Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъабой Сангинов: "Марз бо Қирғизистонро муайян хоҳем кард"


Ҷумъабой Сангинов.
Ҷумъабой Сангинов.

Дар Душанбе ҷаласаи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои баррасии масъалаҳои баҳсталаби марзӣ оғоз ёфт.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон узви комиссияи байнидавлатии таъин ва аломатгузории марзӣ миёни ду кишвар дар робита ба ин музокирот ба Радиои Озодӣ гуфт:

Ҷумъабой Сангинов: "Ин нишаст дар заминаи қарордоде, ки чанд рӯз пеш дар мулоқоти сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвазири ҷумҳурии Қирғизистон ҳосил шуда буд, сурат мегирад. Дар ҳамон мулоқот бо дарназардошти баъзе мушкилоти муайян кардани хатти марзӣ миёни ду кишвари ҳамсоя, ба хулосае омаданд, ки ҳайатҳои корӣ ба соҳаи марзӣ, асосҳои ҳуқуқии муайян кардани масъалаҳои сарҳадӣ, балки масъалаи муайян кардани амволи ҳар ду давлат, ки имрӯз дар ҳудуди ҳамсоя ҷойгир аст, оиди вазъи ҳуқуқии онҳо то охир корбарӣ кунанд. Дигар, масъалаҳои гузаргоҳҳои байнидавлатие, ки имрӯз фаъолият мекунанд, барои равшан кардану самаранок кардани кори ин гузаргоҳҳо. Ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фарҳангӣ. Ин гурӯҳи корӣ як муддати муайян 3 то 5 рӯз дар шаҳри Душанбе корбарӣ мекунад. Бо ҳамин мақсад ташриф оварданд ва кори он аллакай аз ҳамин рӯз оғоз ёфт."

Озодӣ: Шумо моликияти давлатӣ ҳамон чоҳҳоеро дар назар доред, ки мавриди баҳси ду ҷониб шудааст ва дар қаламрави Қирғизистон мондааст?

Сангинов: "Не, на ин, ки чоҳҳо, дигар амволҳои ду тарафа аст, ки аз замони шӯравӣ мо дар ҳудуди якдигар истифода мебурдему тобеияти ин ё он давлат буд, вале имрӯз дар тобеияти давлати ҳамсоя қарор гирифт. Ин чиз ҳам дар заминаи мувофиқасозӣ ва ҳамон истифодабарии ояндаи онҳоро муаяйн кардан, аз ҷумла ин чоҳҳо. Дар мавриди чоҳҳо мо, аллакай, ибрози андеша кардем, ки ин чоҳҳо аз соли 1974 то соли 1987 муддати 13-14 сол дар ҳудуди ноҳияи Конибодом, дар маҳаллаи Ниёзбек кофта шуда буданд ва аз 89 чоҳи кофташуда танҳо як чоҳ дар ҳамон замон бо назардошти он, ки дар ҳудуди ҷумҳурии Қирғизистон буд, чоҳи рақами 1 ба истифодабарии тарафи Қирғизистон дода шуда буд. Тамоми чоҳҳо, ки имрӯз аз онҳо 11 чоҳ фаъол аст, дар қаламрави Тоҷикистон, вале бо дарназардошти ин, ки ин ҳудуд муайян нашудааст, аз нигоҳи хатти сарҳадӣ, ҳудуди мувофиқанашуда ҳисоб мешавад, лекин аз нигоҳи истифодабарӣ ҳама вақт дар истифодаи Тоҷикистон қарор доштанд. Аз ин рӯ, ин баҳси дутарафа нест, баҳсе ки тарафи Қирғизистон бардоштааст, то як дараҷа ба ҳамон муносибатҳои мо ҷавобгӯ нест, чунки мо дар ягон ҳолат оиди иқтидорҳое, ки дар ҳудуди Қирғизистон фаъолият мекунад, мо ягон масъалаи баҳсиро бунёд накардем. Аз ин рӯ мо фикр мекунем, ки даъвои Қирғизистон ягон асоси воқеӣ ҳам надорад. Вале таҳаммул чизи хуб аст, мо то имрӯз таҳаммул кардем, лекин имрӯз ин чоҳҳо барои тарафи Тоҷикистон мунтазам фаъолият бурда истодаанд ва аз худ кардани ин чоҳҳо аз сӯи давлати ҳамсоя сурат нагирифтааст ва намегирад."

Ҷумъабой Сангинов дар бораи вазъ дар марз бо Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Яке аз масъалаҳое, ки дар ин рӯзҳо ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ин аст, ки баъди куштори хонаводаи Халлоқовҳо, дар ду деҳа аз ҷониби Тоҷикистон ва дар ду деҳа аз ҷониби қирғизҳодар вилояти Бодканд рафтуомад мушкил шудааст ва муносибати мардум печидатар шудааст. Фикр намекунед, ки ин ҳам яке аз масъалаҳои муҳими рӯз аст, ки ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл шавад?

Сангинов: Аввал ин, ки ҳар гуна фоҷиа, ки ба куштори одам анҷом меёбад, ин ҷинояти сахт ва сангин ба ҳисоб меравад. Албатта, барои мо ҳодисаи ба вуқӯъпайваста ҳодисаи фоҷеабор буд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо дастури бевоситаи раҳбари давлат тамоми корҳоро имрӯз ба анҷом расонида истодаанд. Вале аз тарафи дигар, то замоне, ки ҷинояткор муайян нашавад, бо дарназардошти эҳтимолият бегуноҳӣ, сухан гуфтан атрофи он, ки он аз кадом тараф содир шуд, аз нигоҳи одоби ҳамсоядорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ ҷоиз нест. Имрӯз корбарии хеле ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Тарафи Қирғизистон ҳам ҷалб шуда ва мусоидат карда истодаанд. Дар мавриде, ки зарур шавад, тарафи ҳамсояи севуми мо Узбакистон, то ҳол зарур нашудааст, вале агар зарур шавад, мо ин ҳамкориро истисно намекунем. Мо дар арафаи кушодани ҷиноят қарор дорем. Аллакай баъзе нишонаҳо ҳаст, лекин бо назардошти он, ки ин сирри тафтишотӣ аст ва салоҳияти мақомоти қудратӣ аст, ман аз ин чиз худдорӣ мекунам, лекин мо хеле наздик шудем ва боварӣ дорам, ки рӯзҳои наздик ин ҷиноят ошкор мешавад ва баъд атрофи ин, ки кӣ ва бо кадом мақсад содир кард, имконияти гуфтугузор ва ҷинояткор ҷазои қонунии худро мегирад, гуфтан мумкин аст. Дар ҳамин маврид ман бояд таъкид кунам, ки мо байни мардум хеле ҷиддӣ, мақомотҳои иҷроия ва мақомотҳои қудратии тарафи Қирғизистон корбарӣ кардем, мо ҳама нуқтаҳоро фаҳмондем. Вазъ муташанниҷ нест, шиддати муносибатҳо баланд нест, ҳар чанд, ки ин фоҷеа аст. Бори дигар таъкид мекунам, мардум бо таҳаммул ва дарки воқеияти ҳамин ҳодиса интизор доранд, кай ҷиноят ошкор мешавад ва нисбати якдигар мо муносибати носозгор мушоҳида накарда истодаем.

Озодӣ: Тибқи навиштаи расонаҳо, ҷониби Қирғизистон мехоҳад, ки ҳамин муноқишаҳо ҳар чи зудтар ҳал шавад, вале ҷониби Тоҷикистон ин масъаларо ба дарозо мекашад.

Сангинов: Кадом муноқиша?

Озодӣ: Муноқиша не, умуман ҳамон муносибатҳои марзие, ки байни аҳолии ду тараф ҳаст.

Сангинов: Муайян кардани хатти сарҳадиро дар назар доред?

Озодӣ: Ҳам хатти сарҳадӣ ва ҳам роҳҳои рафтуомад, истифодаи обҳо, масалан, муносибатҳои ахир, ки баъд аз ин куштор ба вуҷуд омад.

Сангинов: "Ман бо тамоми масъулияти ҳамчун аъзои Комиссияи демаркатсия дар кори комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ мунтазам иштирок дорам, тарафи Тоҷикистон бо тамоми масъулият тарафдори он аст ва кӯшиш мекунад, ки ҳар чӣ зудтар дар доираи асосҳои қонунӣ муайян кардани хатти марз ва инчунин тамоми муноқиша ё низоъҳои ба ном маишӣ ё хоҷагидорӣ, ки ба вуқуъ мепайванданд, сари вақт ҳаллу фасли худро ёбанд, бартараф ва пешгирӣ карда шаванд. Дар ягон ҳолат тарафи Тоҷикистон ягон кӯшиш барои кашолкорӣ надорад. Фақат ҳамин, ки мутаассифона, баъзе аъзоҳои комиссияи тарафи Қирғизистон дар баъзе ҳолатҳо, аз баъзе изҳоротҳои беасос худдорӣ намекунанд ва дар баъзе марҳилаҳо ҳамин хел таассурот байни шахсони ноогоҳ ва баъзе расонаҳо, ки аз воқеият дуранд ва имконият надоранд омӯзанд, пайдо мешавад."

Озодӣ: Шумо ҳамчун масъул, ки вазъро мешиносед, оё фикр мекунед, ки баъд аз ҳал кардани масъалаҳои марз ва муайян кардани ҳудуд, низоъ аз байн хоҳад рафт? Пешгирӣ кардан аз ташаннуҷи вазъ дар оянда мумкин аст?

Сангинов: Бо дастури раиси вилоят банда масъули ҳамин масъалаҳо дар ҳудуди вилоят ва муносибатҳои байни вилоятҳои Бодканд ва Суғд ҳастам. Ман бо тамоми масъулияти мегӯям, ки вазъият ба он шакле, ки шумо ишорат кардед, ба ин шакл ва ба ин сифат шиддат надорад. То имрӯз ба истиснои охирин фоҷеа ё кушторе, ки ба вуқӯъ пайваст, азбаски ҳамин бошишгоҳ дар наздикии хатти сарҳадӣ буд, албатта гумон ва андешаи мардум имконияти ҷой доштан дорад ишора ба ин ё он тараф, вале дар ягон ҳолат ягон низоъ нашудааст, ки мо сари вақт аз ӯҳдаи бартараф ва ҳаллу фасли саривақтии он набаромада бошем. Аз ин лиҳоз ман гуфта наметавонам, ки муносибатҳо дар хатти сарҳадӣ ноҳамвор ё шиддатнок аст. 52 давлати дунё имрӯз мутаассифона, машғули баҳсҳои наздисарҳадӣ ҳастанд, дар Аврупо, Аврупои шарқӣ, Осиёи ҷанубу шарқӣ, аз он ҷумла дар давлатҳои пасошӯравӣ. Мо ки ба ин масъалаҳо рӯбарӯ ҳастем, албатта низоъҳои шаҳрвандӣ дар заминаи истифодаи об, хатти марзии истифодаи боғ, дигар ҳолатҳо, гузариши хатти марзӣ ҷой дорад, лекин онҳо наметавонад муносибати дӯстонаи моро халалдор кунанд. Муносибат аз нигоҳи мо созгор аст ва низоъҳо пурра идорашавандаанд."
XS
SM
MD
LG