Уғулой Хоҷаева, муъовини раиси ширкати «Барқи тоҷик», дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки чунин барнома ба давлати Тоҷикистон ироа шудааст ва дар сурати тасвиби он аз сӯи давлат, дар аввали моҳи август реҷаи барқрасонӣ пиёда хоҳад шуд. Дар назар аст, ки барқрасонӣ ба мардум дар вақти шабона коҳиш дода шавад.
Уғулой Хоҷаева далели маҳдудияти барқрасонӣ ба мардумро чунин тавзеҳ дод, ки «оби обанбори Норак коҳиш ёфтааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 метр камтар аст. Ва мо талош дорем, то моҳи сентябр обро дар обанбор ба миқдори кофӣ захира кунем».
Ин дар ҳолест, ки Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноъати Тоҷикистон, ахиран гуфта буд, ки реҷаи барқрасонӣ ба мардум дар ҷумҳурӣ пас аз таҷлили истиқлолияти Тоҷикистон пиёда хоҳад шуд. Ин пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон буд, ки дар мулоқот бо мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» онро ироа карда буд.
Муъовини раиси «Барқи тоҷик» ҳамчунин дар ин нишасти матбуотӣ мавридҳои қочоқи барқро рад кард ва инро талафоти фаннӣ хонд. Ин дар ҳолест, ки ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки 50 дарсади талафоти барқ ин дуздист ва бархе аз мақомоти «Барқи тоҷик» барқро ғайриқонунӣ тиҷорат низ мекунанд.
Муъовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар ин нишасти матбуотӣ низ гуфт, ки мушкилоти соли гузашта имсол низ дар пеш аст. Ва барои дар ояндаҳо бо нерӯи барқ таъмин кардани мардум ин ширкат ба эҳдоси нерӯгоҳҳои обии кӯчак умед мебандад. Ба гуфтаи вай, истифода аз нерӯгоҳҳои бодӣ ва нерӯи офтоб аз лиҳози иқтисодӣ барои Тоҷикистон судманд нест.
Аммо Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисоддони саршиноси Тоҷикистон, ба ин иддао розӣ нест. Вай дар ин бора гуфт, «технологияи баҳрабардорӣ аз нерӯи офтоб ва бод дар Тоҷикистон ҳаст, имконият низ вуҷуд дорад. Ва барои мо судманд аст. Ин соҳа танҳо кадрҳои ҳирфаӣ талаб мекунад, ки онҳоро надорем».
Тоҳири Абдуҷаббор ба тавони кадрии ин ширкат ва шаффофияти фаъолияти он низ шак дорад. Ба эътиқоди Тоҳири Абдуҷаббор, агар фаъолияти ин ширкат шаффоф мебуд, Сандуқи байнулмилалии пул тақозо намекард, то фаъолияти ин ширкат ва муҳосиботи молии он аз сӯи аудиторҳои мустақили хориҷӣ баррасӣ шавад.