Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуввияти ҳамлаварони Умариён ошкор нашудааст


Абдураҳим Умариён - сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Абдураҳим Умариён - сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Абдураҳими Умариён мегӯяд, ҳамла ба ӯ дар ҷойи торик ба вуқӯъ пайваста ва ӯ натавонист ҳамлаваронро бишиносад.

Абдураҳим Умариён, раиси дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, мегӯяд, пас аз зарбаҳои аввал ба сараш аз ҳуш рафт ва суханони ҳамлаварон ё сару либоси онҳоро дар ёд надорад.

Абдураҳим дар ҳоле ки бо рӯи варамида ва сари докапеч дар яке аз утоқҳои бемористони Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе, бистарӣ шудааст, мегӯяд: «Замоне, ки онҳо маро латту кӯб мекарданд, ман рӯямро маҳкам намудам, то зарба ба рӯям камтар расад. Дар кисаам ҳазор сомонӣ ва ду телефони ҳамроҳ доштам, ҳамлагарон ба онҳо даст нарасонданд».

Вазорати корҳои дохилии ба таҳқиқи воқеа шурӯъ кардааст ва
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин ниҳод, гуфт, фарзияҳои ҳамла танҳо баъд аз он, ки Абдураҳим ҷузъиёти бештари ҳодисаро ба хотир меорад баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳоли ҳозир ба гуфтаи ҷаноби Асадуллоев, ҳеҷ гумонбаре дар ин ҳодиса боздошт нашудааст. Вай афзуд, ошкор шудани омилони ин ҷиноят ба мусоидати худи Абдураҳим вобастагӣ дорад.

"Мо интизори он ҳастем, ки вазъи ӯ беҳтар шавад, то битавонад ба ходимони шӯъбаи корҳои дохилӣ тафсилоти бештарро нақл кунад. Пайвандони Абдураҳим бо аризаи шикоятӣ бевосита муроҷиат накардаанд, парвандаи ҷиноятӣ баъд аз он боз шуд, ки кормандони пулис аз ҷойи ҳодиса дидан карданд», - мегӯяд сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ.

Худи Абдураҳим мегӯяд, қаблан афроди ношинос барои гузоришҳояш дар бораи қочоқбарон ба ӯ таҳдид карда буданд. Вай дар бораи фаъолияти кормандони гумрук дар минтақаҳои марзӣ, хусусан дар марз бо Қирғизистон ва қочоқи маводи сӯхт барои шабакаҳои телевизионии кишвар гузоришҳои вижа омода мекард.

Пизишкон мегӯянд, ки аз зарбаҳо мағзи сари Абдураҳим осеб дидааст.

Баҳриддин, бародари Абураҳим, латукӯб шудани бародарашро ба фаъолияти касбии ӯ рабт медиҳад ва мегӯяд, аз ин таҳдидҳо огоҳ буданд ва наздикон ҳатто хостанд, ки вай фаъолияти рӯзноманигорияшро канор гузорад.

Баҳриддин мегӯяд, ҳоло бештар аз ҳама саломатии Абдураҳим онҳоро нигарон кардааст: «Духтурон мегӯянд, ӯ аз сараш зарбаи сахт хӯрдааст. Худаш низ аз дарди сахти сар шикоят мекунад. Ба эҳтимоли бештар то 20 рӯз дар бемористон мемонад. Ҳоло бо ӯ зиёд сӯҳбат кардан иҷоза нест. Муфаттишон омада баёнот гирифта рафтанд».

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз Вазорати корҳои дохилӣ хостааст, омилони ҳамла ба Абдураҳим Умариён ҳарчӣ зудтар ошкор ва муҷозот шаванд.

Ин дархост дар ҳоле садо медиҳад, ки қаблан омилони ҳамла ба корманди телевизиони «Сафина» Далер Шарифов ва сардабири нашрияи “Наҷот” Ҳикматулло Сайфуллозода бо вуҷуди сарусадои зиёд ошкор нашудаанд.

Абдураҳим Умариён, дар нимаи дуввуми соли гузашта раиси дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд ва пеш аз ин дар Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва радиои "Озодӣ" низ кор кардааст. Ӯ 27 сол дорад ва факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
XS
SM
MD
LG