Қарор буд Афғонистон ва Тоҷикистон имрӯз мувофиқатномаи давлатиро дар бораи фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли гармо ва эҳдоси хатти интиқоли барқ ба Афғонистон бо тавоноии 220 кВт имзо мекарданд.
Вале ҷониби Афғонистон дар маросими ба имзо раисдани ин мувофиқатнома бо далели норавшании бархе аз бахшҳои норавшани ин мувофиқатнома аз имзои он худдорӣ кард. Ва вазирони энержии ду кишвар баъд аз як соат гуфтугӯҳои дуҷониба бо ширкати намояндагони Бонки осиёии рушд эълон карданд, ки имзои ин мувофиқатнома ба баъд мавқуф гузошта мешавад.
Бино ба бархе аз сарчашмаҳо, тарафи Афғонистон аз он норозист, ки дар ин қарордод нархи барқи интиқолӣ инъикос нашудааст. Ва гузашта аз ин ҷониби Афғонистон мехоҳад ба бахши масрафи ҳазинаҳои ин тарҳ равшанӣ андозад.
Тарҳи мазкур дар соли 2006 аз сӯи Бонки осиёии рушд ба тасвиб расида буд. Эҳдоси хатти баландшиддати 220 кВт-ии барқ метавонад шабакаҳои барқи Тоҷикистонро бо шабакаҳои барқи Қундуз, Бағлон ва Пули Хумрии Афғонистон пайваст кунад.
Ба эътиқоди мутахассисон, ин тарҳ ба навсозии шабакаҳои барқи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард ва ба Тоҷикистон имкон хоҳад дод, ки дар фасли зимистон талафоти барқро коҳиш дода, нерӯи барқи иловагиро ба даст биёрад.
Ҳазинаҳои ин тарҳ бештар аз 103 миллион долларро ташкил медиҳад ва он аз сӯи Бонки осиёии рушд, Бунёдт ОПЕК, Бонки рушди исломӣ, Бунёди навсозии Афғонистон ва Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад шуд.