Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти маҳбусони фирорӣ


Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, ки аз боздоштгоҳи КДАМ-и Тоҷикистон фирор карда буд, пас аз боздошт барои сӣ сол равонаи зиндон шуд.

Аммо вай ин дафъа панҷ сол аз ин ҳукмро дар утоқи якнафараи низомаш сангин паси сар хоҳад кард, ки чунин маҳбас танҳо дар шаҳри Қурғонтепаи Тоҷикистон будааст.

СӢ СОЛ ПУШТИ МИЛЛАҲОИ ЗИНДОН

Абдурасул Мирзоев яке аз 25 нафаре буд, ки дар таърихи 23-юми августи соли гузашта аз боздоштгоҳи мувақатии Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон, ки дар маҳбаси раками авали пойтахт воқеъ аст, фирор карда буданд.

Ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзи сешанбе парвандаи ҳафт тан аз фирориёнро ба поён расонида ва дар як мурофиаи пӯшида ҳукми худро содир кард.

Бино ба иттилои Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдурасул Мирзоев бародари генерал Ғаффор Мирзоев ва ду шаҳрванди доғистонитабори Русия ба 30 соли маҳрумият аз озодӣ ва 4 тани дигар ба ҳабси умрбод маҳкум шуданд.

ҲУКМИ НООДИЛОНА?

Сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин афрод бо амалҳои ҷиноии қатлу куштор, роҳзанӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, эҷоди монеъа ба фаъолияти боздоштгоҳҳо, ғасби мошин ва фирор аз маҳбас гунаҳгор дониста шудаанд.

Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеъи Абдурасул Мирзоев ба радиои Озодӣ гуфт: «Абдурасул Мирзоев панҷ соли ҳукми худро дар маҳбаси низомаш сангин дар утоқи якнафара паси сар хоҳад кард. Мирзоев ва ду шаҳрванди доғистонитабори Русия Магомед Аҳмедов ва Алӣ Алиевро додгоҳ сӣ сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамчунин ба Иброҳим Насриддинов, ки созмондиҳандаи гурез аз зиндон буд бо 3 нафари дигар ҳукми абад дода шуд. Ва як нафари дигар ду сол маҳкум карда шуда ба як нафари дигар, ки ҳукми шартӣ доданд аз толор ба хонааш баргашт.»

Вакили мудофеъ Бузургмеҳри Равшан ин ҳукми додгоҳро ноодилона дониста гуфт, дар мавриди Абдурасул Мирзоев, ки ба ӯ панҷ соли зиндони низомаш сангин додаанд ба Додгоҳи олӣ шикоят хоҳанд бурд.

ОИША МИРЗОЕВА ДОДХОҲӢ МЕКУНАД

Оиша Мирзоева, хоҳари Абдурасул Мирзоев гуфт, ки ин ҳукми додгоҳ дар нисбати бародараш бераҳмона аст. Вай мегӯяд, ки бародараш гуноҳ надошт ва ӯро бо гуноҳҳои накарда ба додгоҳ кашида, ин бор боз 30 соли дигар маҳкумаш карданд: «Агар Ғаффор (генерал Мирзоев, ки дар зиндон аст) гуноҳ дошт бародараш дар инҷо чй айб дорад? Бовар кунед ба хонаводаи мо репрессаи сталинӣро раво дида истодаанд. Зану фарзандони вай чӣ гуноҳ доранд. Агар ин хел набошад Абдурасули 53- соларо бар асоси чӣ 30 соли дигар додаанд. Охир фарзандони вайро кӣ соҳибӣ мекунад? Кӣ мехӯронад? Ман аз ҷаноби олӣ (Эмомалӣ Раҳмон) хоҳиш мекунам, ки ба масъалаи бародари ман раҳм кунанд, ки ҳаёташ насӯзад.»



ПАРВАНДАИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ


Шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе фирори 25 маҳбус сурат гирифт, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Дар ҷараёни ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ 14 тани онҳо боздошт ва чаҳор нафари онҳо дар муқобила бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. 7 нафар аз ин маҳбусони фирорӣ ҳанӯз дар озодӣ қарор доранд.

БОЗДОШТИ ФИРОРИЁН ДАР АФҒОНИСТОН

Ҳамчунин, мақомоти амниятии Афғонистон ҳафт тан аз маҳбусони фирориро дар қаламрави ин кишвар боздошт карданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони худи Афғонистон буданд.

Аммо мақомоти Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба нерӯҳои амниятии ин кишвар таслим карда, вале аз додани шаҳрвандони худ, ки онҳо низ маҳбусони фирории боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ буданд, худдорӣ кардааст.

ФИРОРИ ПУРСАРУ САДО

Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба барканории раҳбар ва 3 муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ сабаб шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта дар пайи фирори 25 маҳбус генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимовро, ки раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳамроҳ бо се муовинаш аз ин мақом барканор, вале муовини дигари ӯ Саймӯъмин Ятимовро раиси нави кумитаи амният таъйин кард.
XS
SM
MD
LG