Люк Мойерс - намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи фаъолиятҳои молии ширкатҳои азими давлатӣ барои эҳёи эътимод ба ҳукумати Тоҷикистон муҳим аст. Зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, Люк Мойерс гуфт, таъмини шафофият дар фаъолиятҳои молии ширкатҳои давлатӣ аз қабили корхонаи "Талко" ва "Барқи Тоҷик" аз шартҳои асосӣ барои идомаи сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аз тарафи Сандуқи Байналмилалии Пул хоҳад буд.
Қазияи гузоштани иттилоъоти нодуруст дар ихтиёри ин созмон дар солҳои гузашта ба гуфтаи мақомоти Сандуқи Байналмилалии Пул сабаби коҳиши обрӯи ҳукумати Тоҷикистон дар назди сармоягузорони эҳтимолӣ шуд.
Бар асоси барномаи ҳамкорӣ бо Сандуқи Байналмилалии Пул ҳукумати Тоҷикистон ваъда додааст, ки фаъолияти бузургтарин корхонаҳои давлатӣ, ки ба гуфтаи гузориши МВФ сабаби талафоти сарватҳои азими миллӣ шудаанд, аз тарафи ширкатҳои обрӯманди хориҷӣ аудит ва ё таҳқиқ шавад. Дар гузориш ҳамчунин мехонем, ки ду ширкати бузург “Барқи Тоҷик” ва “Талко” метавонанд, манбаъи азими фоидаҳои пинҳоншуда бошанд. Ин даромадҳои пинҳонӣ чӣ қадар буда метавонанд, масалан метавон садҳо миллион доллар гуфт?
- Дар ин марҳила доир ба ҳаҷми он фоидаҳо сӯҳбат кардан мушкил аст, чаро ки аввал бояд аудит сурат бигирад. Шумо огаҳ ҳастед, ки корхонаи “Талко” ҳоло дар муомилот низоми “толлинг”- ро истифода мебарад. Низоми “толлинг” бад ин маънист, ки «Талко» дар Тоҷикистон барои алюминийи тавлидкардаи худ назар ба баҳои алюминий дар бозори ҷаҳонӣ пули ниҳоят камтар мегирад. Ва ширкати толлингӣ, ки ширкати офшорӣ буда ва дар Тоҷикистон нест, қимати бозори ҷаҳониро ба даст меорад. Ҳамингуна “Талко” ва Тоҷикистон аз қимати аслии алюминийум дар бозори ҷаҳонӣ фоида ба даст намеоранд. Ин ҳамчунин маънии онро дорад, ки агар ширкати “Талко” метавонист, баҳои аслии алюминиум дар бозорро бигирад, молиёт ва ё андозе, ки хеле бештар мебуд. Ин як масъала аст.
Дар робита ба ширкати “Барқи Тоҷик”, ки бо "Талко" иртиботи наздик дорад.
Чун Талко азимтарин истифодабарандаи нерӯи барқ дар кишвар аст ва "Барқи Тоҷик" онро бо нерӯи барқ таъмин мекунад инҷо масъалаи қиматгузории нерӯи барқ барои корхонаи "Талко" вуҷуд дорад, ки нерӯи барқро бо баҳои мутафовит аз дигар корхонаҳо мегирад. Ҳамингуна касе наметавонад, доир ба ҳаҷми манобеъи фоида тахмин кунад, зеро дар ин марҳила бояд аввал аудит сурат бигирад.
- Воқеан "Барқи Тоҷик" нерӯи барқро нисбат ба корхонаҳои хурду бузурги дигар ба корхонаи Талко арзонтар мефурушад. Шумо ҷаноби Мойерс шумо интизор доред, ки ҳукумат дар масъалаи аудити ин корхонаҳо бо шумо ҳамкории комил хоҳад кард?
- Бале ман интизор дорам. Мутаасифона мо шоҳиди қазияи дар ихтиёри Сандуқи Байналмилалии Пул гузоштани иттилоъоти нодуруст шудем, вале дар воқеъ баъд аз он шоҳиди ҳамкории комили ҳукумат шудем. Ҳамчунин тааҳуди иҷрои барномаи ҳамкорӣ бо Сандуқи Байналмилалии Пул, ки барномаи осоне нест аз ҷумла аудити Талко, Барқи Тоҷик ва Бонки Миллӣ як чизи мусбате барои ин кишвар аст ва нишон медиҳад, ки ҳукумат иродаи ҷиддӣ дорад.
- Аммо дар сурати ошкор шудани хатокориҳои дигар дар ҷараёни аудити ин муассисаҳо қадами баъдӣ чӣ хоҳад буд?
- Хуб ин як суоли фарзӣ аст ва ман намехоҳам доир ба натиҷаҳои аудит пешакӣ ҳарф занам, вале возеҳ аст, ки баъд аз аудит тавсияҳо дода хоҳанд шуд. Ва онҳо ба хотири шафофияти бештар дар фаъолияти молии корхонаҳои давлатӣ, аз қабили Барқи Тоҷик, Талко ва ҳамчунин Бонки Миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Бо анҷоми такмили барнома, анҷоми муваффақонаи барнома, баъдан умедворам соли оянда, авоили соли оянда доир ба барномаи нави ҳамкорӣ сӯҳбат хоҳем кард, аз ҷумла барномаи сармоягузорӣ ба Тоҷикистон, чун барномаи ҳозира маблағгузорӣ намешавад. Ва дар он барнома тавсияҳои аудиторҳо аз шароити аслӣ барои иҷро хоҳад буд.
- Ва суоли дигар ин аст, ки Бонки Миллии Тоҷикистон барои аудити фаъолияти худ барои созмонҳои обрӯманди хориҷӣ авоили моҳи июн озмун эълом карда буд ва бар асоси муқаррарот бояд ду ҳафта баъд, ширкате, ки Бонки Миллиро тафтиш мекунад, эълом мешуд, аммо вақти тайиншуда сипарӣ шуд, вале то ҳол хабаре дар ин бора дар даст нест?
- Ин дуруст аст, вале онҳо замони супурдани ҳуҷҷатҳо ба озмунро тамдид карданд. Бонки Миллӣ ҳоло бо мушовироне кор мекунад, ки дар таҳия ва интихоби аудитор кӯмак мерасонанд ва ин сабаби таъхири кӯтоҳ дар эъломи баррандаи озмун шуд. Ва онҳо ҳоло интихоби аудиторро ниҳоӣ мекунанд. Воқеан шумо дуруст мегӯед, ки дар ин амр таъхир шудааст, вале меарзад, каме таъхир кард, зеро мушовирон ба Бонки Миллӣ тавсияҳои хуб медиҳанд ва ин шеваи интихоби аудиторро беҳтар хоҳад кард.
- Аз замони қазияи ишфои қазияи дар ихтиёри Сандуқи Байналмилалии Пул гузоштани иттилоъоти нодуруст тақрибан ним сол гузашт ва дар он замон мақомоти созмони шумо гуфта буданд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд сахт кӯшиш кунад, то эътимоди сармоягузорон ба худро аз нав ба даст биёрад. То ин замон эҳсос кардед, ки воқеан ҳукумат барои ин кор саъй мекунад ва ба гуфтаҳояш барои иҷрои барнома бо Сандуқи Байналмилалии Пул содиқ аст.
- Ин ки онҳо аҳд додаанд, ки барномаи мазкурро иҷро мекунанд қадами ниҳоят мусбат аст, чун ин барномаи осон нест ва тадобире, ки бояд амалӣ шаванд мушкил мебошанд. Тамоми донорҳо низ шоҳиди ин ҳастанд ва ман кишварҳои донорро дар ҷараён гузоштаам ва онҳо низ ба ҳамин назаранд, ки ҳукумат ин корро ҷиддӣ гирифтааст. Ва иҷрои барнома ҳам чанде пеш оғоз шуд, аз аввали моҳи июн ва то кунун барнома рӯи хати худ ҳаракат мекунад, пешрафтҳои муқаддамотӣ ҳосилшуда барои иҷрои барнома низ хуб аст ва ман дар аҳди ҳукумат барои иҷрои ин барнома шубҳае надорам. Барнома ва иҷрои он як бахши муҳим барои эҳёи эътимод ба кишвар аст.