Таркиши маргбори узви ДИИШ, қатли як ҳамҷинсгаро, гузоштани маводи тарканда дар зери мошин, барафрохтани парчами сиёҳи монанд ба "Давлати исломӣ" ва пайдо намудани маводҳои таркандаи худсохт дар Қӯрғонтеппа, пурсарусадотарин амалҳои террористӣ дар соли 2017 дар вилояти Хатлон буданд.
Нахустин таркиш аввалҳои моҳи март дар зери мошини як масъули ширкати мобилии "Билайн" дар кӯчаи "Хатлон" рух дод ва бо амри тасодуф талафоте дар пай надошт. Аммо таркиши дуюм 12-уми март дар кӯчаи Айнӣ ҷони Ҳасанбой Раҳмонов, посбони 67-солаи литсейи тамоюли техникии шаҳри Қӯрғонтеппаро рабуд.
Таҳлилгарон мегӯяд, ки бекорӣ дар миёни ҷавонон ва набуди ҷойҳои дилхушӣ ва саргармӣ, хатари ба гурӯҳу созмонҳои хатарнок пайвастани ҷавононро зиёд мекунад.
Мақомоти тафтишотӣ боздошти чанд ҷавони шаҳри Қӯрғонтеппаро, ки дар ин ҳодиса даст доштаанд, як амали мудҳиши ҷиноӣ унвон карданд, ки аз ҷониби аъзои ДИИШ дар вилояти Хатлон содир шуда ва аз рӯзҳои аввал бар асоси моддаи "терроризм"-и Кодеки ҷиноии парванда боз гардид.
Мақомоти додситонӣ гуфт, ки аъзои ДИИШ, аз деҳаи Зарбдори шаҳри Қӯрғонтеппа будаанд, ки боздошт ва бар асоси 10 моддаи Кодекси ҷиноӣ алайҳи онҳо парванда боз шуд. Хабари қасди анҷоми таркиш, ки ҷиноятҳои дигареро дар пайи дошт, мақомоти тафтишотиро дар кишвар ба ташвиш овард.
Гумонбари асосӣ гуфтааст, ки дастурро аз "Давлати исломӣ" гирифта буд. Мақомот гуфтанд, ки ин афрод дар таҳияи маводи худсохти тарканда, гузоштани парчами сиёҳи монанд ба парчами ДИИШ дар чанд гӯшаи шаҳри Қӯрғонтеппа гунаҳгор шуданд ва ин иттиҳомро наздиконашон низ тасдиқ карданд.
Шарифҷони Зокир, бародари ноболиғ ва хешовандонаш
Шарифҷони Зокир, аз деҳаи Зарбдори шаҳри Қӯрғонтеппа аст. Охири моҳи сентябри соли 2017 Шарифҷони Зокир, аз омилони аслии таркиши маргбор дар ин шаҳр, ба ҳабси абад маҳкум шуд. Таркиш дар наздикии пойгоҳи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа моҳи марти имсол як кушта бар ҷой гузошт. Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ки Шарифҷони Зокир, инчунин, ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва куштори як ҷавони ҳамҷинсгаро дар вилояти Хатлон мутаҳҳам будааст.
Раҷабҷони Зокир, бародари Шарифҷони Зокир, ки хонандаи синфи 9-ум мебошад, барои ҳамдастӣ дар анҷоми таркиши шаҳри Қӯрғонтеппа ба мӯҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд. Равшан Файзиев, Рустамҷон Амирхоҷаев ва Саъдӣ Саидов, се узви ин гурӯҳ, ки аз наздикони Шарифҷони Зокир будаанд, аз 13 то 15 сол зиндонӣ шудаанд.
Мақомот гуфта буданд, ки роҳбари гурӯҳ Шарифҷони Зокир аз соли 2015 ба аъзои "Давлати исломӣ" ба тахаллуси "Муовия", "Абу Муҳоҷир", "Абу Усомаи Норакӣ" ва чанд нафари дигар ҳамкорӣ доштааст. Қатли ҳамҷинсгаро аз сӯи Шарифҷони Зокир моҳи августи соли 2016 дар деҳаи Элтӣ содир шудааст, вале мақомот аз ӯ ном намебарад.
"Бачаҳо ҳамин корро карданд!"
Тибқи хабарҳои расмӣ, Шарифҷони Зокир тариқи «Яндекс-денги» барои амалҳои тахрибкоронааш аз аъзои ДИИШ 9 ҳазор рубли русӣ гирифта, маводи тарканда сохт ва 12-уми март як маводи тарканда дар назди бинои додситонӣ, додгоҳи ҳарбӣ ва пойгоҳи низомии Русия дар Қӯрғонтеппа инфиҷор кард. Дар ин ҳодиса Ҳасанбой Раҳмонов, посбони як мактаб ҷон дод. Наздикони Раҳмонов мегӯяд, ки соли 2017 соли хубе набуд, чун як наздикашон дар таркиши ҳанӯз барои онҳо номаълум ҷон дод.
Онҳо аз сӯҳбати бештар худдорӣ мекунанд, вале Ҳодӣ Файзалиев, амаки Шарифҷони Зокир гуфт, ки соли сангинеро пушти сар кардаанд ва ҳанӯз азобашро мекашанд. Ин ҳамсӯҳбатамон гуфт, ки ҳарчанд дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат накардааст, вале ҳолати бародараш, ки ду фарзандаш зиндонӣ шудаанд, бад аст.
"Ростӣ, ман ҳоло маълумоти зиёд надорам, соли сангин буд барои мо, худаш рафта писарҳояшро хабар мегирад, аз СИЗО ба зиндон бурданд онҳоро. Бародарам гуфт, ки писаронашро хабаргирӣ рафтааст. Ман дар як мурофиаи судӣ рафтам, мушкиламон зиёд аст, барои ҳамин дигар хабаргирӣ нарафтам. Соли душвор буд, чӣ кунем, ки бачаҳо ҳамин корро карданд."
Наздикони ҷавононе, ки зиндонӣ шудаанд, ҷинояти содиркардаи онҳоро тасдиқ мекунанд, вале ҳамзамон изҳори пушаймонӣ доранд, ки бачаҳо зиндагии худ ва хонаводаро сиёҳ кардаанд.
Соли мубориза бо ДИИШ
Дар баробари анҷоми амали террористӣ додгоҳи вилояти Хатлон аз аввали сол ҳудуди 50 сокини вилоятро, ки ақидаҳои "Давлати исломӣ"-ро ҷонибдори кардаанд, ба солҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум кард, ки аксарияти онҳо дар Тоҷикистон ва шаҳрҳои Русия боздошт шудаанд.
Таҳлилгарон мегӯяд, агарчи сафи "Давлати исломӣ" дар соли 2017 аз сӯи нерӯҳои байналмилалӣ ва дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия саркӯб шуданд, вале мақомот ва ҳам бархе коршиносон дар Тоҷикистон аз ҳаракати эҳтимолии онҳо ба Афғонистон эҳсоси хатар доранд.
Сӯҳроби Сафариён, таҳлилгари маҳаллӣ мегӯяд, ки Афғонистони ҳамсоя сарпаноҳи дигаре баъди Ироқу Сурия ва азоёни ДИИШ шудааст, ки ба Тоҷикистон ва хусусан вилояти Хатлон ҳаммарз аст. Аз ин рӯ ин таҳлилгар бар ин назар аст, ки бояд соли 2018 мардум аз эҳтиёт кор бигиранд.
Сӯҳроби Сафариён меафзояд: "Аъзои ДИИШ дар баробари афроди тасодуфӣ, инчунин мутахассисони низомӣ, муҳандисҳо ва шахсони таҷрибадор ҳастанд. Ин чиз мояи нигаронӣ аст. Аз сӯи дигар, амният дар Тоҷикистон хуб аст ва сохторҳои интизомӣ метавонад аз ҳар ҷинояте, ки роҳандозӣ шудааст, пешгирӣ кунанд. Мисоли инро зиёд дидем".
Таҳлилгарон мегӯяд, ки дар сурати коҳиши бекорӣ дар миёни ҷавонон, набуди макони дилхушӣ ва саргармӣ, хатари ба гурӯҳу созмонҳои хатарнок пайвастани ҷавононро зиёд мекунад. Таҳлилгарон дар Хатлон мегӯянд, ки мақомоти тоҷик бояд ҷиддан дар фикри профилактика ё чораҳои ҷилавгирикунанда аз ифротгароӣ шаванд, то ки бо забони хуб ва фаҳмо дар бораи хатарҳо огаҳ шаванд.