Дар ҳоле ки бахши аъзами расонаҳои хабарии Русия ба нақл аз манобеъи Тоҷикистон задухурд дар Кӯлобро мубориза бо маводи мухаддир арёбӣ кардаанд, коршиноси Бунёди Карнегии Маскав Алексей Малашенко мегуяд, «ҳодисаи Кӯлоб дар чаҳорчуби мубориза бо маводи мухаддир намеғунҷад. Ин задухурд нишонаи муборизаи шадиди байни кланҳо ва ҳам аломати он аст, ки Э. Раҳмон дигар тавонои идора кардани онҳоро надорад».
Алексей Малашенко афзуд, ин ҳодиса барои президент Раҳмон пайомади нохуш дорад. Зеро ин рӯйдод заъфияти вайро нишон медиҳад ва он ҳам пеш аз ҳама дар чашми Русия ва Узбакистон. Таҳлилгар мегуяд, Маскав бо вуҷуди муносибати духураи Душанбе Э.Раҳмонро муттаҳиди худ медонад, вале Русия ахиран хостори ҳамкорӣ бо лидерҳои қавист. Эмомалӣ Раҳмон чунин кӯмакро аз Тошкант ҳам дигар интизор буда наметавонад.
Донишманд тавзеҳ кард, ки рӯз аз рӯз бештар равшан мешавад, ки дар Тоҷикистон таҳаввулот сар хоҳад зад ва ин таҳавулот ба зудӣ фаро мерасад.
Профессори ҷомеъашинос дар посух ба пурсише, ки ин таҳаввулот чи тавр сурат хоҳад гирифт, таъкид кард, вазъи шадиди иҷтимоъӣ метавонад сабаби мухолифати нави байни кланҳо шавад. Ё президент вазъиятро ба даст мегирад ва дарк мекунад, ки замони ислоҳоти бунёдӣ фаро расидааст, ва ё умедвор менишинад, ки зимистони оянда он чунон сард нахоҳад омад - гуфт Малашенко.
Сӯҳбати пурраи професор Малашенкоро рӯзномаи «Коммерсант» рӯзи сешанбе интишор кард. Рӯзномаи «Комерсант» ҳамзамон ду гузориши густурдаи дигар ҳам дар робита ба ҳодисаи Кӯлоб нашр кардааст. Дар ин ду гузориш ҳам дар бораи маводи мухаддир камтар, вале дар бораи бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон суҳбат бештар аст.
Рӯзномаи «Коммерсант» сиёсати интиқомҷуёнаи Раҳмонов дар қиболи собиқ ҷангсолорони Фронти халқӣ ва мухолифин, нооромӣ дар хонаводаи Раҳмон дар робита ба овозаи кушта шудани раиси Ориёнбанк Ҳасан Асадуллозода ва ҷанозаи пинҳонии вай, бемувафақиятии дипломатии Душанбе дар масъалаи ҳамкориҳои энерҷии Тоҷикистон бо Русия, Ирон ва Покистон, фақри афзояндаи мардумро баршумурда тавзеҳ кардааст, ки як нафар дар Тоҷикистон дар рӯз танҳо ду доллар метавонад масраф намояд.
«Комерсант» ҷанги Кулобро «набард бо соя» унвон карда, навиштааст, «мухолифати мусаллаҳонаи сарварони маҳаллӣ ва мақомоти марказӣ нишон дод, ки ҷаноби Раҳмон вазъ дар кишвари худро назорат карда наметавонад ва авзоъ дар ҳошияи бӯҳрони иқтисодӣ аз идора берун мешавад».
Ин дар ҳолест, ки Алексей Малашенко дар оғози сӯҳбати худ гуфтааст, ҳаёт ва сарнавишти Тоҷикистонро имрӯз ду омил муаяйн мекунад - обу ҳаво ва вазъи энерҷӣ. Фалокати иқтисодӣ ва башарие, ки сармои 20-дараҷаи зимистони имсола овард, бесалоҳиятии мақомоти Тоҷикистон дар ҳолатҳои бӯҳрониро бар таври аёнӣ намоиш дод.