Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як корманди гумрук дар "қофила"-и қочоқи ҳероин


Дар додгоҳи ноҳияи Сино мурофиаи парвандаи 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон идома дорад, ки дар курсии айбдорӣ як корманди Хадамоти гумрук низ нишастааст.

Дафтари матбуоти додгоҳи Синои пойтахт рӯзи 26-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ин гурӯҳи 10-нафара бо қочоқи 52 кило маводи мухаддир айбдор дониста мешаванд, ки мурофиаи додгоҳии онҳо ба таври кушода идома дорад.

Дар миёни айбдоршавандаҳо як шаҳрванди Афғонистон ва корманди Хадамоти гумрук низ ҳаст ва ин корманд тибқи модаи 347 кодеси ҷиноӣ барои донистан ва хабар надодан аз ҷараёни қочоқи маводи мухаддир, гумонбар дониста шудааст.

Бино ба иттилои додгоҳи Сино, мурофиаро додраси ҳамин додгоҳ Далер Зуҳуров бар ӯҳда дорад ва дар миёни абдоршавандаҳо як навраси ноболиғ, сокини шаҳри Душанбе низ ҳаст, ки бо моддаи 347 кодекси ҷиноӣ, яъен саривақт аз амали гурӯҳи қочоқбар ба мақомоти интизомӣ иттилоъ нарасонидан, гумонбар дониста мешавад. Боқимонда 8 нафари дигар бо моддаи 200 қисми 4 қочоқи маводи мухаддир бо ҳаҷми калон, айбдор дониста мешаванд.

Ин гурӯҳи даҳ нафара 6 моҳ қабл 52 кило маводи мухаддир, аз ҷумла ҳероин ва ҳашишро мехостаанд аз Афғонистон ба Душанбе ва аз инҷо ба Русия интиқол диҳанд. Аммо кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ ин гурӯҳро ҳангоми интиқоли маводи мухаддир дар Душанбе ошкор ва боздошт намуда, 52 кило маводи мухаддиро мусодира кардаанд.

Қарор аст, ки мурофиаи ниҳоии ин гурӯҳи 10 нафар рӯзи 27-уми ноябр дар додгоҳи ноҳияи Сино баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG