Ин ҳам дар ҳолест, ки то ҳанӯз бебарқиҳои комил дар бештари деҳоти водии Рашт ҳукумфармост.
Ба гуфтаи Мирзомаҳмуд, яке аз дастандаркорони бунёди ин нерӯгоҳ, нерӯгоҳи мазкур тавоноии тавлиди 36 КВт барқ дар як соатро доштааст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҷиҳати сохтмони ин нерӯгоҳ ҳар як хонаводаи ин русто 510 сомонӣ (ҳудудан 150 доллари америкоӣ) пардохт намудааст. Як ҳайъати мутахассисини ширкати Барқи точик, ки аз маҳалли ин нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дидор карданд, гуфтаанд, ки мешавад бо маблағгузории ин ширкат ва такмили ин нерӯгоҳ боз 3 деҳаи дигари ин мавзеъро бо барқ таъмин кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки соҳибназарон мегӯянд бо вуҷуди саршор аз рӯдхонаҳои кӯҳӣ будани водии Рашт то ҳанӯз дар бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ин навоҳӣ ва ниҳодҳои масъули энержии кишвар кори чашмрасе ба анҷом нарасидааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи тавофуқи ҳосилшуда як ширкати эронӣ мебоист дар охири соли гузашта бунёди 5 нерӯгоҳи хурди барқиро бо тавоноии то 1000 КВт дар навоҳии Рашт шурӯъ мекард, ки то ба имрӯз бо сабабҳои номаълум оғоз ба кор накардааст.