Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи имсолаи маҳдудияти интиқоли барқ


Вазири энержии Тоҷикистон гуфтааст, тавлиди барқ коҳиш ёфтааст ва баъд аз 9 сентябр интиқоли барқ маҳдуд мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба Узбакистон ва Қирғизистон барқро дар ивази қарзи гирифтаи худ дар зимистони гузашта интиқол медиҳад. Ин иттилоъро Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноъати Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ эълом кард.

Тавлиди барқ дар Тоҷикистон дар 6 моҳи ахир дар қиёс ба соли соли гузашта 16 дар сад коҳиш ёфтааст ва маҳдудияти додани барқ баъд аз 9 сентябр шурӯъ мешавад.

Шералӣ Гул афзуд, Тоҷикистон ҳар рӯз то 64 милион киловат соат барқ тавлид мекунад, ки 12 милион киловат соат барқ ба Ӯзбакистон ва 1 милион килват соат барқ ба Қирғизистон интиқол дода мешавад. Оқои Гул мегӯяд, ба далели камобӣ ва захоири бештар маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аз 9 сентябр соли равон шурӯъ мешавад. Оғои Гул дар ин бора чунин тавзеҳ дод: «Бино ба оморҳо ва чуноне ки шумо медонед, дар кӯҳҳо имсол барф кам боридааст ва бино ба таҳқиқоти коршиносон ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мо бояд обро захира кунем. Маҳдудияти барқ бо фармони рақбарияти кишвар баъд 9 сентябр шурӯъ мешавад. Ва мо бояд дар моҳи сентябр ва октябр, ки гарм аст обро захира кунем».

Дар ҳамин ҳол Шералӣ Гул зимни суханронии худ гуфт, вазъи энержии кишвар дар қиёс ба соли гузашта беҳтар аст. Вай гуфт, қарор аст, то охири сол 4 агрегати ниругоҳи барқи обии «Сангтуда-1»-ро ба роҳ биандозем. Дар ҳоли ҳозир 2 агрегати «Сангтуда-1» фаъол аст ва ин ду агрегат низ бо тамоми тавоноии худ кор намекунад.

Шералӣ Гул ҳамчунин афзуд, давлати Тоҷикистон бо кишварҳо ва ширкатҳои мухталиф гуфтугӯҳо дар бораи сохти ниругоҳҳои нави барқи обӣ анҷом медиҳад.

Шералӣ Гул вазири энержи ва саноии Тоҷикистон гуфт, аз авали сол то имрӯз дар Тоҷикистон 13 ниругоҳи барқи обии хурд ба истифода дода шудааст. Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир боз сохтмони 29 ниругоҳи барқи обии хурд идома дорад.

XS
SM
MD
LG