Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондон Саъдуллоевро ба шоҳидӣ мехонад


Ҳамакнун вазъи сиҳҳати раиси "Ориёнбонк" Ҳасан Асадуллозода, дар сатҳи байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар мурофиаи додгоҳии моҳи ҷорӣ дар Лондон Додгоҳи адлияи шоҳигарии Бритониё, ки машғули баррасии шикояти ширкати "Талко"-и Тоҷикистон зидди корхонаи "Ансол"-и Аваз Назаров мебошад, қозӣ Томлинсон суол кард: оё шоҳиди аслии ин қазияҳо Ҳасан Асадуллозода (Саъдуллоев) зиндаву саломат аст ва ё хайр?

Моҳи май дар бархе расонаҳои интернетӣ хабарҳое ба нашр расид, ки мегуфт, оқои Асадуллозода дар натиҷаи як хархашаи оилавӣ гӯё аз ҷониби яке аз фарзандони раиси ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидааст. То ҳол ин хабарҳоро мақомоти "Ориёнбонк" такзиб карда, бархе расонаҳои марбут ба давлат ба таври мустақим ва ғайримустақим ба зиндаву сари кор будани вай ишора кардаанд.

Ҷон Ҳелмер, хабарнигори амрикоӣ, ки аз қазияҳои додгоҳии ширкати алюминии Тоҷикистон дар Лондон мушоҳида ва матолиби зиёдашро дар ин замина дар сомонаи интернетии «Asia Times» нашр мекунад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи дар сатҳи додгоҳ баррасӣ шудани мавзӯи оқои Асадуллозода гуфт:

"Он чи ки дар марофиаи додгоҳии ахир рӯй дод, ин буд, ки қозӣ аз вакилони мудофеъ суол кард, ки мурда ё зинда будани оқои Саъдуллоевро тасдиқ кунанд. Инчунин бигӯянд, ки оё ӯ тавони додани баёнотро дар додгоҳ дорад ё на. Вай тибқи қоидаҳои додгоҳ, ӯ муваззаф аст, ки чун шоҳид баёнот диҳад. То имрӯз вай аллакай як бор баёнот додааст ва акнун бояд бори дуюм дар муқобили Аваз Назаров посух диҳад. Агар вай баёнот надиҳад ва ё додани шаҳодатро рад кунад, ва ҳатто дар сурате, ки вай тавони додани баёнотро надошта бошад, пас ҷониби оқои Назаров метавонад тақозо кунад, ки ин парванда баста шавад. Далел ин аст, ки «Talko» низоми ҳуқуқии додгоҳи Инглистонро поймол кардааст. Илова ба ин, додгоҳ ин масъаларо баррасӣ дорад, ки кулли шаҳодати марбут ба «Talko management» дар компютер поккорӣ шуда, ҳама шаҳодатҳо нобуд шудааст".

Феълан дар додгоҳи Лондон қазияи дуюми марбут ба ширкати алюминии Тоҷикистон баррасӣ мешавад, ки бо шикояти ҳукумати ин кишвар алайҳи ширкати "Ансол" се соли пеш шурӯъ шудааст. То имрӯз ин қазияи пурсару садо барои ҳукумати Тоҷикистон, ки дар додгоҳ аз манофеи он ширкати ҳуқуқии «Herbert Smith» ҳимоят мекунад, беш аз 126 миллион долларро ташкил додааст. Ва ба эҳтимоли ғолиб, қисмати аслии ин маблағ - яъне 120 миллион долларро ҳукумати Тоҷикистон аллакай пардохт кардааст. Оқои Ҳелмер афзуд, ки барои ҳар моҳи кораш ин ширкат аз Тоҷикистон беш аз 3 миллион доллар тақозо мекунад.

Ҷон Ҳелмер афзуд, "ин қазия таваҷҷӯҳи байнулмилалиро ҷалб кард, чунки Раҳмон ҳар моҳ беш аз се миллион доллар маблағро дар қазияҳои додгоҳӣ масраф мекунад ва аз ҳамин хотир, ин гаронтарин мурофиаи додгоҳии ширкатҳои хориҷӣ дар Инглистон маҳсуб мешавад".

Дар мурофиаи додгоҳии моҳи ҷорӣ қозӣ ба Ҳасан Асадуллозода то 4 июл фурсат додааст, ки дар баробари додгоҳ ҳозир шавад, вагарна ин қазия баста хоҳад шуд. Аммо оё додгоҳ посух ба кадом саволҳоро мехоҳад аз забони ӯ бишнавад. Хабарнигор Ҳелмер гуфт: "Вай бояд ба саволҳое ҷавоб диҳад, ки оё аз рӯи маълумоти вай даромади нақд аз фурӯши алюминиум, ки ҳоло солона ба беш аз 1,3 миллиард доллар расидааст, ба куҷо меравад. Он чи ки ҳоло мушаххас аст, ин аст, ки корхонаи алюминиуми Тоҷикистон бо як қатор ширкатҳои оффшор дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё қарордодҳо бастааст ва оқои Саъдуллоев бо ин ширкатҳо вобаста мебошад. Вай бояд ба ин саволҳо посух диҳад. Яке аз ин ширкатҳо «CDH», дигараш – «Talko management limited» ва охирӣ «Talko service» мебошанд. Ин ширкатҳо чун шарикони стратегии корхонаи алюминиум ёд мешаванд, ҳамонтавре ки дар сомонаи интернетии он зикр шудааст".

Ҷон Ҳелмер афзуд, баррасиҳои додгоҳӣ маълум кардааст, ки ҳисобу китобҳои даромад аз фурӯши алюминиум дар хориҷа нишон медиҳад, ки дар миёни ин ширкатҳои оффшор ва як ширкати норвежии муттафиқи ҳукумати Тоҷикистон Hydro тафовуте дар муҳосибот ба чашм мерасад ва ҳоло додгоҳ мехоҳад муайян кунад, ки маблағҳои дар ин байн нопадидшуда дар куҷо ҷамъ мешавад. Яъне суол ин аст, ки аз маблағҳои нопадидшуда чӣ касе манфиат мебардорад.

Дар сурати дар додгоҳ ҳозир нашудани оқои Асадуллозода, мегӯяд хабарнигор, тибқи қонунҳои низоми додгустарии Инглистон, ҷаноби Назаров ҳақ хоҳад дошт, ки аз додгоҳ тақозои баста шудани ин қазияро бо далели ироаи маълумоти дурӯғин аз ҷониби Talko даъво пеш орад. Аз ин хотир, мегӯяд Ҷон Ҳелмер, ҳукумати Тоҷикистон муваззаф аст, ки намояндаи баландмақоми худро ба додгоҳ фиристад.

Вай мегӯяд, дар сурати зиндаву саломат будани оқои Асадуллозода боз ҳам ҳузури вай дар додгоҳ ба манфиати ҷониби даъвогар нест, аз ин хотир, ки дар мурофиаи додгоҳие, ки дар он инчунин шоҳиди тарафи муқобил иштирок мекунад, эҳтимол дорад, баёноти аз ҳақиқат дур ва бепояву асос пахш шавад. Дар натиҷа, пахши маълумоти ғайривоқеӣ дар додгоҳ метавонад пеш аз ҳама барои "Ориёнбонк" ва раҳбари он паёмадҳои нохуб дошта бошад. Ҳелмер гуфт, ки аз як тараф ҳоло ба манфиати Тоҷикистон аст, ки оқои Асадуллозода хомӯширо ихтиёр карда дар додгоҳ иштирок накунад ва ҳамингуна дар мазҳари ом ҳам пайдо нашавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳайати мудофеаи корхонаи алюминиум дар додгоҳ баёнот дода гуфтааст, ки намояндаи худро баъди ин сару садоҳо ба Тоҷикистон фиристода ва хабари зиндаву саломат будани оқои Асадуллозодаро овардааст. Дар ин бора Ҷон Ҳелмер гуфт: "Вакиле аз Лондон ба Тоҷикистон фиристода шуд ва ӯ тахмин кардааст, ки оқои Саъдуллоев зиндаву саломат аст. Бо вуҷуди ин, ин маълумот дар додгоҳ ба чунин тарз ифода шуд: қозӣ хеле мушаххас аз вакил пурсид, ки "Оё оқои Саъдуллоев зинда аст? Шумо собит карда метавонед, ки вай қурбони кадом садамае шудааст ва ё озори ҷисмонӣ дидааст?". Посух номушаххас ва норӯшан буд. Посух чунин буд: "Вай на аз дасти писари президент тир хӯрдааст". Баъди чунин ҷавоб тахминҳое пеш меояд, ки вай аз дасти каси дигар метавонист тир хӯрад ва ё вай шадидан мариз аст. Ва баъди ин дар додгоҳ муҳокимаҳо шурӯъ шуд, ки оё вай зиндаву саломат аст ё на ва ин як чизи мантиқӣ ҳам ҳаст".

Дар ҳамин ҳол дар Душанбе, ҳамонтавре ки аз оғоз мақомоти "Ориёнбонк" аз зиндаву саломат будани Ҳасан Асадуллозода изҳорот пахш кардаанд, ин навбат низ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ муовини аввали раиси ин бонк Умед Давлатзода ин мавқеи худро такрор кард. Вай гуфт: «Ман рости гап дар мавриди ин қазия ҳеҷ иттилоъ надорам. Маъзарат мехоҳам ки ягон гапи аниқ ва мушаххас гуфта наметавонам дар мавриди иштирок кардан ё ки зарурати иштирок кардани оқои Асадуллозода. Аммо дар мавриди сиҳатиашон - он кас сиҳати комил астанд. Вале бар ҳар сурат алъон, дар ҳоли ҳозир ман наметавонам, ки ба саволи шумо посух диҳам».

Дар ҳамин ҳол, хабарнигор Ҷон Ҳелмер мегӯяд, қазияе, ки барои ҳар моҳи он аз ҳукумати Тоҷикистон пардохти беш аз се миллион долларро тақозо мекунад, наметавонад мояи нигаронии ҷониби даъвогар набошад. Ва эҳтимолан, Душанбе аллакай пушаймон шудааст, ки чархи ин мурофиаҳои амиқу тӯлониро ба кор андохта ҳамакнун маҷбур аст ҳар моҳ маблағҳои бузургро пардохт кунад.

"Дарки ин воқеият хеле осон аст, ки ба эҳтимоли зиёд оқои Раҳмон ва муттафиқони ӯ фикр карданд, ки низоми додгустарии Инглистон шабеҳи он низомест, ки онҳо дар Душанбе идора мекунанд. Яъне онҳо ба додгоҳ амр медиҳанду вай ба муқобили ҳадаф ҳукм мебарорад. Яъне шумо натиҷаи ин додгоҳро аз пеш фармоиш хоҳед дод ва аз натиҷаҳои он дилпур хоҳед шуд. Аммо дар мисоли додгоҳи Инглистон оқои Раҳмон ва муттафиқони ӯ ба як иштибоҳи ҷиддӣ роҳ доданд. Онҳо худро ба додгоҳ кашонданд. Ва ҳоло онҳо ҳайронанд, ки чӣ гуна ба ин мурофиа хотима диҳанд. Онҳо барои хатми кори додгоҳ ба кӯмак ниёз доранд, аммо намедоданд, ки чӣ тавр ин корро анҷом диҳанд".

Вай мегӯяд, қимати хатми ин додгоҳ барои хонаводаи Раҳмон маънои аз даст додани даромад аз корхонаи алюминиумро дорад. Ҷон Ҳелмер афзуд, ки аз сӯи дигар, масъалаи баста шудани ин қазияи додгоҳӣ шояд ба манфиати бархе дигар аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон набошад, чунки онҳо ҳар руз бештар сарватманд мешаванд. Вай афзуд:

"Онҳо дар ҷамъоварии бештари сарват нақшаҳои дарозмуддат надоранд. Ба назари ман, дар хонаводаи Раҳмон ва дар маъмурияти вай хуб мефаҳманд, ки як роҳ барои бастани ин қазия, ки арзишаш 4-5 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, дар чашми ҷомеа мизони баланди ришватро ошкор мекунад, беш аз як шармандагӣ аст. Ин қазия мавқеи Тоҷикистонро дар баробари Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул, Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд таҳти хатар қарор медиҳад. Он бояд хотима дода шавад. Аммо бо кадом роҳ? Ба фикри ман ин ду нафар - Саъдуллоев ва Раҳмон наметавонанд ба тавофуқе дар ин замина даст ёбанд ва ҷаноби Саъдуллоев бояд хомӯширо ихтиёр кунад".

Бо назардошти ин моҷароҳо, мегӯяд таҳлилгар Ҷон Ҳелмер, Тоҷикистонро зимистони сарду шадиди дигаре дар пеш аст ва мардум шоҳиди бӯҳрони дигарбораи қудрат хоҳанд шуд. Чунки маблағҳое, ки бояд барои беҳбудсозии вазъи иҷтимоии мардум равона шавад, ба ин тарз нобуд ва беҳуда талаф мешавад.

XS
SM
MD
LG