Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ота, гумроҳ шудам”. Қиссаи зани тоҷик, ки дар Афғонистон боздошт шуд


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Мақомоти тоҷик писари панҷcолаи Сафаргул Одинаева, сокини ноҳияи Мӯъминободро, ки бо гумони зархаридӣ дар Афғонистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд, ба тарбияи бибиву бобояш супурданд.

Гуфт, ки ота, хел гумроҳ шудам. Намедонистам, ки ба куҷо меравам. Хеле гирист

Сафаргул Одинаеваи 34-сола ду моҳ қабл ҳамроҳ бо писари панҷсолааш – Умар ва ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон - Хушнуд Махсумов – сокини 33-солаи ноҳияи Ҳисор ва Ҷамолиддин Ҳасанов – сокини 31-солаи шаҳри Душанбе дар Афғонистон боздошт шуд. Мақомот рӯзи 11-уми декабр гуфтанд, ки ин се нафар аз Русия ба Эрон рафта, аз онҷо бо шиносномаҳои афғонӣ вориди вилояти Нимрӯзи Афғонистон шуданд.

Сафаргул пас аз ҷудо шудан аз шавҳараш шаш-ҳафт соли пеш барои кор ба Русия рафта буд. Писари панҷсолааш аз шавҳари дуюмаш будааст. Мақомот низ мегӯянд, ин се тан дар Русия бо ҳам шинос шудаанд.

"Гуфт, ки намедонист ба кадом роҳ меравад"

Абдулфайз Вазиров
Абдулфайз Вазиров

Андам Одинаев, падари Сафаргул, рӯзи 11-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтараш дар тамосҳои телефонӣ мегуфт, дар Русия шавҳар кардааст. Волидони Сафаргул чанд рӯзи пеш бо ӯ дар як боздоштгоҳи Душанбе мулоқот кардаанд. Андам Одинаев баъд аз дидорбинӣ бо духтараш гуфт, барои ӯ ҳадаф ва нияти сафари духтар ба Эрону Афғонистон норӯшан мондааст. Инчунин, падар гуфт, духтараш зиёд сӯҳбат накард ва дар ҳолати эҳсосотӣ буд.

“Гуфт, ки “ота, ҳамин хел гумроҳ шуда рафтам. Намедонистам, ки ба куҷо меравам”. Хеле гирист”, - гуфт Андам Одинаев.

Пайвандон мегӯянд, то чаҳор моҳи пеш Сафаргул аз Русия тамос мегирифт, вале ногаҳон тамосҳояш қатъ шуд. Дертар мақомот ба онҳо гуфтанд, ки духтарашон дар Афғонистон боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Модар: "Бовар дорам, ки ӯ фиреб хӯрдааст"

Райҳонгул Бобоева, модари Сафаргул гуфт, духтараш дар сӯҳбатҳои телефонӣ мегуфт, дар Русия бо марде бо исми Аббос оила барпо карда, баъдан соҳиби писар шудааст. Модар гуфт, дар бораи зиндагиву ҷаҳонбинии духтар иттилои зиёд надошт. Модар бовар дорад, ки духтараш фиреб хӯрдааст ва умедвор аст, додгоҳ инро ба назар мегирад.

Дар ҳоле ки волидон дар бораи саргузаштҳои духтарашон иттилои кофӣ надоранд, мақомоти интизомӣ Сафаргулро бо гумони зархаридӣ ва терроризм дар боздошт нигоҳ медоранд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, ҳоло дар зиндонҳои Афғонистон се зани дигари тоҷик нигаҳдорӣ мешавнад, вале Сафаргул аввалини онҳост, ки пас аз боздошт ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

Пештар мақомоти афғон гуфта буданд, ки дар мабасҳои ин кишвар се зани дигар бо чунин ҷурм зиндонианд, вале намехоҳанд, ба Тоҷикистон истирдод шаванд. Аммо ба гуфтаи пайвандони Сафаргул, пас аз боздошт ӯ худаш барои истирдод ба Тоҷикистон ариза додааст.

"Онҳо дар Русия шинос шуда, ба Эрон ва сипас Афғонистон рафтаанд"

Хайрулло Озод, муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон, дар як сӯҳбат гуфта буд, то худи зиндониён ризоият надиҳанд, бар асоси паймонҳои байналмилалӣ супурдани онҳо ба кишвари дигар ғайриимкон аст. Мақомоте, ки бо парвандаи Сафаргул Одинаева кор мебаранд, гуфтанд, тибқи иттилои аввалия маълум шудааст, ки ӯву ду марди ҳамроҳаш дар Русия дар канали радиои интернетии “Зелло” бо ҳам шинос шуда, аввал ба Зоҳидони Эрон ва сипас бо ҳадафи пайвастан ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба Афғонистон рафтаанд.

Зани тоҷик бо ҷурми узвият дар гурӯҳи ба ном "давлати исломӣ" дар зиндони Кобул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, синни Сафаргул Одинаева аз ин ду марди ҳамроҳаш бузургтар будааст. “Аз ин рӯ, онҳо барояш ваъда медиҳанд, ки дар Афғонистон бо ягон узви ДИИШ ба шавҳар медиҳанд”, - афзуд ӯ.

Терроризм ва зархаридӣ

Аммо ба гуфтаи мақомот ба онҳо дар Зоҳидон шиносномаи шаҳрванди Афғонистонро додаанд, ки озодона тариқи он марзро убур кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, “зоҳиран дар Зоҳидони Эрон як гурӯҳе фаъол аст, ки тариқи вилояти Нимрӯзи Афғонистон ба гурӯҳи тундрави“Давлати исломӣ” ҷангҷӯёнро ҷалб мекунад.”

Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон
Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон

Феълан нисбат ба се шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “зархаридӣ” парванда боз шудааст. Ин се тан дар ҳоле аз Зоҳидон ба Афғонистон рафтаанд, ки моҳи марти имсол панҷ узви як хонавода дар Зоҳидон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Ба гуфтаи мақомот, Абдулфайз Вазирови 33-сола ва ҳамсараш Моҳира Салимоваи 32-сола бо се кӯдаки ноболиғашон қасд доштанд ба Афғонистон бираванд ва ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бипайванданд.

XS
SM
MD
LG