То ба ҳол мақомот гузориши расмие дар бораи сабабҳо ва натиҷаҳои ниҳоии ин фирор ба ҷомиа пешниҳод накардаанд.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳамчунин амалиёти муҳим бидуни баҳс натиҷагирӣ мешавад ва ба суолҳои ҷомеа посух дода мешавад: "Сохторҳои марбутаи зидахл бояд дар ин масъала бояд ҳисобот диҳанд, ки чӣ тавр шудааст як гурӯҳи калони маҳбусон аз ҳамчунин маҳбаси низомаш шадид фирор кунанд. Тайи як соли гузашта то куҷо маҳбасхонаҳои кишвар ва нигаҳдории маҳбусҳо беҳбуд
ёфтанд? Оё боз имкони пеш омадани ҳамчунин фирорҳои бесобиқа вуҷуд дорад, на фақат дар ин маҳбас, балки дигар маҳбасҳо низ? Боз дигар суолҳое ҳастанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ мехоҳад посух бигирад."
Зарурати ҳамчунин як гузориш ё ҳисобот барои ҷомеаро коршиносон бо он асоснок мекунанд, ки "фирори аср" дар ҳайати 14 шаҳрванди Тоҷикистон, 5 табааи Русия, 4 нафар аз Афғонистон ва 2 тан аз Узбакистон, аз Душанбе то Рашт ба эҳтимоли зиёд як қатор ҳаводиси дигареро таҳрик додаанд ва ин амалиёт то ба имрӯз идома дорад.
Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, зарурати як гузориши вижа аз амалиёти ҷустуҷӯи фирориён, ҳатто пас аз анҷоми амалиёт низ вуҷуд надорад:
"Зеро ин натиҷаҳоро мо саривақт ба ҷомеа пешниҳод
мекардем. Натиҷаҳои ҳар як амалиёт дар матбуот инъикос меёфтанд ва мардум аз асли воқеаҳо огоҳ мешуданд."
Тибқи омори расмӣ, тайи як сол аз 25 маҳбуси фирорӣ 8 тан кушта, 16 нафари дигар боздошт шудаанд. Охирин фирорӣ Аъзамшо Зиёев, аз наздикони фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони пешини Тоҷикистон, Мирзо Зиёев, аст, ки ба қавле, дар озодӣ ба сар мебарад. Вале мақомот мегӯянд, иддае аз боздоштшудагон баёнот додаанд, ки ҳангоми даргириҳо дар Рашт ӯ низ кушта ва ба дарё ғарқ шудааст.
Аз ҷумлаи боздоштшудагон се шаҳрванди Афғонистон дар ҳудуди кишвари худ ҳамроҳ бо чор табааи Тоҷикистон дастгир шуда буданд. Аммо ҳукумати Афғонистон ба далели он ки тибқи қавонини байнулмилалӣ ҳақ дорад, шаҳрвандони худро ба кишвари дархосткунанда надиҳад, онҳоро таслим накард.
Ба ҳамин минвол, се табааи Афғонистон афроде маҳсуб мешаванд, ки расман аз пайгарди қонунии мақомоти амниятии Тоҷикистон ҷон ба саломат бурданд. Ва ин вазъ бархеро ҳам бар ин андеша овардааст, ки эҳтимолан ҳадафи фирор ин шаҳрвандони Афғонистон
буданд. Аммо Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, шаҳрвандони Афғонистон алъон дар кишвари худ адои ҷазо мекунанд ва мақомоти Тоҷикистон онҳоро таҳти назорати худ доранд.
Интизор мерафт моҳи апрел дар мурофиаи додгоҳии 9 фирории боздоштшуда дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯ торикиҳои ин фирор рӯшан хоҳад шуд. Аммо раванди додгоҳӣ пушти дарҳои баста дар бинои боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баргузор шуд ва ба ҷуз вакилони дифоъ касе натавонист вориди он шавад.
Азиза Бердиева, вакили дифоъи яке аз фирориён мегӯяд, бо қарори махсуси Додгоҳи Олӣ сӯҳбат дар бораи ин раванд иҷоза дода нашудааст: "Имзоҳои моро барои махфӣ будани мурофиа гирифта буданд. Барои он ки сирри давлатӣ буд ва худатон медонед, ки чӣ корҳо гузашт. Ҳама махфӣ буд, аз ин хотир, мо ҳуқуқи сӯҳбат кардан дар ин бораро надорем."
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам дар гузашта таъйид карда буд, ки ин мурофиа бо сирри давлатӣ вобаста аст, аз ин хотир пӯшида гузашта ва мурофиаи бақия 7 фирории боздоштшуда низ ҳамин гуна баргузор хоҳад шуд.
Аммо Бузургмеҳр Ёров, яке дигар аз вакилони дифоъ мегӯяд, мурофиа комилан хилофи қонун баргузор шудааст: "Қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки дар маҳбасхона набояд мурофиаи додгоҳӣ баргузор шавад. Аммо дар СИЗО-и
мо гузаронданд. Дуввум, он ҷо чизе набуд, ки сирри махфӣ бошад. Яъне ин мурофиа ғайриқонунӣ баргузор шуд. Хешу табори маҳбусон ҳам гоҳ-гоҳ иҷоза пайдо мекарданд, ки ба ин мурофиа роҳ ёбанд. Ин ҳам ба вазъи мурофиа ва маҳбусон бетаъсир намонд."
Дар ибтидо мақомот Иброҳим Насриддинов, собиқ бандии Гуантанаморо ташкилкунандаи фирор меномиданд, вале аввал худи ӯ боздошт шуд ва сари созмондиҳандаву аҳдофи аслии фирори дастаҷамъӣ торикӣ афтод. Дар ибтидо даст доштани нерӯҳои хориҷӣ дар ин амалро аз эҳтимол дур намедонистанду ин сару садоҳо ҳам бо мурури замон ором шуданд.
Коршиносон мегӯянд, танҳо афроде, ки метавонистанд посухи мӯътамад ба суолҳои бешумор дар бораи фирори зиндониён диҳанд, худи онҳо буданд. Аммо азбаски нишондодҳои онҳо дар додгоҳ ба расонаҳо дастрас нестанд, фирори зиндониҳои боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ҷумлаи ҳаводисе ворид мешавад, ки «мӯҳри комилан махфӣ» доранд ва ба ин наздикӣ ҳақиқати онро расман касе ошкор нахоҳад кард.