигар маҳбусони эронӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард гуфт, аз ин пештар бо Маҳдии Қамбарӣ бевосита сӯҳбат доштааст. Ба гуфтаи вай, Қамбарӣ аз шароити бади маҳбасхона ва озору шиканҷааш шикоят доштааст. Ва аммо ин мусоҳиби мо , бемории равонӣ доштани Қамбариро рад мекунад.
Ӯ мегӯяд, «ӯ дар Тоҷикистон ҳамсар ва духтар дорад. Дар ин кишвар ба тиҷорати маҳсулоти хӯрокворӣ машғул буд ҳамчунин дар Афғонистон низ нуқтаи тиҷоратии ӯ амал мекард. Маъмулан ба нуқтаҳои тиҷоратияш аз Эрон маҳсулот меовард, аммо соли гузашта шиносномаи худро гум кард ва ба сари ӯ гуноҳи убури ғайриқонунии марзро бор карданд. Ҳатто худи ҷаноби Алиасғари Шеърдӯст, сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон дар ҷараёни ин қазия буд, аммо намояндагони сафорат боре ҳам дар мурофиаҳои Қамбарӣ ширкат надоштанд ва ӯро ду сол маҳкум ба зиндон намуданд.»
Аз сӯи дигар, ин мусоҳиби мо ба он ки Маҳдии Қамбарӣ қасди фирор аз маҳбасро доштааст, бовар надорад, зеро мегӯяд, чанд моҳ баъд бояд ӯ аз маҳбас озод мешуд. Гузашта аз ин ба гуфтаи вай ба пушти ин маҳбус аз фосилаи хеле наздик 3 тир парронда шудааст ва ин тирҳо бадани ӯро сӯрох карда гузаштаанд. Ӯ мегӯяд, аз замони парондан то расидани кумаки тиббӣ ҳудудан ду соат гузаштааст, ки дар ин муддат Қамбарӣ хунравии зиёд доштааст.
Гуфта мешавад, ҳоло ҳудуди 10 тан аз маҳбусони эронӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, ки аксарияти онҳо барои қаллобӣ ва авбошӣ муҷрим шинохта шудаанд. Аммо нозирони умур мегӯянд, ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки шаҳрвандони эронӣ ба хотири дарёфти паноҳандагии сиёсӣ ба Тоҷикистон меоянд ва баъзеи дигарашон ба манзури сафар ба кишвари саввум Душанберо макони зист мехонанд.