Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара рӯзи 15 -уми ноябр дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, боз шудани роҳи Чоркӯҳ-Шӯроб бо талоши мӯйсафедони қирғиз, ки ба раҳбарони ноҳияҳои Исфараву Бодканд муроҷиат намуданд, даст додааст.
Вай афзуд: “20-25 нафар мӯйсафедону занони қирғиз ду маротиба назди раиси ҳукумати Исфара рафта муроҷиат карданд, ки ба кушодани роҳ мусоидат кунанд. Чунки онҳо барои рафтан ба Бодканд ночор роҳу бероҳаҳои дурро тай мекунанд. Онҳо ба ҳамин дархост ба ҳукумати Бодканд ҳам рафтаанд. Мо низ ба навбати худ ба ин илтимос ҳамроҳ шудем. Раиси шаҳрамон Раҳмоналӣ Амиров хоҳиши онҳоро пазируфта, гуфтанд, ки мо муносибати ҳамсоягӣ бо қирғизҳоро гум накардем ва намекунем ва роҳро кушоданд. Баъд сарҳадбонҳои қирғиз ҳам роҳро боз карданд.”
Ба гуфтаи мусоҳибам, роҳи нақлиётии Чоркӯҳ-Шӯроб ба сокинони ин минтақаи марзии тоҷику қирғиз муҳим аст. Тавассути он аз қаламрави якдигар садҳо сокинони ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара барои кор ба корхонаи ангишти Шӯроб рафтуомад мекунанд. Дар навбати худ, ин роҳи наздику ҳамвор сокинони чанд деҳаи қирғизҳо, аз ҷумла деҳаи Самарқандакро ба Бодканд мебарад.
Моҳи июни соли равон ба баста шудани ин роҳи марзӣ, муноқиша байни сокинон сари соҳибӣ ба як пора замин ва дар пайи он сангандозӣ ба сӯи нақлиёти ҳамдигар, сабаб гашта буд. Он замон мақомоти марзбонии Қирғизистон сари роҳи Чоркӯҳ-Шӯроб посгоҳ гузошта, баста буданд. Ба думбол сарҳадбонҳои тоҷик низ бо посгоҳ ин роҳро аз ҷониби худ бастанд.
Ҳамакнун дар ҳоле ки бо дархости сокинони оддии ин минтақаи марзии қирғизу тоҷик роҳ дубора боз шудааст, ба гуфтаи Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ марзбонҳо ҳамоно ба омадурафти озодана ва беманониати сокинон халал мерасонанд: “Бисёр боиси тааассуф аст, ки 2-3 рӯз пеш сарҳадбонҳои қирғиз дар деҳаи Самарқандак ду ҷавони чоркӯҳиро, ки аз шикор бармегаштанд, дар сари роҳ дошта, ба Бодканд бурда, лату кӯб кардаанд. Номи онҳо дар китоби ҷамоат сабт аст. Онҳо сайёданд, оиладор ва дар мошин аслиҳаи шикории худро бо ҳуҷҷаташ доштаанд. Аммо сарҳадбонҳои қирғиз аслиҳаи онҳоро мусодира кардаанд. Ҳоло онҳо барои баргардонидани аслиҳаи шикории худ талош доранд.”
Ба таъкиди мусоҳибам, чунин бархӯрди марзбонҳо боиси норизоии сокинон ва сар задани муноқишаҳои нав мегардад. Дар канори он сарҳадбонҳо ва сокинони марзии Исфараю Бодканд сабаби сар задани моҷарову муноқишаҳоро дар номуайянии хати марз мебинанд.
Кубатбек Жеенбаев, сардори раёсати минтақавии сарҳадбонии Қирғизистон дар вилояти Бодканд дар як сӯҳбати қаблии худ гуфта буд, ки сокинони наздимарзӣ ҳудуди маҳали зисти худро аниқ намедонанд, чун хати марз ҳанӯз муайян карда нашудааст ва низоъҳои байни сокинон аз ҳамин сар мезанад.
Аз моҳи апрели соли равон то кунун дар ин замина байни сокинони марзии Исфараву Бодканд се маротиба даргирӣ рух дод.
Минтақаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонбайни вилоятҳои Суғду Бодканд, бо тӯли ҳудуди 270 километр ва чандин анклав, ҷазирақаламравҳо, аз мушкилтарин ва ҳассостарин қисматҳои то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудаи ин марз боқӣ мемонад.