Додгоҳи шаҳри Душанбе масъули як ширкати ҳамкор бо Хадамоти гумруки Тоҷикистонро барои додани санадҳои тақаллубӣ ба воридкунандагони мошинҳои сабукрав ба кишвар ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Муҳибулло Додохонов, корманди як ширати ҳамкор бо Хадамоти гумруки Тоҷикистон бар асоси моддаи 340 қисми 2 , яъне “cохтакорӣ”, 247 қисми 4, банди б, яъне “қалобӣ ба миқдори махсусан калон” муттаҳам дониста мешавад.
Мақомот мегӯянд, ки ин ҷиноят аз ҷониби худи Хадамоти гумрук ошкор шуда ва барои тафтиш ба ниҳодҳои зирабт ирсол шудааст. Хадамоти гумрук ҳангоми муқоисаи ҳуҷҷатҳо, аз ин қонуншиканӣ огоҳ шудааст.
Як манбаъ аз додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, ин нафар бо роҳи тақаллубкорӣ наздик ба 500 ҳазор сомониро аз худ кардааст. Ин манбаъ бидуни зикри номаш гуфт: ”Додохонов ба воридкунандагони мошинҳои
Арзиши мошини серистифодаи “Опел”-и соли истеҳсолаш 1996 агар то баҳори соли 2016 - 2500 доллар буд, то охири соли гузашта то 3000 доллар афзоиш ёфт
сабукрав ҳангоми супурдани маблағ барояшон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи супурдани боҷи гумрукӣ медодааст, аммо дар асл аз он ҳисоб маблағи хеле камро расман ворид мекардааст. Пас аз тафтиш маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳои додаи ӯ сохтакорӣ буда, дар асл ӯ миқдори хеле ками маблағро ба буҷаи давлат ворид мекардааст”.
Масъули додгоҳ гуфт, ки пас аз ошкор шудани ҷиноят Додохонов фирор кард, вале бо гузашти як моҳ боздошт шуд. Аз рӯи қонун, маҳкумшуда имкон дошт баъди барқарор кардани зарари молии расонидааш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод ва ё мӯҳлати ҷазояшро сабуктар кунад, вале ӯ ҷуброн намудани зарарро рад кардааст.
Ҳукми додгоҳ дар моҳи декабри соли 2016 содир шудааст. Маҳкумшуда дар мурофиаи зинаи аввал аз ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ норозӣ шуда, аз болои он ба додгоҳи пойтахт шикоят бурд, вале ин додгоҳ ҳам ҳукмро тасдиқ кард.
"Опел" то се ҳазор доллар гарон шуд"
Ин ҳукм дар ҳоле содир мешавад, ки тоҷирони мошин дар бозорҳои Тоҷикистон аз гаронтар ва сахттар шудани боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид кардани мошинҳои сабукрав ба кишвар дар як соли гузашта шикоят мекунанд. Гароншавии боҷ ба қимати мошинҳо ҳам таъсиргузор шуд. Ба қавли як тоҷири бозор, арзиши мошини серистифодаи “Опел”-и соли истеҳсолаш 1996 агар то баҳори соли 2016 - 2500 доллар буд, то охири соли гузашта то 3000 доллар афзоиш ёфт.
Бархе мегӯянд, ваъдаи президент дар бораи 50 баробар кам кардани андоз ва боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав дастандаркорони бозори мошинфурӯшӣ дар Тоҷикистонро дилгарм кард. Аз сӯи дигар, мегӯянд коршиносон, чунин тасмим ба манфиати танҳо гурӯҳе аз афрод мешавад, на ба фоидаи тамоми аъзои ҷомеа.
50 % тахфифи боҷ - ба фоидаи гурӯҳи хурди харидор
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар пайёми солонааш ба парлумон рӯзи 22 декабр гуфт, аз 1 январи соли 2017 воридоти мошинҳои нав ба Тоҷикистон ба андозаи 50 дарсад аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод хоҳанд шуд.
Вале Алишер Наврӯзов, як тоҷири собиқадори мошинбозор, ки дар гузашта ба воридоти мошин низ аз хориҷ сару кор дошт гуфт, муштариёни мошинҳои нави бозорҳои Тоҷикистон – сарватмандон ва мансабдоронанд. Боқӣ ҳама танҳо ба харидани мошини дасти ду имкон доранд, ки нархаш ду-се баробар камтар азнархи мошинҳои нав аст.
Вай гуфт: “50 дар сад танҳо мошинҳои нав аз андоз озод мешаванд, ки онҳоро афроди сарватманду мансабдорон ба кишвар ворид мекунанд. Яъне, ин тағйир ҳам ба манфиати мардуми оддӣ нахоҳад буд. Мардум аксаран мошинҳои солҳои бароришашон аз 1992 то 2000-умро харидорӣ мекунанд, ки боҷи гумрукӣ дар нисбат ба онҳо бетағйир аст. Мошинҳои навро бошад, танҳо сарватмандон харидорӣ мекунанд ва ин гузашт ҳам ба манфиати онҳо аст”.
Буҷаи Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби воридоти мошинҳо ҳудуди сад миллион доллар фоида ба даст меорад ва аксари ин мошинҳо ба кишвар аз ИМА, тавассути Эрону Туркманистону Ӯзбакистон ва аз ҷумҳуриҳои Наздибалтик бо роҳи оҳан ворид мешавад. Аксари ин мошинҳо – дасти ду буда, ҳодисаҳои ба кишвар ворид шудани мошинҳои дуздидашуда ҳам ба қайд мерасад.