Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба “Озодӣ” гуфт, Ҷумъа Иброҳимов ва як ҳамроҳи ӯ, ки ғолибан узви Ҳаракати исломии Узбакистон будааст, аз тарафи нерӯҳои пулис дар минтақаи Рашт кушта шуданд.
Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон низ шоми 14-уми майи соли ҷорӣ дар ин бора хабар дода ва навори видеои кушта шудани Ҷумъа Иброҳимов ва ҳамроҳи ӯро намоиш дод.
Ҷумъа Иброҳимов панҷоҳ сол дошта ва қаблан барои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва таҳияи асноди қалбакӣ маҳкум ба зиндон шуда буд.
Қатли Ҷумъа Иброҳимов дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи гурӯҳе аз маҳбусони фирориро, ки дубора боздошт шудаанд, ба поён расонд.
Бино ба қарори додгоҳ, Иброҳим Насриддинов, мулаққаб ба "Қорӣ Иброҳим", Абдурасул Мирзоев, маъруф ба "Ҳоҷӣ", Зайдулло Азизов, Магомед Ахмедов, Толибшоҳ Наимов, Сайисмон Хӯҷаев ва Алӣ Алиев, ҳар кадоме ба сӣ соли зиндон маҳкум шуданд.
Додгоҳ ин ҳафт нафарро барои содир намудани одамкушӣ, бандитизм, гирифтани яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, тасарруфи яроқи оташфишон, дуздӣ, монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ҳабси пешакӣ муҷрим шинохт.
Ҳамчунин, Шафӣ Алиев, Сайриддин Азизов ва Гулмурод Ғаюров барои пинҳон кардан ва хабар надодан дар бораи маҳбусони фирорӣ айбдор дониста шуда, аз як то ҳашт сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло нӯҳ тан аз маҳбусони фирорӣ дар озодӣ ба сар мебаранд. Инчунин, се тан аз маҳбусони фирорӣ, ки шаҳрвандони Афғонистонанд, дар дасти мақомоти ин кишвар боқӣ мондаанд.
Нерӯҳои интизомии Афғонистон ҳафт тан аз маҳбусони фирорӣ, чаҳор тоҷик ва се афғонро дар қаламрави ин кишвар боздошт карда, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба нерӯҳои амниятии ин кишвар таслим намуданд, аммо аз истирдоди се шаҳрванди худ, ки онҳо низ маҳбусони фирории боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ буданд, худдорӣ карданд.
Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 сурат гирифт, ки дар миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чаҳор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд.
Ин фирор, ки дар матбуоти дохилу хориҷ бештар ба унвони "фирори аср" маъруф аст, ба барканории раҳбар ва се муовини раиси пешини Кумитаи амнияти миллӣ сабаб шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта дар пайи фирори 25 маҳбус генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимовро, ки раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳамроҳ бо се муовинаш аз ин мақом барканор, вале муовини дигари ӯ Саймӯъмин Ятимовро раиси нави кумитаи амният таъйин кард.
Бино ба қарори додгоҳ, Иброҳим Насриддинов, мулаққаб ба "Қорӣ Иброҳим", Абдурасул Мирзоев, маъруф ба "Ҳоҷӣ", Зайдулло Азизов, Магомед Ахмедов, Толибшоҳ Наимов, Сайисмон Хӯҷаев ва Алӣ Алиев, ҳар кадоме ба сӣ соли зиндон маҳкум шуданд...