Сафири Тоҷикистон дар Олмон дар робита ба ин мавзуъ зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, раиси «Ориёнбонк» дар ягон беморхонаи олмонӣ бистарӣ нест ва чунин хабарҳо ҷуз овоза беш нестанд. Ба гуфтаи ӯ, Ҳасан Асадуллозода (Саъдуллоев) ягон ҷароҳате набардоштааст ва сиҳату саломат дар Душанбе ба сар мебарад.
Қаблан иддае аз расонаҳои интернетии Русия ва Узбакистон, аз ҷумла «Фергана.ру», «Оазис», «Узметроном», иттилоъ пахш карданд, ки Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», дар натиҷаи як муноқиша дар ноҳияи Ёвон аз таппонча тир хурда, сахт захмӣ шудааст ва барои муолиҷа фавран ба Олмон интиқол дода шудааст. Сомонаи русии «Фергана.ру» ҳамчунин иттилоъ додааст, ки гуиё Ҳасан Асадуллозода бар асари захми шадид дар беморхонаи Олмон ҷон додааст.
Ҳамин тавр мақомоти давлати Тоҷикистон хабари захмӣ шудани раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозодаро такзиб намуда, ба миён омадани ҳамчунин овозаҳоро дар бораи ӯ як амали боғараз меҳисобанд.