Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи ҷангҷӯи тоҷик аз зиндони Ироқ. ВИДЕО


Волидони Аҳтам Олимов.
Волидони Аҳтам Олимов.

"Ман дар Ироқам, ҳама хуб аст. Салом бар шумо”. Ин охирин номаи кутоҳи Аҳтам Олимов, сокини 28-солаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе аз зиндони Ироқ аст, ки пас аз чор соли бенишон шудан Созмони байналмилалии Салиби Сурх ба дасти волидайнаш расонд."

Дар шароите, ки ҳеҷ хабар аз садҳо ҷангҷӯи тоҷик дар Ироқу Сурия нест, волидайн аз Аҳтам ду нома гирифтанд, ки ягона далел аз зинда будани фарзандашон аст. Аҳтам Олимов, ки ҳоло бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави

Саҳар дар хона нишаста будем, ки намояндаи Салиби Сурх омад. Хатро нишон дод, сахт хурсанд шудем. Мо мурда ё зинда будани ӯро намедонистем

ДИИШ дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад, соли 2013 барои кор ба Русия рафт ва бедарак шуд. Моҳи сентябри соли 2014 телевизиони Ироқ навори боздошт ва бозпурсии ӯро намоиш дод. Дар ин навор ӯ иқрор кард, ки аз тариқи Туркия ба Ироқ рафта, ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастааст.

Юсуф Олимов, падари Аҳтам рӯзи 26-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте навори бозпурсии писарашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дид, ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кард. Ба ӯ гуфтанд, ки Тоҷикистон дар Ироқ намояндагӣ надорад, аз ин рӯ, имкони дақиқ кардани маҳали боздошти Аҳтам барояшон имконпазир нест.

Номае, ки Салиби Сурх овард

Ин падар гуфт, то расидани мактуб хабарҳое дарёфт мекард, ки умед ба зинда будани писарашро кам мекард. Бисёриҳо барояш мегуфтанд, дар Ироқ онҳое, ки бо ҷурми узвият ба гурӯҳи ДИИШ боздошт мешаванд, кушта мешаванд.

Ӯ гуфт: “Саҳар дар хона нишаста будем, ки намояндаи Салиби Сурх омад. Хатро нишон дод, сахт хурсанд шудем. Мо мурда ё зинда будани ӯро намедонистем. Хеле хурсанд шудем. Намояндаҳои ин созмон гуфтанд, ки ҳангоми шиносоӣ бо вазъи зиндониён бо Аҳтам вохӯрдаанд.”

Ин падар бо дасти намояндаи Салиби Сурх мактуби ҷавобӣ фиристодааст ва ҳоло мунтазири посух аз писараш аст. Аҳтам Олимов бо ҷурми узвият дар созмони ДИИШ дар зиндон қарор дорад, вале макони дақиқи нигаҳдорӣ ва ин ки додгоҳ нисбаташ чӣ ҳукме содир кардааст, маълум нест.

Номаи ҷангҷӯи тоҷик аз зиндони Ироқ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Салиби Сурх, ки аз ӯ ба пайвандонаш мактуб расонидааст, як созмони хайрияи имдодӣ аст, ки дар аксар кишварҳои дунё намояндагӣ дорад. Ин созмон бо дархости пайвандон афроди беномунишоншударо ҷустуҷӯ мекунад. Ҳукумати Ироқ ба ин созмон иҷозаи кӯмак ба зиндониён ва бохабар шудан аз аҳволи онҳоро додааст.

Беш аз ҳазор тоҷике, ки ба Сурияву Ироқ рафт

Бо назардошти ин, ҳоло даҳҳо тан аз пайвандони афроде, ки дар Сурия ва Ироқ бенишон шудаанд, ба ин созмон муроҷиат кардаанд. Намояндагии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ, ки то ҳол чанд нафар бенишоншударо дар Сурия ва Ироқ пайдо кардаанд, худдорӣ мекунад.

Номаи Аҳтам Олимов аз зиндони Ироқ.
Номаи Аҳтам Олимов аз зиндони Ироқ.

Бештар аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд, дар пайи таблиғоти тундгароёна сар аз соли 2013 ба Сурия ва Ироқ рафта, ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ин гурӯҳ соли 2014 қаламравҳои бузурге аз ин ду кишварро тасарруф карда, бо ном “Хилофати исломӣ” таъсис дод. Соли 2017 ин гурӯҳи тундрав шикаст хӯрд ва қаламравҳои худро аз даст дод. Садҳо тоҷики узви ДИИШ, ки то нимаи соли 2017 дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо пахши наворҳои таблиғӣ аз худ хабар медоданд, бенишон шуданд.

Аҳтам Олимов, аз камтарин ҷангҷӯёни ин созмон аст, ки ҳоло бо ирсоли нома тариқи созмони Салиби Сурх аз зинда будани худ хабар додааст.

Ҳарчанд моҳи сентябри соли равон созмони норвежӣ дар умури паноҳандагон аз нигаҳдории 31 хонаводаи ҷангҷӯёни тоҷик дар канораи шаҳри Мавсили Ироқ дар як паноҳгоҳ хабар дод, вале бо гузашти чор моҳ ҳеҷ хабари дигар аз онҳо ва шахсияташон дастраси матбуот нашудааст.

Бигузор дар зиндон, вале дар Тоҷикистон бошад

Мақомоти расмии Тоҷикистон низ мегӯянд, аз сарнавишти шаҳрвандони худ дар Ироқ ҳеҷ маълумоте надоранд. Юсуф Олимов, падари Аҳтам мегӯяд, ҳоло роҳҳои истирдоди писараш аз Ироқ ба Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад.“Мехоҳам, ки ӯро ба Тоҷикистон биёранд. Ҳатто агар зиндон ҳам кунанд, дар ҳамин ватани худамон бошад беҳтар аст. лекин то ҳол ҳеҷ роҳеро пайдо накардаем”,- гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло ҳеҷ нафареро аз Сурия ё Ироқ ба Тоҷикистон истирдод накардаанд. Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо мақомоти Ироқу Сурия шартномаи истирдоди боздоштшудагон надоранд.

“Ягон шартномаи байниҳукуматӣ вуҷуд надорд, ки зиндониёнро аз он ҷо истирдод кунанд. Тоҷикистон дар ин ду кишвари арабӣ намояндагӣ ҳам надорад. Ҳоло мо танҳо аз тариқи сафорати Ироқ дар Қазоқистон талош дорем, ки аз вазъи шаҳрвандони боздоштшуда бохабар шавем. Масъалаҳои дигар дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар бояд ҳал шаванд,” - гуфт ӯ.

Дар интизори нома

Пайвандони афроде, ки эҳтимол меравад, дар Суряи ё Ироқ қарор доранд, аз тамоми имкониятҳои қонунӣ истифода мекунанд, то хабаре аз сарнавишти наздиконашон пайдо кунанд. Майрамбӣ Олимова, сокини 65-солаи шаҳри Кӯлоб, ки духтараш ҳамроҳ бо чор наберааш дар Ироқ бенишон шудааст, барои пайдо карданаш ба Салиби Сурх ариза навиштааст.

Гулрӯ Олимова, духтари ин зан охирин бор тобистони соли равон ба модараш занг зад ва гуфт, ки дар Мавсил қарор дорад ва бо ҳамин бедарак шуд.

Ҳоло ин зан интизор аст, ки эҳтимол намояндагии Салиби Сурх рӯзе хабари духтару набераҳои бедаркшудаашро ба ӯ меоранд. Мисле, ки хабари зиндонии Аҳтам Олимовро ба волидайнаш расонидаанд.

Интизороте, ки садҳо хонаводаи ДИИШ ба он умед бастаанд ва ба хотири дидори наздкиони бедаракшудаашон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG