Ба гуфтаи додгоҳ, Сеип Уразбоев, сокини шаҳри Сулуктаи вилояти Бодканди Қирғизистон мутобиқи бандҳои 289 ва 195, қисми 2–и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “қочоқи моддаҳои тарканда” ва “интиқоли ғайриқонунии моддаҳои тарканда” гунаҳкор дониста шуд.
Аброр Ҳафизов, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки тафтиши пешакии парвандаи Уразбоевро анҷом додааст, ба Озодӣ гуфт, вай моҳи август бо роҳи ғайриқонунӣ 13 килову 566 грамм маводи тарканда ва 60 адад тарконанда (детонатор) - ро ба Тоҷикистон ворид карда, ҳангоми фурӯш ба “харидорони шартӣ”, кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд боздошт гардид.
Ин дуюмин ҳодисаи боздошти шаҳрвандони қирғиз дар тайи як моҳи охир дар минтақаи марзӣ ҳангоми бо роҳи ғайриқонунӣ ворид намудани моддаҳои тарканда ба вилояти Суғд аст.
Бино ба гуфтаи манобеъи Озодӣ, кормандони пулиси тоҷик дар поёни моҳи август дар як гузаргоҳи воқеъ дар марзи ноҳияиҳои Исфара ва Бодканд ду шаҳрванди дигари Қирғизистонро ҳангоми интиқоли 11 кило маводи мунфаҷира, ки як миқдораш тротил будааст, дастгир кардаанд.